Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:37

Зилзилаи 5-балла марзи Тоҷикистону Афғонистонро ларзонд

24 май 2013, 12:40

Соати 10:22-и рӯзи 24-уми май дар марзи Тоҷикистону Афғонистон заминларзаи 5-балла ба қайд гирифта шудааст.

Масъулини Пажуҳишгоҳи зилзилашиносии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” иқтидори заминларзаро аз рӯи ҷадвали аврупоӣ 5 балл ва аз рӯи ҷадвали рихтерӣ 4,4 балл арзёбӣ намуданд. Маркази заминларза дар марзи Афғонистону Тоҷикистон буда, дар марказ 5 балл ва дар ҳудуди Тоҷикистон 3,5-4 баллро ташкил додааст.

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик ин заминларза хисороти молию ҷонӣ дар пай надоштааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!