Бахшҳо
27 май 2013 09:27Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Тоҷикистон дар коми "аждаҳои сурх". Қарзҳои Чинро кӣ мепардозад?

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи 19-уми май аз Тайланд ба шаҳри Пекини Чин рафта, бо роҳбарони як қатор ширкатҳои маъруфи ин кишвар мулоқот намуд ва онҳоро розӣ кунонидааст, ки ба иқтисодиёти кишвар садҳо миллион доллар сармоягузорӣ намоянд.

Долларҳо дар роҳ

Тавре Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон иттилоъ дод, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Хуан Ҷянжун, роҳбари ширкати Чайна глобал ва Ван Хайтао, президенти Иттиҳодияи саноати кӯҳӣ, густариши истеҳсолот дар ширкати муштараки кӯҳкории Зарнисор ва ташкили ҳамкорӣ дар дигар конҳои кишварро баррасӣ намуд.

Дар ин вохӯрӣ зикр гардидааст, ки ширкати Чайна глобал тасмим дорад, дар марҳилаи якуми бунёд ва рушди ширкати муштараки "Зарнисор" беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда, ҳамчунин дар шаҳри Истиқлол як комбинати бузурги металлургӣ бунёд намояд.

Гуфта шудааст, шумораи коргарони ин ширкат аз Тоҷикистон бояд ба 2-3 ҳазор нафар расонда шавад. Эмомалӣ Раҳмон ба ин ширкатҳо тавсия додааст, ки барои дастрасӣ ба конҳои нави Тоҷикистон дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намоянд, зеро ҳоло ин кор танҳо тавассути чунин озмунҳо имконпазир аст.

Қарзи Чин ва хатари сиёсӣ

Ин сафари раисҷумҳур ба Чин барои дарёфти қарз ва ё сармоя дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳамакнун қарзи хориҷии Тоҷикистон дар квартали аввали соли ҷорӣ 2 миллиарду 125,75 миллион долларро ташкил медиҳад, ки баробар бо 25,2% -и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мебошад. Аз ин рақам беш аз 862 миллион доллар ба Чин тааллуқ дошта, ин кишвар бузургтарин қарздиҳандаи Тоҷикистон мебошад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки қарзҳои пардохтии Чин ба Тоҷикистон ҷуз аҳдофи иқтисодӣ ҳадафҳои сиёсӣ ҳам дошта аз хатар орӣ нест.Аз онҷое, ки Чин як абарқудрат ҳасту пештар қитъае аз хоки Тоҷикистонро аз они худ карда буд, нигарониҳо аз афзоиши қарзҳои ин кишвар афзоиш меёбад. Зеро табиист, ки ҳар кадом аз ин давлатҳову ташкилот метавонанд дар баробари қарзи додаашон талаботи худро муқобили Тоҷикистон гузоранд, ки ниҳоят сабаби бархӯрди манофеъ ва фишор болои кишвар мешавад. Ба унвони мисол, соли 2005 Русия бо бахшидани 300 миллион доллар қарзи Тоҷикистон пойгоҳи назоратии "Окно"-ро аз худ карду инак бобати он маблағе пардохт намекунад.
Дар ҳамин маврид Мирзои Салимпур, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ҳаҷми қарзҳои Чин алакай ба ҳадде расидааст, ки метавонад дар оянда ҳамчун як фишанги ҷиддӣ ба хотири таҳмили хостаҳои Пекин бар Душанбе истифода шавад. Аммо аз тарафи дигар, Чин аз ангуштшумор кишварҳоест, ки аз таъмини молии тарҳҳои бузург дар Тоҷикистон парҳез намекунад ва ҳукумати Тоҷикистон чорае дигар ба ҷуз аз рӯ овардан ба ин кишвар, ки акнун мақоми шарики стратегии Душанберо гирифтааст, надорад.

"Ба ҳар сурат, бояд ба оқибатҳои афзоиши қарзҳои Чин ҷиддан андешид, чун дар сурати пеш омадани ҳолатҳои форс-мажор ё пардохта натавонистани ин қарз ба далоили иқтисодӣ мо хеле вобастаи хостаҳои ин аждаҳои хуфтаи Осиё хоҳем шуд", изҳор дошт Мирзои Салимпур.

Нуралӣ Давлат коршиноси масоили сиёсӣ ин гуфтаҳоро тақвият бахшида мегӯяд, Чин дар Африқо ба бисёр кишварҳо қарз дод аммо вақте, ки қарздорон қарзҳояшонро гардонда натавонистанд, ҳар чизе, ки аз пули Чин сохта шуд, моли худ карданд. Ҳамин хатар дар Тоҷикистон ҳам вуҷуд дошта метавонад.

Қарзҳо самаранок сарф шудаанд ё бесамар?


Қарзи хориҷӣ дар худ мушкилоте дорад, ки бояд ҳал гардад. Табаралӣ Ғаниев доктори улуми иқтисод мегӯяд, қарз новобаста аз онки дохилист ё берунӣ ҳатман бояд баргардонида шавад. Вобаста ба шакли додани қарз мушкилоте пеш меояд. Ба гуфтаи номбурда масъалаи севвуми ташвишовар ин аст, ки ин қарзҳо дар кадом соҳаҳо сарф мешаваду чи судоварие доранд.

"Судоварии қарз бояд кофӣ бошад, то аз он фоидаи рушди иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистонро гирем ва ҳам онро баргардонем. Масъалаи судоварии қарз агар ҳаматарафа аз нигоҳи мутахассисон омӯхта шаваду баргардонии қарз агар таъмин гардад хуб аст. Агар дар ингуна амалиётҳо тавакалкорӣ сурат мегирад, бояд зинаи дувуми он навоварӣ ҳам иҷро гардад",-гуфт Табаралӣ Ғаниев.

Дар ҳоле аз истифодаи самараноки қарзҳои гирифташуда сӯҳбат мешавад, ки ба назар намерасад ин қарзҳо чандон самаранок истифода шуда бошанд. Зеро Фирдавс Усмонов сардори шўъбаи қарзи хориҷии вазорати молия мегӯяд, ки ин қарзҳо дар соҳаи нақлиёт, энергетика ва соҳаҳои иҷтимоӣ сарф шудаанд. Вале бояд гуфт, ки соҳаҳои иҷтимоӣ ба ҳеч ваҷҳ иқтисодӣ нестанд ва пешрафт кардани онҳо таи солҳои наздик дур аз интизор аст.

Дар зимн Фирдавс Усмонов мегӯяд, қарзҳо феълан муътадил ҳастанду ҳеч хатаре барои Тоҷикистон надоранд, зеро ҳануз аз он меъёрҳое, ки вазорат муайян карда убур накардаанд ва тибқи таҳлилҳои вазорат қарзҳои берунаи давлат то соли 2020 бехатаранд. Ин ҳам дар ҳоелст, ки ба гуфтаи профессор Муним Ҳасанов, муҳаққиқони Осиёи Марказӣ чун ба мушкили қарзи хориҷӣ таваҷҷуҳ намекунанд, ба ҳамин хотир роҳи ҳалле барои пардохти он ироа намедиҳанд. Худи қарзи давлатӣ яке аз омилҳои бўҳрони молии ҷаҳонист. Зеро бўҳрони молии ҷаҳонӣ аз солҳои 2008 то 2010 ѓайри оддӣ буд, чун ҳамачӣ аз бахши молиявӣ оѓоз шуда ба қарзи хориҷӣ муттасил гардид. Муним Ҳасанов мегўяд, ки қарзи хориҷӣ дар асари сиёсатҳои нодурусти молиявию иқтисодӣ зуҳур мекунад.

Гузашта аз ин аксари кишварҳо аз ҳисоби даромади миллии худ қарзашонро бармегардонанд. Вале даромади кишварҳое чун Тоҷикистон аз содирот ба вуҷуд меояд. Содироти Тоҷикистон ҳам бештар маҳсулоти хом минҷумла пахта ва аломиниюми бо коркарди хеле поин мебошанд. Нархи аломиниюм ҳам чун паст меравад, тарози савдои хориҷии Тоҷикистон сангинтар мебарояд.

Бо таваҷҷуҳ ба ҳамаи инҳо иқтисоддонон мегӯянд, ки ҳарчанд маҳсулоти ватанӣ сол то сол дорад зиёд мешаваду қарз набояд ташвишовар бошад, вале чун колоҳои дохилии кишварро маблағҳои буҷету андоз ташкил медиҳад ва ин маблаѓҳо аз дохил неву аз берун муаян мегардад, дар сурати вуқуъи бўҳрон дар он давлатҳо Тоҷикистон низ бо мушкил мувоҷеҳ мешавад. Дар ҳолате, ки раванди зиёдшавии ММД ҳам аз беруну ҳам аз дарун вобаста аст, ин қарзҳо ташвишоваранд.

Захоири тиллову асъори кишвар ҳам, ки тавони пардохти қарзи Тоҷикистонро муайян мекунад, аслан кофӣ нест. Чун захоири тиллову асъории Тоҷикистон танҳо барои 1,6 моҳи воридоти кишвар кифоя асту бас. Барои доштани иқтисодиёти пурқувват, ки ба зарбаҳои гуногун тобовар аст, ин захираҳо бояд ба 3 моҳи воридот баробар бошад.
Мӯҳр
Бародари азиз Точикистони мо зиёда аз 12 милярд долар карзидор аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)