Бахшҳо
24 май 2013 11:08Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Сармоягузори тоҷик бояд ба чӣ эътимод кунад?

Дар пасманзари боздошти соҳибкорони нисбатан муваффақи Тоҷикистон, "Озодагон" аз таҳлилгарони тоҷик пурсид, ки сармоягузори тоҷик бояд ба чӣ эътимод кунад?

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ

Хусусияти тиҷорат дар он аст, ки бо гурӯҳҳои расмӣ ба таври наздик ҳамкорӣ кардан лозим ва алоқаҳои дарунӣ доштан даркор. Албатта дигар ҳаракатҳои паси парда ҳам ба кор бурда мешаванд. Ин хусусияти тиҷорати тоҷикӣ не, балки дар тамоми кишварҳои собиқ шӯравӣ як усули тиҷорати махсус вуҷуд дорад. Барои ҳамин ягон тоҷир на дар Тоҷикистон на дар кишварҳои собиқ шӯравӣ кафолати пурра дошта наметавонад.

Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ

Дар Тоҷикистон дар асоси қонун амал кардан бисёр душвор аст. Вале агар ҷомеаи демократӣ мешуд, ҳар як соҳибкор дар асоси қонун амал карданаш лозим буд. Ин муҳимтарин чиз аст. Дар Тоҷикистон азбаски фасод ҳама сатҳҳои идораи давлатӣ ва ҷамъиятиро пахш кардааст, дар асоси қонун амал кардан дар инҷо мушкил аст. Ин барои мақомоти носолим қулай аст, ки ҳар як соҳибкореро, ки корро мутобиқи майли онҳо пеш намебаранд, ба ҷавобгарӣ кашида тавонанд. Зайд Саидов ва Охунов нисбат ба дигар соҳибкороне, ки ба ҳукумат наздиканд, тозатрину самараноктарин соҳибкорон мебошанд. Вақте тибқи майли ҳукумат рафтор накарданду ҳукумат роҳашонро гирифт, як манфиати дигар пайдо мешавад, молу мулки ин одамонро бояд ки аз худ кунанд. Бевосита онро мусодира карда наметавонанд, аммо дигар роҳҳояш ҳаст. Вақте кори ҷиноятиро ба итмом мерасонанд ва мӯҳлати ҷазо аз 5 сол зиёд бошад, мусодираро бо моддаи қаллобӣ ё порагирӣ татбиқ мекунанд. Он гоҳ бо роҳи музояда ҳаракат мекунанд ин чизҳоро ба фурӯш гузоранд.

Алӣ Мастов, коршиноси масоили сиёсӣ

Барои ҳеч касе махфӣ нест, ки сару кор гирифтан бо тиҷорат дар кишвари мо як кори сода нест. Дар мо барои ин ки як тиҷоратро роҳандозӣ намоӣ, маҷбур ҳастӣ, ки омилҳои бисёреро ба назар бигирӣ. Ин ки як тоҷир ва ё соҳибкори комилан мустақил бошӣ, амалан номумкин аст. Сарнавишти бисёр тоҷирони муваффақеро, ки номшон вирди забони мардум буд, мо медонем ба чӣ анҷомид. Барои ҳамин, усулҳои дигари озмоишшудаи маъмуле ҳастанд: доштани «криша» дар сатҳи болои давлат. Агар Шумо таваҷҷуҳ карда бошед, қариб ҳамаи ширкатҳои бонуфуз ё ба мансабдорони сатҳи баланд (албатта ба номи хешу таборонашон сабт шудаанд) тааллуқ доранд ё ба хешу табор ва ё рафиқони онҳо. Аммо тавре таҷриба нишон дод ин усул ҳам (крыша) на ҳама вақт натиҷаи мусбати сад дар сади худро медиҳад.

Ҷурабек Охунов –«Моваруннаҳр», Маъруф Орипов-«Орима» ва акунун Зайд Саидов низ ба назар мерасид, ки такягоҳи қобили эътимод доранд. Акнун, ки инҳо аз нуқтаи назари ҳукумат нолозим шуданд, ҳоло ҳукумат бо тамоми тавоноии худ болои онҳо фишор меорад ва онҳоро ба истилоҳ «пачақ» мекунад. Фазои ғайримунсифонаи тиҷорат яке аз омилҳои калидии тормози иқтисодиёти мост. Чаро ки дар тамоми кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ муваффақи ҷаҳон барои ҳукумат дастгирии ҳаматарафаи соҳибкории хурду миёна авлавият дорад.

Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумон

Онҳо пеш аз ҳама ба қонунгузорӣ бояд такя кунанд. Агар қонунҳоро риоя кунанд дар кадом шароите, ки набошад онҳо мувофиқи қонун метавонанд аз ҳуқуқҳои худ ҳимоя кунанд.

Нозим Ишанкулов, директори иҷроияи Маркази бозори озоди Тоҷикистон

Ба чӣ такя кардан даркор? Ҳама вақт ба худ! На фақат дар соҳибкорӣ. Пеш аз сармоягузорӣ ва кушодани бизнеси худ, ҳар як соҳибкор бояд ба ояндаи сармоягузорӣ баҳо диҳад. Аз аҳволи бозор сар карда, то нархи ашёи хом, шумораи талабот, рақибон ва мавҷуд будани нерӯи барқ барои корхона.

Ҷуз аҳволи бозор, кор бо давлат ҳам хеле муҳимтар аст, яъне то чӣ андоза қонунгузорӣ дар кишвар мусоид мебошад. Аз ҷумла вазъият дар системаи андоз, гумрук, дастрас кардани замин ва нерӯи барқ, гирифтани иҷозатномаҳои махсус ва аз ҳама муҳимтарин ҳифз намудани ҳуқуқҳои худ ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқи амвол. Агар дар давлат ба ин факторҳо таваҷҷуҳ надиҳанд, ягон сармоя ба кишвар намеояду соҳибкорӣ рушд намеёбад. Агар соҳибкории инфиродӣ рушд наёбад, иқтисоди кишвар рушд намекунад. Ба ин маъно, ки аҳолӣ бе ҷои кор ва бе маош мемонад.

Барои баҳо додани аҳволи сармоягузории кишварҳо, Бонки ҷаҳонӣ ҳар сол таҳқиқот мегузаронад. Дар он ҳисоботи ҳамаи омилҳои гуфтаи манро ба таваҷҷуҳ мегиранд. Дар ин ҳисобот Тоҷикистон байни 183 кишвари ҷаҳон оиди осонии фаъолияти соҳибкорӣ ҷои 141-умро мегирад ва ин дигар ниёзе ба тафсир надорад.

Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Ин мавзуъ чанд паҳлӯ дорад. Усулан дар низоми сармоягузорӣ, ки ҳоло мо дар он ба сар мебарем, соҳибкор ҳангоми ба амал баровардани тарҳи муайян, пеш аз ҳама, таъмини манфиатҳои иқтисодии худро дунболагирӣ мекунад. Барояш онҳое, ки ин тарҳ гуё амалӣ мегардад, ҳамагӣ воситае мебошанд барои расидан ба ҳадафу мақсуд, яъне таъмини манфиатҳои иқтисодии худ. Он чизеро, ки ин ашхос метавонанд дар шакли маҳсули ниҳоӣ соҳиб шаванд, масалан хонае дар иморати бунёдшаванда, барои соҳибкор дар қиёс бо ҳадафи асосӣ – таъмини манфиати иқтисодии хеш, натиҷаи сонӣ ва ҳатто ҷонибӣ мебошад. Моҳияти низоми сармоядорӣ ҳамин аст, соҳибкорон гуногун мешаванд. Якеҳо уҳдадориҳои худро дар назди ашхосе, ки гуё ба хотири онҳо тарҳи соҳибкории худро амалӣ мегардонанд, пурраву комилан ва бо риояи қонунҳои амалкунаандаи ҷумҳурӣ иҷро мекунанд. Тоифаи дигаре аз соҳибкорон ба хотири ҳарчи сареътар расидани ба ҳадафи аслии хеш –таъмини манфиатҳои иқтисодии худ, метавонанд барои худ даст кашиданро аз уҳдадориҳои худ нисбат ба саҳмгузорон ба тарҳи соҳибкорияш раво донанд. Ва ин гуна ҳолатҳо дар ин айёми мо кам рух намедиҳанд.

Мутаносибан шаҳрвандоне, ки нияти ба тарҳи соҳибкоре маблағгузорӣ карданро доранд, масалан, дар сохтани иморате ба умеди баъд аз анҷоми сохтмон соҳиби хона шаванд, бояд аз ибтидо аз паси таъмин намудани бехатарии маблағгузории худ ва манфиатҳои худ гарданд, аз паси дарёфти механизми таъмин намудани манфиати худ шаванд. Дар рафти доругирҳо дар атрофии қазияи Мовароуннаҳр, тавре ба назар мерсад, чунин як механизми ҳимояи саҳмгузор аз хатарҳои иштирок дар тарҳи саҳмгузорӣ вуҷуд надошт. Агар вуҷуд дошта бошад ҳам саҳмгузорон аз он огоҳии чандон комил надоштанд. Дар кишварҳое дар чаҳорчуби низоми сармоядорӣ даҳсолаву қарнҳо рушд мекунанд, кайҳо ба ҳукми одат даромадааст, ки ҳеч кас ҳатто як дирамашро бе маслиҳат бо мутахассиси соҳа, ба вижа бо ҳуқуқдонҳо бе барассии ҷиддии роҳҳои ҳимоят кардани маблағгузории худ аз ҳама гуна хатарҳои имконпазир ба тарҳе маблағгузорӣ намекунад, яъне таваккалан амал намекунад. Дар ин гуна кишварҳо механизми хуб амалкунандаи таъмини бехатарии саҳмгузорон кайҳост, ки эҷод шудааст. Дар ҳамаи кишварҳои пасошуравӣ раванди шаклгирии чунин дастгоҳи феълан хуб амалкунанда, мутаассифона бо кундӣ чарён меёбад.

Некруй Забиров, раиси Иттифоқи соҳибкорони Тоҷикистон

Соҳибкор ҳеч вақт ба сиёсат дохил нашаваду кори худро кунад. Барои поймол нашудани ҳуқуқҳои соҳибкорон Иттиҳодияи ҷамъиятӣ вуҷуд дорад. Иттиҳоди ҷамъиятие, ки дар он бевосита худи соҳибкорон бояд аъзо шаванд. Ва бо ташкил намудани Иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки ҳуқуқҳои онҳоро бевосита ҳимоя мекунад, ба он такя кунанд. Худи соҳибкор набояд сиёсатмадор бошад. Дар ҳар як масъала худи институтҳо ҳаст. Дар хориҷа ҳеч вақт ягон намояндаи давлат масъалаҳои ҳуқуқҳои соҳибкорро бо худи ӯ ҳал намекунанд. Чунин чизе дида нашудааст. Инро ассосиатсияи соҳибкорон ва Иттҳодияи ҷамъитии соҳибкорон ҳал мекунад.
Мӯҳр
конунан ба сиёсат машгул буданр
ягон ниход манъ карда наметавонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)