Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:51

Боз як навори аз асп афтидани президент дар интернет (ВИДЕО)

22 май 2013, 12:17

Торнамои EurasiaNet.org навори нави аз асп сарозер шудани Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райисиҷумҳури Туркманистонро пахш кардааст.

Қаблан, расонаҳои хабарӣ аз тафтиши телефонҳои мобилӣ, ноутбук, дастгоҳҳои наворбардорӣ ва аккосӣ аз сӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти Туркманистон иттилоъ доданд. Гуфта мешуд, дар фурудгоҳи Ашқобод дастгоҳҳои рақамии мусофирон аз назар гузаронда мешавад, то навори афтидани президент берун аз кишвар наравад.

Видеои аз асп афтидани Бердимуҳаммадов дар ҳоле ба шабкаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки расонаҳои расмии Туркманистон аз аввалин шуда ба марра расидани ӯ дар мусобиқаи аспдавонӣ хабар доданд.

Ёдрас менамоем, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 28-уми апрели соли ҷорӣ дар мусобиқаи аспдавонӣ дар ҷашни бахшида ба “Аспи туркманӣ” ширкат карда, баъди чанд метри аз хати марра гузаштан, аз асп сарозер шуда, чанд лаҳза беҳаракат хобид. Вазирон ва кормандони хадамоти амниятии Бердимуҳаммадов зуд назди ӯ ҷамъ омада бо мошини «Ёрии таъҷилӣ» ба беморхонааш бурданд. Ба навиштаи расонаҳо тақрибан як соат тамоми иштирокчиёни мусобиқа дар ҷойҳои худ нишастанд ва касе дақиқ намедонист, ки райиси ҷумҳур зинда аст ё на.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!