Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:34

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат “Парвоз”-ро голборон кард

27 май 2013, 10:19

Бозиҳои даври 8-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор гардид.

Рӯзи 26-уми май, дастаи “Хайр”-и Ваҳдат, дар варзишгоҳи худ тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 5:1 шикаст дод.

Голи нахустини сабқатро Баҳодур Шарифов, бозигари дастаи “Хайр” дар дақиқаи 31-ум аз пеналтӣ ба ҳадаф расонид. (1:0). Ҳусейни Сӯҳробӣ, бозигари дигари дастаи мизбон 32-юм голи дуюмро вориди дарвозаи мизбонон намуд. (2:0). Сӯҳроб Эгамбердиев, бозигари дастаи “Парвоз” дар дақиқаи 47-ум ба як голи мизбонон посух гуфт. (2:1). Се бозигари дигари дастаи “Хайр”--Ҷамолиддин Оев, дар дақиқаи 69-ум (3:1), Ҷамшед Исмоилов, дар дақиқаи 75-ум (4:1) ва Ҳусейни Сӯҳробӣ дар дақиқаи 86-ум (5:1) як голии дигар заданд.

Ёдовар мешавем, ки се бозии дигари даври 8-ум рӯзи шанбе 25-уми май баргузор гардид. Дастаи “Вахш” дар варзишгоҳи худ бар тими “Истаравшан”-и Истаравшан бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаи дидорро Бахтиёр Қаландаров, дар дақиқаи 43-юми сабқат ба ҳадаф расонид.

Дастаи “Энергетик”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахт тими “Регар-ТадАз”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро Одил Бобоназаров ба дарвозаи дастааш зад.

Дастаҳои “Истиқлол” ва ССКА “Помир” дар варзишгоҳи марказии пойтахт ба сабқат баромаданд, бози бо ҳисоби 3:0 ба нафъи дастаи “Истиқлол” анҷом ёфт. Голҳоро Шарифов, 48 (2:0), Виллер Оливейра, 53 (3:0) ба ҳадаф расониданд.
Феълан дар ҷадвали мусобиқот дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва Равшан”-и Кӯлоб бо 18-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуюм қарор доранд. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 10 имтиёз дар зинаи сеюм аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • мухлис

  • 27 май 2013 10:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хайр зур аст охир вакте бо Истиклол бози мекунад судия тарафгирии мекунад истиклол бибурад гуфта

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!