Бахшҳо

Анҷумани муассисони ҳизби “Тоҷикистони нав” ба таъхир афтод

Анҷумани гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, ки қарор буд имрӯз, 26-уми май, дар шаҳри Душанбе баргузор ва сипас аснод барои сабтином ба Вазорати адлия пешниҳод гардад, ба таъхир афтодааст. Маҳмудҷон Қосимов, муовини раҳбари гурӯҳи мазкур, ба “Озодагон” гуфт, ин анҷуман моҳе дертар баргузор хоҳад шуд ва далели таъхир боздошти ғайричашмдошти раҳбари гурӯҳ Зайд Саидов мебошад.

Ба суоли “Озодагон” дар ин бора, ки оё то моҳи дигар мушкилҳои дигаре барои баргузории анҷуман пеш нахоҳанд омад, Маҳмудҷон Қосимов гуфт, “мо тибқи муқаррароти қонунгузорӣ омодагӣ мегирем ва мушкилот набояд пеш оянд.”

Шашуми апрели соли ҷорӣ Зайд Саидов бо чанде аз ҷонибдорону ҳамфикронаш, аз ҷумла Абдулғанӣ Маҳмадазимов, Маҳмудҷон Қосимов, Шавкат Бозоров ва дигарон дар мавриди тасмими таъсиси ҳизби сиёсӣ хабар доданд.

Баъдан, 10-уми май ташаббускорони ин ҳизби то ҳол сабтиномнашуда, бо баргузории як ҷаласаи изтирорӣ аз таъқибу таҳдид ба ҷону моликияти роҳбарашон Зайд Саидов хабар доданд. Маҳмудҷон Қосимов, яке аз ташаббускорони “Тоҷикистони нав” гуфт, баъд аз эълони таъсиси ҳизби нав ба унвонии Зайд Саидов пайёмакҳое расидаанд, ки дар онҳо аз ҷумла таъкид шудааст, “агар ӯ аз таъсиси ҳизб даст накашад, ба ҳалокат хоҳад расид.” Дар матни паёмак инчунин баъзе таҳқирҳое омадаанд, ки Қосимов аз ифшои онҳо худдорӣ кард.

Баъдан, 17-уми май Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон нисбат ба Зайд Саидов парвандаи ҷиноӣ боз кард, ки он замон номбурда дар сафар хориҷ аз кишвар қарор дошт. Рӯзи 19-уми майи соли равон соати 03-00 Зайд Саидов ҳангоми бозгашт аз хориҷа дар фурудгоҳ боздошт ва рост ба бинои Оҷонсии мубориза бо фасод интиқол ёфт. Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ ва барои тақаллубу серзанагӣ ва сӯистифода аз мақом муттаҳам мешавад.
Мӯҳр
диловар
иншоАллох хамаш хуб мешавад, дуо мекнунем ...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)