Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:51

Корҳои ҷустӯҷӯӣ ва наҷотбахшӣ дар Ёвон идома дорад

13 июл 2011, 04:39

Ду сокини ҷамоати деҳоти «Норин»-и ноҳияи Ёвон, Ойдиб Қурбоноваи 47- сола ва Гулсевар Исмоиловаи 17- сола аснои обнӯшӣ аз шохоби рости дарёчаи «ПВМК»-и назди «Бунгоҳи пахтаи №4» ба коми наҳр фурӯ рафтаанд.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» Фаридун Азиммуродов, як корманди масъули кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ, барои дарёфт кардани ҷасади ғарқшудагон афсарону сарбозон ва мутахасисони зудамали ситоди вилояти Хатлон, намояндагони хадамоти мудофиаи шаҳрвандӣ ва нерӯҳои ғайринизомии ноҳия сафарбар гардиданд. Баъди корҳои ҷустуҷӯи нимаи дуюми рӯзи 12-уми июл майити  Ойдиб Қурбонова дарёфт гардида, ба наздиконаш супорида шуд. Амалиёти ҷустуҷӯӣ барои пайдо кардани Гулсевар Исмоилова идома дорад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!