Бахшҳо
25 май 2013 10:50Тоҷикистон / Сиёсат

Раисон! Мардум дигар бовар намекунанд, ки...

Дар мавриди фосилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мардум дар матлабҳои пеш ишораҳое доштем, аммо ба назар мерасад, танҳо ниҳодҳои интизомӣ нестанд, ки эътимоди мардумро аз даст медиҳанд.

Вазирону вакилон ва раисони сатҳи болоӣ низ аз мардум хеле фосила гирифтаанд.

Ҳар мансабдору курсинишин, ба вижа вазирон бояд дар хизмати мардум бошанд. Аммо вазъият нишон медиҳад, ки баръакс шудааст. Одамонро дигар намешавад гӯл зад. Онҳоро фирефтан имкон надорад. Ин ки мардуми тоҷик аз ҳад сабур, пуртоқат ва ором аст, набояд далели бепарвоии мақомдорон гардад. Зеро косаи ҳар гуна сабре рӯзе лабрез ва тоқати ҳар пуртоқате рӯзе тоқ ва ҳар оромтабиате рӯзе ба хашм меояд. Аз меҳрубонӣ ва оромии одамон набояд сӯистифода кард ва онҳоро истисмор.

Имрӯз дигар намешавад мардумро фиреб кард, ки мошинҳои гаронарзиши кормандони давлатиро, ки маоши баланде надоранд, хешовандони дар Русия будаашон харидааст. Онҳо бовар намекунанд, ки қасру кушкҳои боҳашаматро гурӯҳе аз падару бобоҳояшон мерос гирифтаанд. Онҳо бовар намекунанд ва нахоҳанд кард. Аз ин рӯ, ҳоло ки сабру тоқат тамом нашудааст, бояд илоҷи корро ҷуст. Илоҷҳо зиёданд, аммо ба ҳеч ваҷҳ саркӯб кардани фаъолон роҳи ҳал нест.

Ба андешаи ин ҷониб, роҳи хуб ва муассир аз миён бурдани хало ва дурии мансабдорон ва мардум аст. Ва роҳҳои наздик шудан хеле зиёд аст. Зимнан, яке аз ин роҳҳо аз наздик ошно гардидан бо ҳаёти мардуми оддӣ мебошад. Аз вазирони тоҷик, ки бояд хидматгузори мардум бошанд, даъват мекунам, ҳамагӣ чанд рӯзи зиндагияшонро ҳамвазн бо мардум сипарӣ кунанд.

Танҳо ба ин хотир, ки бубинанд мардуми оддӣ дар чӣ шарту шароит ва вазъу муҳите ба сар мебарад. Шояд онҳо, ки фикр мекунанд ҳама мисли онҳо зиндагӣ дорад, баъди бо чашми худ дидани воқеият шеваи корашонро тағйир медиҳанду ба манфиати ҳал шудани мушкили мардум кори назарастаре анҷом медиҳанд?

Ҳамаи онҳо агар ҳадди ақал як рӯз дар дили Тоҷикистон, шаҳри Душанбе бидуни мошини хизматӣ, пои пиёда аз манзил берун шаванд ва баробари садҳо нафар соатҳо нақлиёт бипоянд, ба хубӣ вазъро дарк хоҳанд кард. Чаро танҳо як рӯз? Чун барои ҳар рӯз ба ин минвол гузаштан асаби таранге лозим, ки гумон накунам онҳо дошта бошанд...

Тасаввур мекунед, ки Гул Шералӣ аз субҳи барвақт сари роҳ омада, нақлиётро мунтазир шавад. Зери офтоби тафсон. Вақте умедашро аз нишастан ба автобусҳои пури одам меканад, ба умеди мусофиркашҳо мешинад. Ниҳоят бо азоби алим дохили «Старекс»-е мешавад, ки ҷои се нафар чор кас шиштаанд. Аз ӯ ба ҷои 1 сомонӣ ду сомонӣ мегиранд. Шояд барои ин ҷаноб яку ду чӣ ки 20-40 сомонӣ арзише надошта бошад, аммо ҳадди аққал дарк мекунад, ки мардуми оддӣ ҳар рӯз ба ҳамин аҳвол мувоҷеҳанд.

Ё Низом Ҳакимов бо мошини шахсӣ як рӯз ба Суғд биравад. Бо роҳҳои таҳти назари IRS. Ҳам ҳолати роҳҳоро аз назар мегузаронад ва ҳам бо ду дасти адаб ба назоратчиҳои чандин дарвоза пул медиҳад.

Бег Зуҳуров, ки бо иқдоми дучархасаворияш замоне ба сархати расонаҳо баромад, бояд иқдоми ҷиддитаре бигирад. Ӯ эълон карда буд, ки ба хотири сарфаи сӯзишворӣ тасмим гирифтаанд, ҳамроҳи кормандонаш бо велосипед ба кор биёянд. Ҳамон рӯзи эълони иқдом рӯзноманигорон чанд акси Беги дучархасаворро гирифтанду бо ҳамин Бег аз дучарха поин шуд ва дигар касе ӯро болои он надид.

Абдулло Ёров дур не, ҳамагӣ 60-70 километр ба шарқи Тоҷикистон равад ва ду шаби зимистониро дар манзили мардуми оддӣ зери рӯшании шамъ рӯз кунад. Ҳамагӣ барои як рӯз аз дачаҳои ҳукуматии доимо фурӯзон бо оби гарму хунук фаромӯш кунад.

Амонулло Ҳукумов аз баҳри билети тайёра гузашта, ҳамроҳ бо ҳазорон муштарияш бо қатор, ки журналистони рус “Шайтан-поезд”-аш номиданд, то Русия биравад.

Шукурҷон Зуҳуров
, ки ахиран зери қонун дар бораи нафақа имзо гузошт, ҳамагӣ як моҳ танҳо бо маблағе, ки қарор аст зимни нафақа рафтанаш бигирад, зиндагӣ кунад.

Сафиаллоҳ Девонаев як моҳ не, як ҳафта дар Русия паҳлӯи муҳоҷирони тоҷик рост истад. Бигзор дасташро дар оби хунук назанад, роҳҳоро тамиз насозад, гачхок накашад, гачтахта набурад, рангу ширеш накунад ва деворнигораҳоро начаспонад. Танҳо паҳлӯи ҳамватанони худ рост биистад.

Рамазон Раҳимов савори “Опел” аз қисмати ҷанубии Душанбе то дарвозаи шимолии он ҳаракат намуда, мушоҳида кунад, ки кормандони БДА чанд бор мошинашро нигоҳ медоранд ва вақте ӯ мошинро 40 км/с меронд, нозир бо дуруштӣ радарро пеши чашмаш оварда, рақами 70-ро нишон медиҳад.

Нусратулло Салимов бо либосҳои оддӣ вориди наздиктарин беморхонаи ҷои истиқоматаш шавад. Вақте баъди ҳар ташхис дар варақ бемориҳои зиёдеро пайи ҳам менависанду чанд баробари он дору навишта ва ҳатман таъкид мекунанд, ки аз фалон дорухона рафта харед...

Мешавад, ин матлабро хеле дуру дароз кард. Аммо шарт нест. Муҳим ин буд, ки бигӯем, вақте расида то мансабдорон бо мардум наздик шаванд. Дар охир барои онҳое, ки нафарони дар боло овардаро намешиносанд, ёдрас менамоям, ки аввалӣ вазири энергетика ва саноат, дувумӣ вазири нақлиёт, сеюмӣ раиси Хадамоти алоқа, чорумӣ раиси ширкати “Барқи тоҷик”, панҷумӣ сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, шашумӣ раӣӣиси Маҷлиси намояндагон ва собиқ вазири меҳнат, ҳафтумӣ раиси Хадамоти муҳоҷират, ҳаштумӣ вазири умури дохилӣ ва нуҳумӣ вазири тандурустӣ мебошад.
Мӯҳр
Одил
Хукумати хозира пурра аз боварии мардум баромадааст. Хукумат бояд дар асл мардуми бошад ,на барои як гурух нафарон.

Дар рахмати ХУДОВАНДИ мутаъол боши нависандаи хамин сахифа вале мо бояд, ки як чизро фаромуш накунем, ки вазирон ва депутатони давлати Точикистон дар тамоми умри худ як бор гапзан мешаванду халос.
Он вакт хамон вакте аст, ки барои хотири ВАЗИФА ва ё КУРСИ гапзан мешаванд ва ваъдахои бисери ДУРУГ ДУРУГ ро медиханду тамом агар дар курси нишастанд тамом гунг мешаванд ва баъд гуфти кампиро пусти ХУКА дар руйхояшон мекашанду тамом.

Оли!!!Дигар гап нест!!!!

Э бародар ягонтаи ин корхоро накунанд акалан ба мардум хамон даромади солонаи худашонро нишон диханд на ба макомоти андози Чумхурии Точикистон ба монанди дигар давлатхо

Ин бемори бечора хобхои хуб медидааст.Боз дар хобат Манижаву Шабнаму Фарзонаву Нозияву Богигул надароянд,авлод,мегум!

номдор
дар точикистон танхо аз андози об дар як сол 192 милён сомони чам мешавад. обеки худ чори мешавад аз замин уро касе коркард намекунад
андозхои дигараш бе хисоб........дар русия натанхо точикон узбекову киргизорам мухочиранд!лек шахрвандои узбекистон 1500 долар кор мекунанду ба ватанашон бар мегардан точик бояд 3000 долар кор кунад ки то бахори дигара маблагаш расонад

Сагера аз интернат
Бехтарин рохои ба мардум расиданро ба ину гуна ашхос фахмондаи офаринат нависандаи ин макола. Рости агар ин мансабдорон аз инхо истифода кунанд, хам барои худ ва хам барои миллат манфият меоранд. Агар вазирону раисон мисли мо мардуми одди рафтор кунанду дар рузхои сахту шоди пахлуи мо бошанд хеч гох аз боварии мардум намебароянд. Лекин чи илоч ки ин корхоро намекунанд.
Илова ба маколаи Шумо Ё агар як руз вазири маориф омада хамрохи ятимону бепарасторон дар ошхонаи интернатхо хурок мехурд баъд мефахмид, ки чи гунна хакки ин бечорахоро директорони интернатхо мехуранд.

Офарин, ахсан ба Шумо бародари азиз! Аммо аллакай дер шудааст, аз ин Вазирону Раисони мухтарам дигар умед нест. Пусти инхо ким кайхо гавс шуда рафтааст (бахшиш). Вале шояд, ки аз вакилони наве, ки баъд аз интихоботи навбатии парлумон ба сари кудрат меоянд умед шавад, чун ки ин назархои шумо, ки дар боло зикр шадаанд ба Онхо дарсе шавад,ки на балки халк барои онхо хизмат кунанд, бар акс мансабдорон дар хизмати мардум мебояд шуд.

Бародари азиз баъд аз интихобот хам айнан хамин депутатхо вазирон дар вазифахои худ кор мекунанд дигар хеч кас... Агар президент аз хамин партияи халки демократии Точикистон бошад

Аз Абухурайра (р) ривоят шудааст, ки гуфт: паeмбари худо (с) фармуданд: худованди мутаол мефармояд: барои бандгони некукорам чизхое омода кардаам, ки хеч чашме (онхоро) надида аст ва хеч гуше дар бораи онхо чизе нашнидааст ва ба калби хеч кас хутур накардааст. Хадиси сахех р бухори. муслим. тирмизи

Нигохи дигар
Салом хамватанони азиятдидаам! Чи илоч ки мардуми гамдидаю гамчашида ва хеле пуртокати Точикистон хангоми интихоби эшон (......) ба зиндагии хеш нигоххои дигар менамоянд. Вале сад афсус ин нигоххо хеч чомаи амал намепушанд! Агар депутатро аз пояш баста биори он дигар ба тарафи интихобкунандагонаш намеояд!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)