Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:34

ВКД: Ҳудуди 5 килою 500 грамм маводи нашъадор мусодира гардид

13 июл 2011, 05:13

Кормандони вазорати корҳои дохила дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ ҳудуди 5-у ним кило маводи мухаддир дарёфту мусодира кардаанд.


Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ин ниҳод иттилоъ доданд, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз шаҳрванд Саидмузафар Муҳриддинов, аснои кофтукоби шахсӣ як адад халтаи селофанӣ мусодира гардид, ки дар дохилаш 2 килою 224 грамм маводи нашъадори навъи афюн дошт.Боздоштшуда сокини  кӯчаи  Крупская,  хонаи 23/1 буда, айни замон дар ягон ҷо кор намекардааст. Ҳамчунин, ба ҳамин ҳодиса монанд, дар ноҳияи Ҳисор  ҳангоми  гузаронидани чораҳои фаврии ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Акбар  Пиронов, сокини деҳаи Хуҷамусо, ҷамоати Деҳқонобод, Кароматулло  Муқимов истиқоматкунандаи кӯчаи  М.Ризо, хонаи 28,  Рустам Муродмаҳмадов, сокини кӯчаи М.Турсунзода, хонаи 24, Зуҳро  Иззатова, бошандаи ҷамоати М.Ризо, деҳаи  Хуҷилдиёр, Муҳаббат Низомова, сокини шаҳри  Турсунзода, маҳаллаи-2, хонаи 19а бо ҷурми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор бо миқдори гуногун боздошт гаштаанд.  
Дар ҳудуди фурудгоҳи шаҳри  Душанбе бошад, Сафовиддин Зубайдуллои Ҳайитзодаи 20- сола дастгир карда шуд, ки дар борхалтаи шахсиаш 956 грамм ҳероин дошт ва қасди интиқоли онро ба Русия мекард. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!