Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 05:27

Шикояти як шаҳрванди Вйетнам аз болои Зайд Саидов

24 май 2013, 10:45

Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, Хоанг Ван Хиеп -- як шаҳрванди Вйетнам алайҳи Зайд Саидов, вазири пешини саноат ва яке аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон, ки ҳоло дар боздошт аст, аризаи шикоятӣ додааст.

Ба қавли масъулони ин ниҳод, шаҳрванди Вйетнам дар аризаи шикоятии худ аз “ҳаракатҳои ғайриқонунии Зайд Саидов” ёдоварӣ намудааст. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи масъулон, бо ҳамин мазмун як шаҳрванди Тоҷикистон низ ба онҳо шикоят бурдааст.

Оҷонси мубориза бо фасод мегӯяд, рӯзи 23-юми майи соли 2013 аз натиҷаи баррасии аризаҳои мазкур нисбат ба Зайд Саидов бо банди «б» қисми 4 моддаи 247 (қаллобӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ ба миқдори махсусан калон), банди «б» қисми 4 моддаи 250 (тамаъҷӯӣ бо мақсади ба миқдори махсусан калон ба даст овардани молу мулк) ва қисми 3 моддаи 314 (сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуд.

Зайд Саидов, яке аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон, рӯзи 19 майи соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз хориҷа боздошт шуд ва ахиран додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳам ҳукм кард, ки ӯ то ду моҳ дар боздошт ба сар хоҳад бурд. Ин боздошти оқои Саидов, ки аз соли 2002 то 2007 вазорати саноати Тоҷикистонро ӯҳда мекард, баъд аз он сурат гирифт, ки дар моҳи апрел эълон кард, Тоҷикистон нав, ҳизби нави сиёсиро асос хоҳад гузошт.

Ҳоло мақомот Зайд Саидовро дар тақаллуби 2 миллион сомонӣ ва чандҳамсарӣ, ки бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ғайриқонунист, муттаҳам мешуморанд ва алайҳи ӯ парванда боз шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин чи шурест, ки дар даври камар мебинам. Макомоти хифзи хукуки точикистон барои ошкор намудани чинояти шахрвандони худ аз хоричиён истифода мебарад.Ин омил алакай натичаи худро дода истодааст. Чунончи огози парвандаи чинояти алайхи Куватов- асос аризаи шахрванди Чин, огози парванда алайхи Зайд Саидов- асос аризаи шахрванди Ветнам. Худатон хулоса бароред, ки мову шумо дар кадом давлат зиндагони ва шахрванди кадом давлатем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мурдаи Ленинрохам ба гарданаш бор кунед шармандахо
Посух додан
  • Sado

  • 24 май 2013 15:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
E bechora tojiki sarsaxt . Xorijiho omada tojika bo moshin zada mekusjan, dar xorija radi zabava mekushand . Hamiqadar benomus shudem ki dar vatanamon ham xorijiho ba saramon zuri mekunand?
Посух додан
  • Бехруз

  • 24 май 2013 16:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чароги зулми золим то рузи махшар намесузад, Агар сузад, шабе сузад, шаби дигар намесузад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
У боз дар синфи дуюмиаш ба дарси математика дер монда буд!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Касе ин хабра фахма хандаш мегира, Зайд Саидов ябор хами кора кардай накардай тухмат карда шинонданша, изо нмекашида бошан ки Саидова порахур элон кардиян. Куфти хаму шоир ки Чароги зулми золим то дами махшар намесузад, Агар сузад шабе сузад, шаби дигар намесузад
Посух додан
  • Одил

  • 24 июн 2013 21:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эхххе ин Зайд Саида ика гуноха дар сараш хоричихо бор кардан, ин точико мурдаи ленинахам дар сараш бор мекунан. Агар Зайд аз хорича пулро бо фиреб ба ватанаш оварда бошахам шумо лошахурхо истифода бурден.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар он шахрванди Ветнам З.Саидовро тухмат карда бошад, уро бояд ба суд дод.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!