Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:54

Зариф Ализода ба "дидорбинӣ"-и Зайд Саидов рафт

23 май 2013, 18:00

Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Тоҷикистон, бо Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав, ки дар боздошт қарор дорад, ним соат мулоқот анҷом додааст.

Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, дар ин мулоқот, ки рӯзи 23 май сурат гирифт, омбудсмен Ализодаро се вакили мудофеи оқои Саидов ҳамроҳӣ доштанд. Ҷаноби Ализода дар сӯҳбат бо Зайд Саидов гуфтааст, ки бо тасмими худ ба пеши ӯ омада ва мехоҳад арзу шикояташро бишнавад.

Дар ин мулоқот, ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, шароити нигаҳдории раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав дар боздошт баррасӣ шудааст. “Зариф Ализода аз нафари таҳти ҳимояти мо пурсиданд, ки оё дар бораи вазъи нигаҳдорияш шикоят дорад, ё не. Нафари таҳти ҳимояти мо дар ин дидор бештар сари он сӯҳбат кард, ки бегуноҳ аст ва қазияи боздошти ӯ сиёсӣ мебошад”,-афзуд ин вакили мудофеъ.

Дар охири мулоқоти нимсоата бо Зайд Саидов омбудсмен Зариф Ализода гуфтааст, ки боз бо ӯ дар тамос мешавад ва агар арзу шикояте дорад, хоҳад шунид.

Зайд Саидов, яке аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон, рӯзи 19 майи соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз хориҷа боздошт шуд ва ахиран додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳам ҳукм кард, ки ӯ то ду моҳ дар боздошт ба сар хоҳад бурд. Ин боздошти оқои Саидов, ки аз соли 2002 то 2007 вазорати саноати Тоҷикистонро ӯҳда мекард, баъд аз он сурат гирифт, ки дар моҳи апрел эълон кард, Тоҷикистон нав, ҳизби нави сиёсиро асос хоҳад гузошт.

Ҳоло мақомот Зайд Саидовро дар тақаллуби 2 миллион сомонӣ ва чандҳамсарӣ, ки бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ғайриқонунист, муттаҳам мешуморанд ва алайҳи ӯ парванда боз шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Adolat

  • 23 май 2013 20:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
тамом - хаети як бизнесмени бакуввата шикастанд!
Посух додан
  • Миллат

  • 23 май 2013 21:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо кунад рузе хабари озод шудани Зайд Саидро аз сомонаи шумо хонем!Худовандо Зайдро нигахбон бош ва уро аз чанги золимон халос бигардон!Мардум дар хаки ин чавонмард ва фарзандони ба нангу номуси миллат дуо кунед!Худоё ба миллати ман ва чумла мусалмонони олам рахм кун чаро ки Ту бе нихоят рахим ва мехрубони!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!