Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:37

Хонаи Озодӣ З.Саидовро қурбонии рақобати носолим хонд

24 май 2013, 16:00

Созмони Хонаи Озодӣ ё Freedom House аз фазои носолими рақобати сиёсӣ дар Тоҷикистон интиқод кардааст.

Ин созмон бо пахши як иттилоия дар сомонааш боздошти Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”-ро идомаи амалиёти густурдаи ҳукумати феълӣ барои саркӯб намудани мухолифини эҳтимолияш дар арафаи интихоботи президентии моҳи ноябри соли равон донистааст.

Ин созмон гуфтааст, ҳизби сабтиномнашудаи “Тоҷикистони нав” бар хилофи нерӯҳои дигар, ки даъвои исломию дунявию коммунистӣ доранд, аз аввал қотеъона таъкид намуд, ки сирф ба ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ машғул хоҳад шуд. Freedom House дар шароите, ки Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир ҳамчун кишвари ақибмонда боқӣ мондаасту айни ҳол пойбанди маблағи муҳоҷирон аст, ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоиро аз вазифаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ кардааст.

Ба навиштаи ин созмон, ба Зайд Саидов, ки ҳалли маҳз мушкилоти иқтисодию иҷтимоиро мақсад гузошта буд, адами рақобати солими сиёсӣ имкон надоданд, ки барои ин нияташ талош кунад.

Freedom House инчунин аз фишорҳо болои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, боздошти Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазири Тоҷикистон дар Украина, боздошти Умаралӣ Қувватов, роҳбари гуруҳи мухолифи “Гуруҳи 24” ва дигар мушкилҳоро зикр карда, ҳамаи инро нишонаи набудани рақобати сиёсӣ дар Тоҷикистон хондааст.

Зайд Саидов, роҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” аввали моҳи апрели соли ҷорӣ аз таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод, ки ин аксуламали шадиди мақомотро ба бор овард. Айни ҳол ӯ боздошт шуда, дар гирифтани пора, қаллобӣ ва сӯистифода аз мансаб муттаҳам мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!