Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:16

Дар ҷумҳурӣ 7 ҳазору 431 нашъаманд расман ба қайд гирифта шудааст

13 июл 2011, 10:15

Феълан дар саросари Тоҷикистон 18 ҳазору 956 нафар гирифтори бемории диабети қанд расман сабти ном шудаанд.

Аз ин теъдод 1742  нафарашон маризони инсулинвобаста буда, 169 кӯдак ҳам мубталои  бемории мазкуранд. Дар ин бора имрӯз, Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотии созмонёфта дар ҳузури хабарнигорону коршиносони соҳа иброз дошт.

Ба қавли вазир, яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ ва ҳам кам кардани фавти атфол эмгузаронии саросарӣ мебошад. Ба ин хотир тайи шаш моҳи соли равон ду маротиба аз ҷониби масъулини хадамоти эпидемологии ҷумҳурӣ ва намояндагони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мониторинг оиди назорати эпидемологии бемории фалаҷ гузаронида шуд.Салимов афзуд, дар асоси нақшаи вазорати тандурустӣ бо мақсади пешгирии бемории фалаҷ дар ҷумҳурӣ, дар ду давр аз 18 то 22-юми апрел ва аз 23 то 27-уми майи соли равон рӯзҳои миллии эмкунӣ бар зидди бемории фалаҷ  сурат пазируфт. Дар ин чорабинӣ ҳудуди 1.016179 нафар кӯдакони гурӯҳи мақсаднок и то 5- сола фаро гирифта шудаанд.   

Вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд,  айни ҳол гирифторони ҷоғари эндимикӣ дар ҷумҳурӣ 70 ҳазору 145 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар қиёс ба як соли қабл 2,6 % кам мебошад. Зимнан, тазаккур дода шуд, ки то 1-уми июни соли равон дар ҷумҳурӣ 7 431 нафар беморони нашъаманд дар қайд буда, 265 нафари онҳо бори аввал ба қайд гирифта шудаанд.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!