Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:39

Наврасони Тоҷикистон нахустин бозии худро дар Баҳрайн мусовӣ анҷом доданд

24 май 2013, 10:23

Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16), дар як бозӣ бо дастаи наврасони Баҳрайн қувваозмоӣ карданд. Ин бозии дӯстона рӯзи 23-май дар варзишгоҳи “Ал-Муҳаррақ” бо ҳисоби 2:2 мусовӣ анҷом ёфт ва бозиро ҳамагӣ 50 нафар тамошо кардаанд.

Голи нахустинро дар ин дидор Рустам Толибов, бозигари дастаи Тоҷикистон дар дақиқаи 8-уми бозӣ аз ҷаримагоҳ (пиналтӣ) ба ҳадаф расонид. (0:1). Бозигарони дастаи мизбон Аҳмад ва Муҳаммад дар дақиқаҳои 12 ва 16-ум дар посух ба як голи меҳмонон ду гол заданд (2:1) нимаи аввали дидор бо ҳамин натиҷа анҷом ёфт. Дар дақиқаи 60-уми дидор Худойдод Узоқов, бозигари дастаи наврасони Тоҷикистон тӯбро ба дарвозаи мизбонон ворид намуда, ҳисоби бозиро баробар намуд. (2:2).
Дастаи наврасони Тоҷикистон дар ин бозӣ зери раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ -- Чикиши Сузуки баромад намуданд. Дастаи наврасони Тоҷикистон барои тамрин тӯли як ҳафта дар Баҳрайн мемонад.

Сузуки ба тими мазкур 18 бозигар, аз ҷумла 2 дарвозабон, 5 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро шомил кардааст.
Тими наврасони Тоҷикистон дар Баҳрайн боз як бозии санҷишӣ дигар анҷом дода, сипас ба Боку барои иштирок дар мусобиқаи байналхалқии “Ҷоми Каспий” сафар менамояд. Дар онҷо рақиби мунтахаби наврасони тоҷик дар даври пешакӣ тимҳои Уругвай (29 май) ва Ҷопон (30 май) хоҳад буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!