Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 01:17

“Тоҷик Эйр” 9-умин ширкати бадтарини ҷаҳон эълон шуд

23 май 2013, 11:23

Дар раддабандии 20 ширкати бадтарини ҷаҳон, ки нашрияи Business Insider тартиб додааст, ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон, “Тоҷик Эйр” зинаи 9-умро ишғол намудааст.

Ин нашрия, ки масоили тиҷориро баррасӣ мекунад, сатҳи хизматрасониро дар бахши “эконом класс”, бароҳатии нишастгоҳҳо, дилхушиҳо зимни парвоз, тозагии саҳни тайёраҳо, сифати ғизо ва вокуниши мусофиронро ба хизматрасониҳо баҳогузорӣ намудааст. Инчунин аз раддабандии Skytrax, пажуҳишгоҳи маъруфи ҷаҳонӣ, ки ба таҳлили сатҳи хизматрасониҳои фурудгоҳу ширкатҳои ҳавоӣ машғул аст, кор бурда, ба муносибати масъулини “Тоҷик Эйр” бо муштариён аз 5 ситораи имконпазир 2 ситора (хол) додааст.

Business Insider ёдрас мекунад, ки охирин садамаи маргбор дар ширкати ҳавопаймоии тоҷик соли 1997 сар задааст, ки зимни он ҳамаи 79 мусофир ҷон бохтанд. Ҳамчунин зикр шудааст, ки соли 1993 ду садамаи дигар низ аз тарафи ҳавопаймоҳои тоҷик рух дода буд, ки ҷони 120 мусофирро рабуд.

Ба рӯйхати бадтарин ширкатҳои ҳавопаймоӣ инчунин ширкати ҳавопаймоии “Туркмеҳаволларӣ”-и Туркманистон ва “Узбекские авиалинии”-и Узбакистон ва ширкатҳо аз Русия ва Украина ворид гардидаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Расул

  • 23 май 2013 12:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарон ин сиёсати Сомон АИР буд.
Бо хар рох мехост ин ширкати Ватанй-Давлатиро бадном карда аз бозори кор барорад.
Ва нихоят бо хама камбудихои сунъи, ки пайваста ба ин ширкат раво медид, ана имруз боз мебинем, ки дар руйхати сиёх дохилаш намудааст.
Чанд пул додед ба ин расмия, ки Точик-АИРро бадном кард?
Бо тафовут аз Сомон - АИР, хама коргарони Точик - АИР шахрвандони Точикистон мебошанд. Инчунин садхо мутахасисонро хононда истодааст. Ва он шароите, ки Сомон АИР ба худ "фарохам" оварда аст, дар ширкати Ватанй дида намешавад. 90% - и коргарони асосиаш - лётчикхо, инженерхо, бортмеханикхо...хама турку арабу русанд.
Хама Тайёрахои Нав аз пули Рогун ба дар ихтиёри Сомон - АИР мебошанд.
Озодагон хакикатро нашр кунед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй кош, ки ин чиз барои масъулону кормандони ширкати хавопаймои ва хам кормандони фурудгоххои Точикистон сабак мегашт.
Посух додан
  • Yaman

  • 20 сентябр 2015 14:28
  • Гуруҳ: Посетители
  • Қайд: 2.08.2015
  • Мақом: Пользователь offline
  • Шарҳҳо: 68
  • Матлаб: 0
тачикАйртрб

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!