Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:09

Айпадҳо ба ҷавонон. Об медиҳанду гулоб мехоҳанд?

24 май 2013, 11:55

Галина ЮНУСОВА

Айпадҳо ба донишҷӯён. Навбат ба маъюбон.

Тоҷикистон кишвари бой аст! Замин мехоҳед? Марҳамат, биёед! Тоҷикистон замини бисёре дорад!

Парчам… Хуб, дар ин хусус аллакай навишта будем… Фақат як чиз мегӯям: бешубҳа, як амали барбоддиҳии пули ҳангуфт буд.

Ана, чизи нав: Айпад барои донишҷӯён! Миллион доллар барои кори хайр – ин фармудаи Офаридгор аст!

***

Ба сарам як фикр омад… 8-уми июн дар Тоҷикистон рӯзи маъюбон ва пиронсолон аст. Чӣ туҳфае аз ҷониби ҲУКУМАТ онҳоро интизор аст? Илова ба нафақа ба миқдори 19 сомонию 53 дирам?

Ҳукуматдорони муҳтарам, Шумо медонед, ки як аробачаи маъюбӣ барои калонсолон чанд сомонӣ нарх дорад? Барои кӯдак чӣ? Аробачаҳои пешрафта бо лавҳаи идора, устувории баланд ва чархҳои хӯрданашаванда не, балки аробачаҳои оддиро мегӯям... Медонед? Қиматанд. Хеле қиматанд. Ба ҳадде, ки ягон нафар, ки дар Тоҷикистон барои маъюбӣ нафақа мегирад, дар тамоми умр пули онро ҷамъ карда наметавонад. Ҳатто агар ҳеч чиз нахӯраду нанӯшад.
Айпад як чизи зарурӣ барои ҳаёт нест, ба хусус дар мо. Бо вуҷуди ин, донишҷӯ, агар хоҳад, имкон дорад барои хариди он пул ҷамъ кунад. Барои айпад, айфон ё ягон ай-чизи дигар, агар кӯшиш кунад, пул ёфта метавонад… Аммо бобою бибиҳо аз хонаҳои пиронсолон дигар ҲАРГИЗ имкони пашизе ёфтан барои ҷанозаи хуби худашон надоранд, хӯроки хубу дорувории лозимӣ он тараф истад.

Ҷунбишу ҳаракатҳои зиёди хайрхоҳон, бидуни шак, хонаҳои пиронсолону маъюбони кишварро бидуни аҳамият намегузоранд… Аммо ин ҳама корест, ки бояд ҳукумат иҷро кунад. Бо истифодаи маблағҳои буҷа, чунки мо маҳз ба ҳамин хотир андоз месупорем. Чунки ин КОРИ ҲУКУМАТ АСТ, ВАЗИФАи ҳукуматдорон аст!

2200 айпад, ҳар кадом бо нархи 500 доллари ИМА... Бештар аз як сол аст, ки манзараи даҳшатноки интернати кӯдакони фалаҷ дар Хирманак аз пеши чашмонам дур намешавад. Бинои калони нимавайрони бетонӣ, ки дар он тамоми сол кӯдакони хурд ва бемор зиндагӣ мекунанд. Кӯдаконе, ки ба хӯроки хуб, табобат ва нигоҳубин ниёз доранд. Ҳоҷатхона нест: кӯдакон ҳар ҷое, ки расанд, мешинанд – дар ҳавлӣ, таҳхона, бинои ҳавзе, ки гӯиё пас аз таркиши бомба валангор шуда бошад. Ҷой барои оббозӣ ҳам нест – онҳоро дар ҳаммом ҳафтае як бор мешӯянд. Ин «ҳаммом» як хоначаи хурд аз хиштҳои бетонӣ аст, ки дар маркази ҳавлӣ ҷойгир шуда, гарм карда намешавад ва дар он ваннаи куҳнаи зангзадаест, ки ба он аз лӯлаи зангзада оби сард мерезад.

Зимистон онҳо қариб барқ надоранд. Муддати дароз кӯдакон дар фасли зимистон рӯзона имкони хӯрдани ғизои гармро надоштанд; хӯроки нисфирӯзиро саҳар, вақти барқ будан, омода карда, дар кӯрпаҳо гарм нигоҳ дошта мешуданд. Он ҳам бо як манқали барқӣ, ки базӯр гарм мешавад. Агар гӯем, ки он ҷо шароити куллан зиддибеҳдоштист – ҳанӯз чизе нагуфтаем. Ин кӯдакон ягон чиз надоранд, ки аз худашон бошад. Танҳо ҷои хоб бо ҷойпӯши куҳнаю ношуста ва як-ду даст либос, ки дар ҳамон ҳаммом шуста мешаванд ва қуттӣ бо бозичаҳои куҳнаю шикаста – як қуттӣ барои ҳама. Бозичаҳои нав, ки меҳмонон туҳфа мекунанд, дар «хонаи бозӣ» дар ҷевон барои нишон додан ба комиссия пинҳонанд.

Дертар бо кӯшиши волонтерҳо ва дастгирии Вазорати маориф (он ҳам бо пофишории зиёд ва ба ҳадде маҷбур кардани ин вазорат ба дастгирӣ) дар интернати мазкур таъмир оғоз шуд.

Медонед, чунин интернату кӯдакистонҳо дар Тоҷикистон чандтоанд ва онҳо дар кадом ҳолатанд?

Ҳукуматдорони муҳтарам! Агар дар буҷаи шумо боз як миллионак коғазаки сабзи зиёдатӣ ёфт шуд, хоҳиш мекунам, аз паи иҷрои вазифаҳои бевоситаи худ бошед ва мунтазир нашавед, ки кай волонтерон ва дигар одамони боғайрат ин корҳоро ба ҷои Шумо амалӣ мекунанд!


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кати ин рохбарони бесавод мо то кучо мерафта бошем Лоик гуфта буд вох милатам ох милатам
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз маъюбон чи фоида?Маъюб ба майдон баромада наметавонад.Дигарашро худатон гуфтед.
Посух додан
  • Бовичдон

  • 24 май 2013 12:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Апаи чон он чизеро ки аз дируз инчониб фикр доштам гуфтаед. Офарин. Лекин як чизи дигар аст. Шояд хукуматдорон фикр кунад, ки ун маъюбону барчомондагон неруи эътироз кардану ворид шудан ба хар гуна равияву харакатхоро надоранд. Факат чавонони рушанфикре, ки метавонанд чизеро дигар кунанд хамин иштирокчиён буданду акнун хурсанд шуда баргаштанд. Намедонам ун сохибайподхо боре фикри маъюбону барчомондагонро мекарда бошанд? Бояд гуфт, ки мо то хол фарханги истифодабарии айподхоро намедонем. Ун дехотибачахо айподхоро бурда дар дехот чи мекунанд? Казоват пеши хар яки мост!
Посух додан
  • донишчу

  • 24 май 2013 12:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хонум Галина Шумо бисёр проблемахоро гуфтед. Як чизро ба Шумо иброз дорам,ки хамин айпадхо ба Шумо чи зарар дорад. Хайр аз чониби хукумат як тухфа ба чавонон дар рузи идашон шуд-шудия.
Чаро мо якдигарро дида наметавонем. Мо нотавонбинем. Агар хамин айпадхои 500 доларраро хукумат тухфа намекард чи буд? Боз мегуфтед дар хамин руз ба чавонон ягон тухфа накарданд. Ман шахсан ба ин чорабини иштирок надоштам, аммо тарафторам.ки хукумат дар рузи чавонон ба онхо тухфаеро насибашон гардонд. Ба назари банда он мушкилоте. ки Шумо дар боло зикр кардед Иншооллох охиста-охиста хали худро меёбанд. Ман бовар дорам.ки агар Шумо дар ин чорабини хузур медоштед, хеч гох чунин наменавиштед. Чавонон ояндаи миллатанд. Бояд ба онхо гамхори кард. Ман бо чанд рафикам хамин масъаларо бахс кардем. Хар кас андешаи худро дорад. Ман ба он нафароне, ки барои ин МИЛЛАТ, ин ВАТАН ва барои ин САРЗАМИН аз тахти дил хизмат мекукнанд, офарин мегуям.Мо хам кушиш кунем аз дастамон ояд ХАЙР кунем. ОФАРИН БА ОН ШАХСОНЕ, КИ ЧАВОНОНРО ДАСТГИРИ МЕКУНАНД.
Посух додан
  • Солик

  • 24 май 2013 12:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
донишчу, то ҷое мувофиқам, ки хуб шуд ҷавонон туҳфаи хубе гирифтанд. Аммо масъалае ки ҳаст ва Галина низ бардошта аст, ин аст, ки ин пулҳо аз куҷо ва кадом сарчашмаанд? агар аз буҷа, пас чаро барои ҳалли мушкилоти аввалдараҷа ва иҷрои вазоифи мустақими сохторҳо ва дар кулл ҳукумат сарф намешаванд? Охир, як миллион доллар - пули кам нест. Ҳеҷ набошад, 11 ҳазор нафар бо маоши миёна таъмин мешуд.
Бояд гуфт, агар чунин туҳфаҳо 2000 нафарро нисбати ҳукумат хушбин кунанд, пас масрафи мақсадноки он даҳҳо ҳазор нафарро хушҳол мекарду электорати соҳибқудратон низ зиёдтар мешуд. Дар ҳолати пешомада кӯшиш шуд обрӯи ҳукумат назди 2000 нафар бардошта шавад, аммо дар ивази он, обрӯяш назди ҳазорҳои дигар коста шуд.

Офарин хохари азиз. ба дакиккории шумо шак надорам, хар сухане, ки гуфтед дуруст аст. Агар хамин пулро барои бунёди неругохи Рогун сарф мекарданд кори хубе мешуд вале фаромуш набояд кард, ки ин коро бахотири он анчом додаанд, ки мо дар пешоруи интихобот карор дорем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо холиям содда хастед.
Фикр мекунед ки ин тухфа аз чониби хукумат ё худи Президент буд?
Зинда бод бизнесмени Точикистон.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Обоқаю Вас Галина! Я просто влюблен в Вас! Второй Ваш материал тоқе супер!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтарин ва офарин!
Посух додан
  • Doro

  • 24 май 2013 14:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Oxi ma'yubon dar intixobot shirkat namekunand kuuuuu
Посух додан
  • шохрух восихов

  • 24 май 2013 15:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бовичдон фаромуш накун ки 70 фисади мардум дар дехот зиндаги мекунанд мумкин худат хам аз дехот боши ман аз дехотам тамоми намуди техникахои хозиразамонро истифода бурда метавонам хох айпадат бошад хо компютеру смартфонхои мушкилфахм.Бачахои дехот аз шумоён шахрихо дида босаводтаранду хамаи техникахои хозиразамонро истифода бурда метавонанд.Рахмат ба хукумату Чаноби Оли барои тухфахояшон ба чавонон ки онхоро хурсанд кардааст.дехотихоро тахкир накунед шумо шахрихо
Посух додан
  • точикбачаи одди

  • 24 май 2013 18:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
охи и айпадои тухфакадагия хамара дар шахрамон фурухтестян ку, мана бизнес )
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
2200 айпад, ҳар кадом бо нархи 500 доллари ИМА. ЧАМЪ 1 миллиону 10 хазор $ !!! ДАХШАТ АЗ ИН ЗИЁД НАМЕШАВАД!!!
Посух додан
  • Раҳгузар

  • 25 май 2013 01:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин! Дуруст навиштаед, дуруст гуфтаед!

Харҷ агар аз киссаи мардум бувад!
Айпадбахшӣ чунин осон шавад!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э мардум шуморо хеч фахмида нашуд, ки нашуда . Навиштахои шуморо хонда хикояи Шайх Саъди аз "Гулистон" дар ёдам зад, ки Мусафеде хамрохи наберааш ба сафар мебароянд ва мусафед харедошт ва набераашро дар он саворкардаву мерафтанд чун аз назди гурухе аз одамхо мегузашт ба гушаш расид, ки мегуянд -ин бекаларо бин худаш пиру барчомондааст дар хар савор намешаваду набераи ёшашро савор кардааст . Чун у набераашро фаровардаву худаш ба хар савор шуд хангоми аз назди гурухи дигари одамон гузаштан ба гушашрасид , ки мегуфтанд- ин берахмро бин кудакро пиёда мондаву худаш савора меравад дар охир харду пиёда рафтанду харо озод гузоштанд мардум гуфтанд ин аблахро бинед хар доранду пиёда рох меравад. Яъне САЪДИ дар ин хикоя шуморо мисол овардааст ки ба хамо кори дунё эрод мегиреду ношукри менамоед. Ман бовари дорам агар Президент хамин коро намекард шумо мегуфтед- Наход президент химат накардаву дар рузи идии чавонон ба онхо ягон тухфае накарда?
Посух додан
  • Tojikistoni

  • 27 май 2013 15:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МАСРУР,
Joni gapa gufti barodar Masrur.. Maksad fakat erod giriftan hast na chizi digar. Bechora Janobi oli kunad ham gunahkor nakunad ham gunahkor..

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!