Бахшҳо
13 июл 2011 08:38Гузориш

Пайроҳаи тақдир

Дар зиндагии имрӯза нафаронеро вохӯрдан мумкин аст, ки чор ишкели бутун доранд, аз ҳеч чиз танқисӣ намекашанд, аммо ба корҳои ношояме даст мезананд, ки забон ба гуфтаи амали онҳо намегардад, ман чӣ? …фақат орзуи соҳибихтисос шудан дораму маълумоти олӣ гирифтан, дигар ҳеч…



Иброҳим Камолов, сокини ноҳияи Файзобод маъюби гурӯҳи якум буда, соли 2006 мактаби нобиноён ва биноиашон сусти ноҳияи Ҳисорро хатм кардааст. Азбаски ба санъати овозхонӣ шавқи беандоза дошт, пас аз хатми макатбаи миёнаи махсус ҳуҷҷатҳояшро барои идомаи таҳсил ба  коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов супорид. Иброҳим тӯли чор сол дар ин даргоҳи маърифат бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, коллеҷро мисли дигар ҳамсабақонаш ба итмом расонид. Акнун, ки маълумоти мусиқӣ дошту диплом дар даст, метавонист кор пайдо кунаду аробаи рӯзгорашро ба пеш барад. Аммо Иброҳим дар сар ҳавои дигар хаёлро мепарварид, ки дар борааш ҳатто ба дӯстони наздикаш то ин дам чизе нагуфта буд. Мақсади ӯ идомаи таҳсил ва гирифтани маълумоти олии мусиқӣ буд…
Ҳамин тавр, Иброҳим Камолов роҳ сӯи Консерваторияи миллӣ пеш гирифт. Ин ҷо мушкиле пеш омад, ки интизораш набуд ва дар борааш ҳатто фикр ҳам намекард. Ӯ афзуд: « Раҷабмат Амиров, ректори Консерваторияи миллӣ ба ман  гуфт, нобиноён наметавонанд дар консерватория таҳсил кунанд». Аммо ин дар ҳолест, ки дар дигар кишварҳо шахсони нобино ва қобилияти биноиашон суст қатори одамони солим таҳсил мекунанд ва байни онҳо фарқ гузошта намешавад, - таъкид кард Иброҳим. Масалан, устоди ман, Самад Тиллоев, ки ба ман нотаҳои нобиноиро бо ҳуруфоти брайлӣ омӯзонда буд, хатмкардаи  консерваторияи Горкийи шаҳри Маскав аст. Ман дар коллеҷ баробари  биноён таҳсил намуда, аз муаллимони бино сабақ меомӯхтам. Устодоне, ки дар коллеҷ ба ман дарс гуфтаанд, ҳамроҳи онҳо бо мактуб ба худи ректор муроҷиат кардем, ҳуҷҷатҳои маро дар консерватория гирифтанду хоҳишамро рад карданд.
Як бому ду ҳаво: Котибаи гизала, аммо ректори хушмуомила
Бо шунидани нақли Иброҳим Камолов тасмим гирифтем, ки асли қазияро аз худи ректори консерваторияи миллии Тоҷикистон пурсон шавем. Мутаасифона, ба зангҳои пайвастаи телефонии мо аз дафтари хабаргузории «Озодагон» котибаи ректор як ҷумларо такрор ба такрор гӯшзад мекард: «Ректор нестанд, имрӯз рӯзи қабулашон нест». Илоҷи ягона мулоқот бо Раҷабмат Амиров буд ва роҳ пеш гирифтам ба консерваторияи миллӣ. Айнан ҳодисаи ба ҳамин монанд, боз дар бинои консерватория рӯ ба рӯям омад. Котибаи ректор ба мани хабарнигор, ки вазифаи касбиамро иҷро мекардам, иҷозаи вуруд ба утоқи Амировро намедод, ҳарчанд пушти дари ректор бо ҳарфҳои хоно ва калон-калон навишта шуда буд: Рӯзи қабул-сешанбе. «Мумкин нест, қабул намекунанд, одам доранд, берун бароед,- талаффуз мекард котибаи ректор…Хушбахтона, ректор садои баландро аз қабулгоҳаш шунида, ба котибааш супориш дод, ки бигузор журналист дарояд.
Раҷабмат Амиров, ректори консерватория бо муомилаи нарми хоси худаш маро ба ҳузур пазируфт ва сабаби ташрифамро ҷӯё шуд. Пас аз ин шурӯъ кард ба шарҳи мушкилоти масъала. Бино ба гуфти ӯ, соҳаи сарояндагии анъанавӣ дар мактаби олии мусиқӣ талаботҳои худро дорад. Дар замони Иттиҳоди Шуравӣ барои ин қабил маъюбон китобҳои махсус омода карда мешуд, азбаски консерваторияи миллӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, то ҳол ба мо муяссар нашудааст, ки китобҳои таълимиро барои нобиноҳо дар бахши назарияи мусиқӣ, таҳлил, гармония, солфеҷио ва дигар предметҳое, ки донишҷӯи консерватория тайи панҷ соли таҳсил меомӯзад, дастрас намоем. Аз ҳамин сабаб мо ба ин ҷавон, ки ҳамрои устодонаш ба мо расман муроҷиат карданд фаҳмонидем, ки то имрӯз чунин нафарон ба мо муроҷиат накардаанд. Дар ҳузури устодонаш ба ректори консерваторияи Алмаато телефонӣ сӯҳбат карда пурсидам, ки  шумо таҷрибаи чандинсола доред, оё дар шумо тарзи тайёр кардани кадрҳои нобино вуҷуд дорад ё не? Гуфтанд, ки дар мо кадрҳои нобино тайёр карда намешавад, чунки мо дастури таълимӣ барои нобиноҳо надорем. Амиров дар идомаи сӯхбат гуфт, ҳамчунин бо ректори консерваторияи ба номи Чайковскийи Русия ҳамсӯҳбат шуда пурсон шудем, онҳо ҳам изҳор доштанд, ки мо чунин таҷрибаро надорем. Аз ин хотир мо ба Иброҳим Камолов маслиҳат додем, ки каме сабр кунад, то ин ки мо бо ҳамтоёнамон аз Ӯзбакистону Қирғизистон маслиҳат пурсем, онҳо дар ин самт чӣ кор кардаанд ва чӣ мегӯянд.  Шояд онҳо адабиёту назарияи таълим барои тайёр намудани кадрҳои нобино дошта бошанд, агар чунин бошад, мо адабиётҳои лозимаро харидорӣ намуда, ҳатман Иброҳимро ба консерватория қабул мекунем. Ректор афзуд, мақсади мо қабул накардани Иброҳим нест, баръакс барои пеш аз қабул шуданаш  барои ӯ шароит муҳайё карданием. Мо  барои дохил шуданаш зид нестем, агар чунин мешуд, мо ҳуҷҷатҳои ӯро қабул намекардем, мо барои он талош дорем, ки ин писар дар оянда маълумоти ҳақиқии олии касбиро соҳиб шавад.
Олами рӯъёи Иброҳим
Иброҳим бошад, ҳамоно интизор аст, ки мушкилаш ба чӣ шева ҳал мешавад. Ӯ мегӯяд, ҷиддан хоҳиши идомаи таҳсил дорам, мактаби олиро хатм кардан мехоҳам, ба ҳар роҳе набошад, бояд ба донишгоҳи мусиқӣ шомил шавам. Тайи чор соли таҳсил дар коллеҷ касе барои бурдан ва овардани ман ба ҳунаристон заҳмат накашида будам, худам ба дарс рафта меомадам. Ба замми ин дар компютер, ки барномаи вижа барои нобиноён дорад, кор карда метавонам, бароям дар қатори биноҳо таҳсил кардан ҳеч мушкилӣ надорад. Аз ҳамаи сокинони кишвар даъват мекунам, ки байни биноҳо ва нобиноён фарқ нагузоранд, онҳоро аз ҳамдигар ҷудо насозанд, ҳамаи онҳо охир «ОДАМ» ҳастанд.    Мутаасифона, дар зиндагии имрӯза нафаронеро вохӯрдан мумкин аст, ки чор ишкели бутун доранд, аз ҳеч чиз танқисӣ надоранд, аммо ба корҳои ношояме даст мезананд, ки забон ба гуфтаи амали онҳо намегардад, ман чӣ? …фақат орзуи соҳибихтисос шудан дораму маълумоти олӣ гирифтан, дигар ҳеч,- мегӯяд Иброҳим бо овози гирифтаву ларзон ва як навъ яъсу навмедона.  
Ибодуллоҳи Тоир
{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)