Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 07:21

“Равшан” талоши ба “Истиқлол” баробар шуданро дорад

22 май 2013, 14:58

“Равшан”-и Кӯлоб бо тими “Хайр”-и Ваҳдат вориди сабқат мешавад. Ин бозии мавқуфгузоштаи даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ буда соати 17:00-и имрӯз, рӯзи 22-юми май дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат шурӯъ мешавад.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки 6 бозӣ анҷом додааст, бо 18 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. “Равшан” то имрӯз ҳамагӣ 5 бозӣ анҷом дода ва бо 15 хол дар зинаи дуюм нишастааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода аз 6 бозӣ 13 имтиёз гирифта, ҷойи сеюмро ба худ ихтисос додааст. “Парвоз” ва “Хайр”, ки мутаносибан 10 (аз 7 бозӣ) ва 8 (5 бозӣ) имтиёзӣ доранд, дар зинаҳои чор ва панҷуми ҷадвали мусобиқаанд.

Голзанҳои беҳтарини сабқат инҳоянд: Дилшод Восиев (“Истиқлол”) -- 7 тӯб, Комил Саидов (“Регар-ТадАЗ”), Юҷин Сепуйя (“Истиқлол”) ва Нуъмонҷон Ҳакимов (“Равшан”) – 3 тӯбӣ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
равшан мо рабочиеи рубаруи стадион хастем ва хар руз тамринхои шумопл тамощо мекункр тавалло дорем аз худо ки бори дигар пояи бози мустахкам гардад ва чемпиони точикистон гардед.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!