Бахшҳо
23 май 2013 12:01Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Натиҷаҳои нишасти 38-уми Шӯрои мудирони БИР

Вохӯрии 38-уми Шўрои мудирони Бонки исломии рушд дар шаҳри Душанбе, рӯзи 22-юми май, бо қарор дар бораи се маротиба зиёд намудани сармояи оинномавии ин бонк анҷом ёфт.

Тавре аз Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ин нишаст Шӯрои мудирони бонки мазкур дар бораи се баробар, яъне аз ҳаҷми қаблии 30 миллиард динор то ба ҳаҷми 100 миллиард динори исломӣ (тахминан 150 миллиард доллари ИМА) афзоиш додани сармояи оинномавӣ, қарор қабул карданд.

Доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ, президени гурӯҳи Бонки исломии рушд зимни хатми ҷаласа иброз доштааст, ки принсипи бонкдории исломӣ аз санҷиши вақт гузашт ва таваҷҷӯҳи мо ба сармояи ширкатӣ, барои бо ҳам дидани хатар ва ҳамкорӣ ба системаи молиявӣ таҳким бахшида, ба мо имкон медиҳад, ки мардумони мо аз вартаи камбизоатӣ бароварда шаванд.
Инчунин ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ ҳамраиси хазина Бил Гейтс, мудири ширкати Майкрасофт ва аз доротарин одамҳои ҷаҳон тавассути навори видеоие, ки дар вохӯрии Душанбе пахш карда шуд, гуфтааст, тандурустӣ ва кишоварзӣ пояҳои асосии аз вартаи камбизоатӣ баровардани мардум мебошад.

Номбурда бо ишора ба дурандешии сиёсати Бонки исломии рушд илова намудааст, ки бо шарофати кушодадастии шумо мо ҳаёти бисёр одамонро дар мамлакатҳои исломӣ наҷот медиҳем.

Кумитаи сармоягузорӣ ва идовари амволи давлатӣ мегӯяд, Бонк исломии рушд ҳамкорони навро барои такрор намудани маблағгузорӣ таҳти унвонии “бурди сегона” ҷалб карда истодааст ва умедвор аст, ки ҳаҷми сармояи мавҷударо барои лоиҳаҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, ғизогирӣ, маориф, энергетика, инфрасохтор ва иқлим зиёд гардонад.

Дар рафти вохӯрии солона шӯрои мудирон аз кишварҳои аъзои худ дархост кард, ки ӯҳдадориҳои худро оид ба сармоягузорӣ намудани 5,4 миллиард доллари ИМА ба сармояи нави Бонк иҷро намоянд.

Арабистони Саудӣ бо ҳиссаи 23,6% саҳми аз ҳама калони соҳибии Бонкро дорад. Сардафтари Бонк дар шаҳри Ҷидда ҷойгир буда, саҳмдорони калони дигар - Ливия бо 9,5%, Эрон бо 8,3%, Нигерия бо 7,7% ва Аморати Муттаҳидаи Араб бо 7,5% мебошанд. Чор саҳмдорони калони дигар Қатар (7,2%), Мисри Араб (7,1%), Туркия (6,5%) ва Қувайт (5,5%) мебошанд.

Нишасти Шўрои мудирони Бонки Исломии Рушд дар Душанбе 18-уми май бо ҳузури беш аз 740 меҳмони воломақом аз 80 кишвари дунё оғоз гардида рӯзи 22-юми май анҷом ёфт.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)