Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:25

Вакилони дифоъ: Дастрасӣ ба Зайд Саидов мушкилтар шуд

24 май 2013, 14:18

Зайд Саидов, яке аз соҳибкорони муваффақ ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, шаби 24-уми май ба боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ интиқол ёфтааст.

Дар ин бора яке аз вакилони дифои Зайд Саидов иттилоъ дода афзуд, нафари таҳти ҳимояти онҳо баъд аз қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба боздоштгоҳи муваққат фиристода шудааст. Баъди интиқол ба боздоштгоҳи амният ба гуфтаи вакилони дифоъ дастрасӣ ба Зайд Саидов мушкилтар хоҳад шуд ва минбаъд мулоқот бо ӯ танҳо дар асоси иҷозати роҳбари гуруҳи тафтишотӣ сурат хоҳад гирифт. Зайд Саидов аз рӯзи 22-юми майи соли ҷорӣ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, то кунун дар Оҷонсии мубориза бо фасод нигоҳдорӣ мешуд.

Рӯзи 23-юми май Зариф Ализода, омбудсмени Тоҷикистон ба ҳолпурсии оқои Саидов рафта, бо ӯ дар бораи шароити нигаҳдорияш мулоқот анҷом дод. Раҳбари гуруҳи ташаббаускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав дар суҳбат бо омбудсмен гуфтааст, аз шароити нигаҳдории худ шиквае надорад, вале аз қазияе, ки ба сараш омад, сахт нигарон асту онро сиёсӣ медонад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи вай, ӯ гуноҳе надорад ва тамоми фаъолияташ барои беҳбуди вазъи иқтисоди Тоҷикистон ва шароити хуб сокинон равона шудааст.

Зайд Саидов, яке аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон, рӯзи 19 майи соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз хориҷа боздошт шуд ва ахиран додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳам ҳукм кард, ки ӯ то ду моҳ дар боздошт ба сар хоҳад бурд. Ин боздошти оқои Саидов, ки аз соли 2002 то 2007 вазорати саноати Тоҷикистонро ӯҳда мекард, баъд аз он сурат гирифт, ки дар моҳи апрел эълон кард, Тоҷикистон нав, ҳизби нави сиёсиро асос хоҳад гузошт.

Ҳоло мақомот Зайд Саидовро дар тақаллуби 2 миллион сомонӣ ва чандҳамсарӣ, ки бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ғайриқонунист, муттаҳам мешуморанд ва алайҳи ӯ парванда боз шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • мехмон

  • 24 май 2013 15:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
э тоба инра бин чандзанги зиди конуни точикистон бдаи ино конуна медонанд набошад ин хамаи макомоти мо зидди конунанд чаро инора макомоти зидди фасод ва ё ба гуфтаи онхо "конун" ба чавобгари намекашанд? макомоти фасод танхо фармонкати кор мекунад? Худованд панохи он нафароне, ки дар рохи хак хастанд мебошад,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инкасоне ки зайд ро дастгир кардан аз тарси ин ки мабодо огои зайд балои сарашон шавад инкорро кардан
Посух додан
  • Истина

  • 25 июн 2013 09:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
إِنَّ اللَّهَ لَيَطَّلِعُ فِي لَيْلَةِ النِّصْفِ مِنْ شَعْبَانَ فَيَغْفِرُ لِجَمِيعِ خَلْقِهِ إِلَّا لِمُشْرِكٍ أَوْ مُشَاحِنٍ

«Аллах смотрит на своих рабов в ночь, которая приходится на середину Ша`бана, Он прощает все свои создания, кроме многобожника и завистливого злодея» [30] (хороший хадис, см.: Сахих аль-джами, 1819).

Худо намебахшад одами бадхохро, наход дар дили ин Сарварони мо ягон рахм набошад. Барои нафс ин кадар азоб медиханд. Аллох дар панохат бодо аки Зайд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!