Бахшҳо

Парешонгуфтае дар парешонӣ: Ҷомеаи мо дучори сардаргумист

Гаронии арзиши чипта (билет)-и ҳавопаймо иҷоза надод, ки аз гармои тоқатшикани Ҳиндустон халосӣ ёбаму таътилро дар канори наздикону пайвандон хуш гузаронам.

Дӯсте аз Туркманистон мегӯяд, соли гузашта бо 500 доллар харҷи рафтуомадашро пӯшондааст ва имсол ҳам умед бар он дорад, ки тағйироти бузурге нахоҳад шуд. Бале, аз Ватану давлатмардонашон умед доранд ва бар хилофи ман умед дар дилашон намурдааст.

Моҳе қабл сафири Афғонистон омаду бо донишҷӯёни вохӯрие доир кард ва онҳое, ки дар таҳсил пешдастанду ба қавли худашон “нумраи хуб” доранд, аз ҷониби сафир қадрдонӣ ҳам шуданд. Ин саҳнаро дида, дар зеҳнам суоле пайдо шуд, ки оё сафорати кишварам, ҳадди ақал, иттиллоъ дорад, ки чанд тан аз донишҷӯёни Тоҷикистон дар ин ҷо машғули таҳсил ҳастанд?!

Кунун нишастаам дар ғурбат ва бо тақозои риштаи таҳсилу фориғ аз дарс ҳар сари фурсат ба пойгоҳҳои хабарии Тоҷикистон сар мезанам. Мурур мекунаму хабарҳое дар пеши чашмам сабз мешаванд ва дилсардиву парешонҳолиро ба ҷой мегузоранд. Махсусан, хабарҳое аз қабили боздошти Зайд Саидов ва соири ахбори дигар, ки зеби як кишвари мардумсолор нестанд ва “ҳуқуқбунёд”-у “демократӣ” будани онро ба андозаи назаррас хадшадор мекунанду бӯйи як режими худкомаро ба машом меоранд. Хабарҳову матолиб аз “облава” ҳам зиёд нашр шуд, ки ин мавсим ба сари журналисту фарзанди журналист тохт ва ин боиси ба расонҳо рехтани он шуд. Ҳар кадомашон ба ҳар далеле аз чанги “облава” раҳоӣ ёфтанд. Дар ин миён фарзанди падарам буд, ки роҳат ба чанг афтоду бурдандаш барои адои “қарзи фарзандӣ”. Хуб, бошад ки баҳри Ватан хидмат кунад, вале чӣ хидмати арзандае ин Ватан барояш карда буд ва умед ҳам надорам шароити шоистае пас аз анҷоми сарбозияш фароҳам мешавад.

Чизи дигаре, ки нороҳатиро дар вуҷудам бармало мекунад, ин аст, ки хидмати ҳарбӣ танҳо барои фарзанди омӯзгору кишоварз фарз шудааст ва ин тамоюл адолатро дар кишвар зери по мекунад. Ба ҳеҷ ваҷҳ боварам намеояд, ки фарзанди мақомдоре ё ҳатто фарроши долонҳои ҳукумат, дар як саф бо бародарам истода бошаду ба фармони бовиқоронаи “ба чап гард!”-и афсаре тан диҳад. Бигзарем аз ин. Саломатиатро мехоҳам, бародарам! Бошад, ки аз газанди “дедовщина” дар амон бошиву саломат бозоӣ!

Ин андешаҳо тӯли чанд муддат мушаввашу озурдахотир нигоҳам медоштанд, ки дӯстони маҷозӣ хабареро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштанд, басо умедбахш. Чун як тасмими худҷӯш буд, аз ин хотир рӯйи ҳеҷ яке аз расонаҳоро надид. Гарчанд дар нигоҳи аввал як амалкарди назарногир ҷилва мекунад, вале дар асл корест бузургу сутуданӣ. Ва он ин аст, ки шуморе аз донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои шаҳри Бишкек, ба муносибати рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дастандаркори мизи мудаввари “Бадахшони оянда аз нигоҳи ҷавонон” шудаанд. Ин рӯйдод бо ҳадафи ҷалб кардани ҷавонон ба ҳалли қонунии мушкилот баргузор шудааст. Ҷавонон масоили мубрами рӯз, махсусан мушкилоте, ки бештар дар Бадахшон ба чашм мерасанд, ба баррасӣ гузоштаанд. Аз ҷумла, ба масоили мисли “Худкушии ҷавонон ва роҳҳои муқовимат”, “Роҳҳо ва усулҳои рушди забонҳои помирӣ”, “Рушди иқтисодӣ. Соҳибкорӣ”, “Мушкилоти огоҳии ҳуқуқӣ миёни мардум” таваҷҷӯҳи хоса зоҳир шудааст. Дар воқеъ, масъалаҳои умда ва доғи рӯзро ба муҳокима гузоштаанд ва ин худ ҳокист, ки ин ҷавонон аз ҷомеаи худ ба хубӣ огоҳанд ва муҳимтар аз ҳама бетараф нестанд.

Аслан, насли ман дигар наметавонад нисбат бетафовут бошад, чун мебинем, ки вазъ дар ҷомеаи мо дучори сардаргумӣ аст. Умед ба ниҳодҳои давлатӣ камтар мондааст ва ин ҳушдор медиҳад, ки ҷавонон худ талош кунанд корҳои муфидеро ба анҷом расонанд. Фарзи мисол, чандин бор забоншиносони дохиливу хориҷӣ аз нобуд шудани забонҳои помирӣ бонги хатар заданд, вале кадом барномаи вижае дар ин росто рӯи даст омад ё хайр. Худкушии ҷавонон, яке аз дигар падидаҳои номатлубест, ки шӯрбахтона, солҳои ахир дар Бадахшон, рӯ афзоиш овардааст. Дар робита доираи равоншиносон ва дигар ниҳодҳои зирабтро мебояд ба як пажӯҳиши бузург даст зад,то далелҳои ин амал равшан шаванд.

Ман аз насли худ умед дорам. Насли ман насли ташаббус, насли ибтикор ва насли тасмим аст! Албатта, он қисмате, ки чанги муҳоҷират дар амон монд. Аз ин рӯ, аз Шумо, бузургсолтарҳо ва давлатмардон, тақозои онро дорем, ки моро дар ин роҳ ҳамроҳӣ кунед ва дасти ёрӣ диҳед.

Сайф САФАР,
барои “Озодагон”
Мӯҳр
Камол
Забони точики нест шудан дорад, ту дар бораи забонхои Помирй гап мезани бародар, умуман оиди бехтаркунии чойгохи танги забонхои форсй дар интернет икдоме намебинем.

Сайфи гироми!!! Агар шумо аз насли ташаббус хастед икдом бигиреду бо сафорати Точикистон дар иртибот ва рафтуо шавед. Чаро мунтазир менишинед, ки мисли сафири Афгонистон дар Дехли сафири Тчк наздатон ояд??????????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)