Бахшҳо

Кумитаи "дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов" ташкил шуд

Рӯзи 25-уми май дар Душанбе Кумитаи ҷамъиятии ҳимоят аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, ташкил шуд. Ин кумита шомили эътилофи тозаест, ки ҳадафаш “ҳифзи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ” мебошад.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ва яке аз ташаббускорони таъсиси Эътилоф барои “ҳифзи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ”, ба “Озодагон” гуфт, ҳоло ба раёсати эътилоф нуҳ нафар бо шумули худи ӯ, Маҳмадалии Ҳайит, муовини райиси ҲНИТ, Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, сиёсатшиноси шинохта ва Маҳмудҷон Қосимов, ҳуқуқшинос шомил гардидаанд.

“Дар дохили Эътилоф барои ҳифзи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчунин Кумитаи ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидовро ташкил кардем. Дар ҳоли ҳозир ба ҳайати ин кумита бештар аз 13 нафар дохил гардиданд. Намояндаҳои аҳзоби сиёсӣ, гуруҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ низ шомили ҳамин кумитаанд”,-афзуд Зоиров.

Раҳматилло Зоиров мегӯяд, Эътилоф дар чанд самт фаъолият хоҳад кард, ки ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов аз аслитарини онҳо хоҳад буд. “Мо супориш додем, ки ҳамин рӯз барномарезӣ шавад, ки чӣ гуна дар чорчубаи конунгузорӣ дар ин самт фаъолият хоҳем кард”,-гуфт раиси ҲСДТ.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта дар авоили моҳи апрел аз таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод. Баъд аз чанд фурсат мақомот алайҳи ӯ чанд парванда боз карданд.
Мӯҳр
Ман аз наздики Зайд Саидро боре хам надидаам, аммо дар асоси шунида ва тахлилхое ки дорам номбурда яке аз пешсафон дар сафи пеши ободкорон ин марзу бум, ки номаш Точикистон мебошад, будаанд ва ба дастовардхои хубе хам ноил шуда будаанд. Дар Хукумате ки имруз уро сиёх ва гунахкор медонад замоне аъзо низ буд. Гумон мекунам ки ба зиндон кашидани Зайд Сайид у кадар гапе хам нест, аммо ин ходиса пеши садхо мардонеро ки дилашон камтараке хам бошад гарм шуда буд ба ин ватан сад дар сад аз нав хунук шуд ва мешавад ва дар Точикистон рушди тичорат ва маблаггузорихои инвеститсиони ба кафо меравад. Ба ин Хукумат бовари ва эътимод кам мешавад. Ман рохбари давлат Эмомали Рахмонро ин кадар эхтиром мекунам ва дуст медорам ки шояд наздиктарин одамош дуст надоранд. Аммо имруз у аз вокеъият ва аз асли хеш дур шудааст. Тори тамалук хушомадгуи, васвасаву шайтони ва фасод ва корупсия уро то андозае мисли гузаи пила (кирмак пила) печонидаанд ва у аз мардумаш фарсахо дур шудааст. Агар хато кунам Худо маро бубахшад. Сад хайфи ин ватан ва ин мардум. Айби ин мардум хам хаст. Табиати ин мардум хушомадгуи будааст. То вакте сари кударт хасти падар, устод ва оли чанобат мехонанд. Вакте бори харут кач шуд, дар гор сарозерат мекунанд. Агар бовар накунед ба таърих назар кунед. Узр агар хато гуфта бошам. ба хар хол Кумитаи дифоъ агар бо барои холгирии сиёси набошаду вокеъан барои дифоъ аз хукуки як точики чабрдида бошад ман тарафдор. Ин ватан ва ин мардум худкуши бегонапараст будааст ва боки мемонад. Боки Худо шуморо таъфикро насиб гардонад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)