Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:15

«Бавария» бори панҷум қаҳрамони Лигаи чемпионҳо шуд

26 май 2013, 09:51

Тими «Бавария»-и Мюнхен ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо шуд.

Дар қисмати финалии мусобиқа, ки шаби гузашта (соати 23:45 ба вақти Тоҷикистон оғоз ёфт) дар варзишгоҳи «Уэмбли»-и Лондон баргузор шуд, «Бавария» дастаи «Боруссия»-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Голҳои «Бавария»-ро Марио Манҷукич ва Арен Роббен заданд. Тӯби ягонаи «Боруссия»-ро аз зарбаи 11 метра Илкай Гюндоган ба нишон расонд.

Тими футболи “Бавария”, ки дар бозиҳои даври ниманиҳоӣ рақиби “Бавария”-и Испания буд, дар ҳар ду бозӣ ғолиб омада, ба финал баромад. “Бавария” дар бозии аввали даври нимниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА-2012/2013 тими футболи “Барселона”-ро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Бозии ҷавобиро дар меҳмонӣ анҷом дода, бо ҳисоби 0:3 пирӯз шуд ва бо ҳисоби умумии 7:0 аз ду бозӣ ба даври финалӣ баромад.

Тими “Боруссия” дар бозии аввалини даври ниманиҳоии мусобиқот клуби “Реал-Мадрид”-и Испанияро бо ҳисоби 4:3 шикаст дода, дар бозии ҷавобии даври ниманиҳоӣ бо ҳисоби 2:0 шикаст хӯрд ва бо ҳисоби умумии 4:3 аз ду бозӣ ба даври финалӣ роҳ ёфт.

Ин панҷумин пирӯзии Мюнхен дар Лигаи қаҳрамонҳо мебошад.

Бори аввал дар таърихи ин сабқат ду тими Олмон ба даври ниҳойӣ роҳ ёфтанд. Қаблан дар қисмати финалии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо дастаҳое чун «Реал» ва «Валенсия»-и Испания, «Милан» ва «Ювентус»-и Италия ва «Манчестер Юнайтед» ва «Челси»-и Англия бо ҳам рақобат кардаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бавария ғолиби солхои 2012-2013

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!