Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:38

Бархе аз ҷавонон IPad-ҳои туҳфашударо ба фурӯш гузоштаанд

24 май 2013, 16:59

Туҳфаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба беш аз 2 ҳазор ҷавон боис ба поинравии нархи планшетҳо дар бархе аз марказҳои савдои шаҳри Душанбе, аз ҷумла ЦУМ гардидааст.

Баъзе аз ҷавонон, ки дар мулоқоти рӯзи 23 май бо Эмомалӣ Раҳмон соҳиби айпад гардида буданд, аз субҳи 24 май дар пайи фурӯши туҳфаи гирифтаи худ дар марказҳои савдо мебошанд.

Яке аз тоҷирони фурӯшгоҳи марказии шаҳри Душанбе, ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, “баъзе аз донишҷӯён ба маблағ ниёз доранд ва аз ин рӯ, планшетҳои гирифтаи худро ба мо оварда медиҳанд, то фурӯшем”. Иддае аз ҷавонон, ба гуфтаи ӯ, айпадҳои худро бо ноутбук иваз мекунанд.

Ёдрас менамоем, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 23-юми май ба беш аз ду ҳазор ҷавон мулоқот карда, бахшида ба Рӯзи ҷавонон ба ҳар яке аз онҳо айпад тақдим кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Магар ин. Ipad-хои тухфа шуда барои донишчуён пораи вакти интихобот бошанд чи????? Шумо чи фикр мекунед.
Посух додан
  • Мехмони сомона

  • 27 май 2013 15:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин нигоштахо барои бархе чавононе, ки хакикатро то хануз намедонанд.
Дар аввал ба хама хамватанон гуфтаниям, ки аз хар хел андешахои беаклона худдори кунанд. Президент ба чавонон айпад хадя кард инро пора мегуед? Чи падар ба фарзанд тухфа дода наметонад? Ман медонам, ки агар чизе тухфа намешуд хам беъзе касони неготивандеш боз чизи дигар хам мебоафтанд. Ё мисоли дигар Д. Атовулло дар шабаки К+ баромад кард фикр мекунед. ки у дар ободии кишвар аст? Чаро як бор аклатонро кор намефармонед, ман на коргари давлатаму на пуштибони нафаре, факат як нафаре хастам, ки намехохам боз нороми дар кишвар сар занаду фарзаноди ман курбони он нооромихо гарданд. Аз андешаронии бархе аз нафарон хело хичил мешавам. Чи ободии кишварро намехохед? О инро хатто як беакл медонад. ки Д. Атовуллоро ким чи кадар пул медиханд. ки ин кадар баромадхо мекунад.. Чи у ободии кишварро мехохад, агар ободиро мехост чаро тарк кард ин ватанашро? Чаро дар вакташ пуштибони накард? Аку холо аз дур сангпартои мекунад... Медонед, ки президенти Либияро мардумаш чи кадар имтиёзхо дошт ва ун нафар барои мамлакаташ чи кадар захматхо кашидааст, мардуми беаклаш бошанд ба гапи дигарон рафта уро айбдор карданд, ана акнун медонед ахволи ин кишвар чи хел аст? 1000 бор пушаймонанд ба кори кардаашон, ки акун суде надорад... Чи мехохед боз мардуми бечора курбони беандешагии шумо шаванд? Агар дар сурате, ки руи кудрат дигар нафар ояд 100 дар 100 гуфта метонам. аз ин хам 100 бор баттар мешавад. Фикр накунен, ки Точикистонро ба кишвари афсонави табдтл медихад. Албатта ун одами нав ба манфиати худ кор мекунад, боз Точикистони фасодзада мем онаду халос.. Бори дигар мегум, ки хар касе набошад бояд акло кор фармуд. Дар К+ баромада кардан осон, аммо кишварро рохбари кардан осон нест.. Тухфахоро бошад неготивно кабул накунен ин балки позетивист, то кай мо аз пайи гайбату гандакунии дигар шавем. Пеш аз чизе гуфтан бояд кас худ фикр кунад, ки ман чи кардам ки маломати дигаронро кунам. Сомонаи "Озодагон" агар вокеан хам озодандеш боши гуфтахои маро чоп мекуни....Ховалинг,
Ховалинг,

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!