Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:11

Ҳеч гап намешуд, агар президент мегуфт: БУБАХШЕД!

25 май 2013, 15:08

Имсол соли интихоботи раёсати ҷумҳур дар Тоҷикистон аст.

Бозиҳои сиёсӣ, ваъдаҳои сиёсӣ, фиребҳои сиёсӣ, мардуми шарифи Тоҷикистонро “мепечонад”.

Ваъдаҳо дар бораи доимӣ шудани нерӯи барқ, ваъдаҳо дар бораи баланд бардоштани маош, дар бораи бо кор таъмин кардани мутахассисони болаёқату ҷавон...

Дар бораи ин ваъдаҳо, як каме баъдтар, Худо хоҳад, менависам. Ҳоло танҳо ҳаминро гуфтаниям, ки ҳукумат аз аввал то ба ҳол ягон ваъдаи додаи худро ба таври бояду шояд иҷро накард, ки накард.

Акнун, бигзарем сари мавзӯъ. Набард. Набардҳои сиёсӣ.

Ваъдаи сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи шаффоф гузаштани интихоботи президентӣ.

Кашида гирифтани Ҳизби демократ аз Масъуд Собиров, роҳбари пешини он.

Латукӯби Маҳмадалии Ҳаит, ҷонишини роҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ.

Фишор ба рӯҳониёни маъруфи кишвар, бахусус оилаи Тӯраҷонзодаҳо.

Ташкилёбии ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”.

Баъд аз чандин сол якбора мусоҳиба додани собиқ сарвазири Тоҷикистон, Абдумалик Абдуллоҷонов, ва боздошту раҳоии ӯ.

Надодани раводид (виза) барои иштирок дар ҷашни чилсолагии ҲНИТ ба фарзанди Бурҳониддин Раббонӣ, собиқ раисҷумҳури Афғонистон.

Эълони ташкил шудани ҳизби “Тоҷикистони нав” аз тарафи тоҷири муваффақ, Зайд Саидов ва боздошти ӯ.

Даргириҳии нерӯҳои давлатӣ бо мухолифони мусаллаҳ дар Бадахшон.

Фишорҳои зиёд болои расонаҳои мустақил...

Ин ҳама набардҳои сиёсие буданд, ки дар соли интихоботи прзидентӣ ба амал омаданду аз онҳо аҳолии кишвар бохабар ҳастанд. Бар замми ин ҳама набардҳои ошкор, боз набардҳову таҳдидҳои пинҳонӣ ҳам ҷой доштанд, ки лозим нест онҳоро инҷо ҳамчун мисол биоварам. Танҳо ҳамин қадарашро менависам, ки таҳдидҳо болои ҳатто оилаҳои рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон низ имсол ҷой доштанд.

Моҳи ноябри соли равон интихоботи президентӣ баргузор хоҳад шуд.

Табиист, ки ҳукумат ва роҳбарияти он барои нигоҳ доштани ҳокимият кушишҳо кардаву мекунанд. Ва ин як иқдоми хуби сиёсӣ ҳам ҳаст. Аз ҷумла, вохӯрии охирини президент кишвар, Эмомалӣ Раҳмон, бо ҷавонон, бо хароҷоти зиёд.

Ман аз чунин вохӯриҳо хушам меояд ва тарафдор ҳам ҳастам. Аммо интзории ман, ҳамчун як намояндаи насли ҷавони кишвар, бароварда нашуд. Интизор будам, ки президент аз ин вохӯрӣ истифода карда, аз мардуми шарифи Тоҷикистон як бор, танҳо як бор бахшиш мепурсид, ки халқи азизам, ҷавонони гиромӣ, маъзарат, ки мо на ҳама ваъдаҳои додаи худро иҷро кардем, чун мо ҳам мушкилиҳои зиёд дорем.

Ин номардӣ намешуд, ин оҷизӣ намешуд, баръакс, меҳри мардумро нисбати худ зиёд мекард. Бахшишпурсӣ ва ё гиря кардани наттоқонро то ба имрӯз мардуми ҷаҳон хуш қабул кардаанд.

Халил ҚАЮМЗОД

PS: Ин навишта нигоҳи шахсии муаллиф аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Афсус ки дар мулокот набуди ва на аз хама гапу кор хабар дор. Сар сари андешарони мекуни. Мебуди медиди. Вале набуданат хам хуб буд. Боз аз зери нохун чирк мекофти....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ном Салим
Бисёр дуруст кайд кардед!!!
Худатон мегуед чи кадар вакти кимматии худро сарф карда муборза бурда истодааст.................,ки тамоми пиру чавон Чаноби оли гуфта истикболаш мекунанд мебинад,ки "мардум" 100% аз У розиянд.
Пас барои камбудихояш (бахшиш) пурсад ......................
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Халилчон, Худо хифзат кунад!!!
Хуб навиштаи!

Халил туда гап нест, бро!
Амихе навис! Худочон тра дар амонаш ниго дора!!!!!
Посух додан
  • Сагера аз интернат

  • 25 май 2013 22:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акаи Хилватшох Ман Шуморо хамчун як мутахасиси барчастаи ин соха медонистам! ва бовар надоштам , ки ба чунин навиштахо Шумо хамфикр бошед! бовар надоштам! Ва дустам фаромуш накун ки як нукта метавонад имичи шахсро ба поин барад!
Посух додан
  • Garib

  • 26 май 2013 10:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Eeee noshukri mekuneddaaa o prezident ba hamma 1-toi I-pad dod shumo boshed boz tanqid mekuned. Man fikr kardam, ki prezidenti dili hammaro ba 1-toi I-pad yoftas, ki inqadar mardumi mo noshukr budaaas ))))
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зихи Озодагони озоднавис! Бехтарин аст.
Вокеан Озодагон зинда шуд!
Каюмарс, Хилватшох, акаи Зафар, мо хонандагони сомона бо шумо ифтихор мекунем. Ва ахсан Халил. Вокеан замоне расид, ки раисчумхур аз мурдум пузиш хохад...
Лутфан чоп кунед!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ты кто такой? Давай, дасвидания! angry
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Доир ба неруи барк - агар президентамон Рахмон не, Путин ё Обама хам мебуд, ки светро доими кардан наметавонист - надо быть объективным
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо метавонистед ин руйхатро се чор сахифа нависед. Аммо хаминаш кифоя аст, то одами окил бифахмад, ки ин Хукумат ба чи кодир аст. Дилам хаста шудааст аз ваъдахо аз дагдагахо аз суханбозихо. Раисон дар нохияхо 20 сол аст ки суханбози мекунанд. Дар ин мамлакат хама сухан мегуяд. Хама шеър мехонад. Хама мераксанд. Дар хонашон нони хурдани надоранд, аммо мераксанд ва шеър мехонанд. Хар мох як паём як вохури як суханпардозии нав. Эй инсонхо асри 21 аст. Миллатхои дигар шахсози мекунанд. Завод месозанд. Корхоначо месозанд. Аз руи инсоф якбор ба дилхох деха равед. Хама бекоранд. Кади кучахо пури одам. Дига намефахми ки рузи истирохат кадом асту рузи кори кадом. Рузи чумъа ягон кас дар кор нест. Рузи якшанбе хам дар истирохати расми. Як хафта 7 руз бошад 3-4 рузаш истирохат. Инсоф кунед бо хамин образи зиндаги оё мешавад ватан обод кард Метавон ояндаи ин миллатро сохт. Бо сухан мешавад ватан сохт. Бо ваъда метавон ватан сохт. Не ки не. Аз хоб хезед эй мардум. Бедор шавед. шарм кунед. Даъво бихишту дунёи охират мекунед. Охиатро дар ин дунё бояд сохт. Номро дар ин дунё бояд бимонд. Ном ки човид шуд куштанаш осон кучост. Ин аст философия ХАК.
Посух додан
  • fayz

  • 26 май 2013 22:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
salomat boshed bisyor fikrhoi hub gufted. amMo alloh guftaast az tu harakat az man barakat ba in guftahoi zaboni kor pesh nameravad mo boyad onro dar ammal tadbik kunem.
Посух додан
  • чавон

  • 28 май 2013 11:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
кучошид навистагихои ма ака. ё шуморам номтон озодагонай худтон озодаву озод нестен????

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!