Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон ба номаи саҳмдорони “Мовароуннаҳр” посух дод

Имрӯз, 22-юми май саҳҳомони ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” посухи мактуби худро, ки унвонии райиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ирсол карда буданд, дарёфт кардаанд.

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои саҳҳомони ҶДММ “Мовароуннаҳр” ба “Озодагон” гуфт, дар нома гуфта мешавад, ки “мактуби Шумо аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва барои ҳаматарафа омӯхта баромадан ва чораҷӯӣ ба мушовири давлатии президент оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов фиристода шуд”.

Дар ҳамин ҳол, Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, зерҳимояҳояш ҳамчунин дар як нома унвонии Шерхон Салимзода, прокурори генералии Тоҷикистон хостаанд, амали мақомоти тафтишотии додситонии кулро аз 11-уми ноябри соли 2010 оид ба манъ кардани гузаронидани амалиётҳои нотариалӣ ва бақайдгирии амволи саҳҳомон бекор намояд.

“Агар прокурори генералӣ дархости моро ба инобат гирад, зарурати гузаронидани гирдиҳамоӣ намемонад ва ситоди гирдиҳамоӣ расман аз рӯзи гирифтани мактуб оид ба беэътибор донистани мактуб дар мавриди қатъ намудани фаъолияти штаби гирдиҳамоӣ 3-юми июни соли 2013 ба тамоми сокинони кишвар маълумот медиҳем”,-афзуд номбурда.

Ин дар ҳолест, ки 20-уми майи соли равон мақомоти судӣ бо ҳалномаи суди ноҳияи Синои пойтахт 8 бинои ширкати “Мовароуннаҳ”-ро, ки қаблан дар хабс буданд, озод кард.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)