Бахшҳо
27 май 2013 10:55Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дар Кӯлоб дастурҳои Оқил Оқиловро иҷро намекунанд

Аслиддин ДОСТИЕВ

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар аксари мавзеъҳои селхез дар навоҳии Кӯлоби вилояти Хатлон, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ чавобгӯйи талаботи сохтмонӣ нестанд. Дар ин мавзеъҳо суръати корҳои сохтмонӣ ва сифати он паст буда, дар баъзе маврид умуман корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба роҳ монда нашудааст. Ба андешаи коршиносон, сабаби асосии фаолияти нохуб ва сифати пасти корҳои сохтмонӣ дар ин самт, аз санҷиш дур мондан ва беназоратӣ аз ҷониби масъулин будааст.

Ҳанӯз охири моҳи ноябри соли гузашта сарвазири кишвар Оқил Оқилов ба навоҳии минтақа сафари кории махсус оид ба хатари селзанӣ дар ноҳияҳо ва пешгирӣ аз он ба анчом расонида, шахсан аз ҳамаи мавзеъҳои хатарнок дидан карда буд. Баъдан, шоми 1-уми декабр дар шаҳри Кӯлоб як ҷаласаи сайёри тадорукотӣ оид ба хавфи ҳолатҳои фавқулода, ба хусус фаромадани сел ва пешгирӣ аз он дар якҷоягӣ бо раиси вилояти Хатлон, намояндагони вазорату корхонаҳои чумҳуриявӣ ва раисони шаҳру навоҳӣ доир намуда буд. Дар ин ҷаласа чаноби Оқилов аз мақомоти давлатӣ дар мавриди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва мавзеъҳои хатарзо дар соҳилҳои рудхонаву обпартовҳо маълумот гирифта, ба намояндагони вазоратхонаҳо ва кумитаҳои чумҳуриявӣ барои кумак намудан барои корҳои сохтмониву соҳилмустаҳкамкунӣ, дархосту супоришҳо дода буд.

Сарвазир барои чоннок намудани кор дар ин самт ва дарёфтани ахбор аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, бо як супориши протоколӣ талаб намуда буд, ки сар аз 1-уми декабр (с. 2012) ситоди чумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва сохтмони соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҳайати намояндагони вазоратхонаҳои мелиоратсия ва хоҷагии об, ҳолатҳои фавқуллода, молия, нақлиёт, институти лоиҳакашӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, мақомотҳои давлатии ҳокимиятҳои маҳаллӣ созмон дода, рӯзи шанбеи ҳар ҳафта ҷаласаҳои ситодӣ доир намуда, аз рафти корҳо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ маълумотнома пешниҳод гардонда шавад. Ба қавли чаноби Оқилов, дар ин ситодҳо мушкили рухдода бардошта шуда, дар якчоягӣ онро ҳалу фасл бояд кард.
Сарвазир таъкид карда буд, ки масъалаи соҳилмустаҳкамкунӣ дар Хатлон таҳти назорати бевоситаи президент қарор мегирад ва ичроиши он ҳатмист. «Ман робот не, ки барои чӣ иҷро нашуд гуфта, ҳар дафъа мушт бар стол занам. Ман тарафдори иҷроишу ҳали масъала ҳастам»- гуфта буд Оқилов.

Вале, бо гузашти беш аз 6-моҳ дар ин самт корҳои назаррас, ба хусус дар соҳилҳои рудхонаҳои навоҳии минтақа ба мушоҳида намерасанд. Дуруст аст, ки дар баъзе маврид канори соҳилҳо ва ё миёни сангови дарёву обпартовҳо ягон эксковатор ва ё булдозер ва ё 2-3-адад нақлиёти боркаш баъзан ба кор фарогир мешаванд. Вале амалиёти саддгузорӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ тақрибан номаълум аст. Гумони ғолиб бар он аст, ки бинобар беназорат мондани рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ сохтмончиён низ ҳавсалаи кор намекунанд. Зеро, тавре дар боло қайд карда будем, тибқи супориши протоколии сарвазири чумҳурӣ мебоист, рӯзи шанбеи ҳар ҳафта ситоди чумҳуриявӣ доир мегардиду сохтмончиён ва боқӣ масъулин аз рафти корҳо, мушкилу проблемаҳо маълумот пешниҳод мекарданд. Ба иқрори муовинони раисони навоҳӣ, ки бевосита ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ муваззаф гаштаанд, моҳи аввали баъди ин супориш инчунин ситод доир мегардид, вале бо гузашти 1-моҳ дигар на ситод баргузор мегардаду на ягон намояндае аз кумитаву вазоратҳо дар пайи ҳали «супориши протоколӣ» мешавад. Ба истилоҳ, соҳилмустаҳкамкуниву пешгирии сел дигар касеро нигарон намекунад.

Инчунин бепарвогӣ аст, ки сохтмончиён танҳо ба хотири аз худ намудани маблағи барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷудошуда, бо ягон техникаву нақлиёт як миқдор корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, дар бисёр маврид аз як кунҷи соҳил ба кунҷи дигар кашондани чанд карат (рейс) санги санговро, ба анҷом мерасонанду бо ҳамин то лаҳзаи дигари «экстрений» манъи кор мекунанд.

Аммо дар сойи обпартови Даҳана, дар рустои Ҷерқалъаи ноҳияи Кӯлоб шоҳиди ҳолате гаштем, ки… ба гуфтан бовар намеояд. Замоне ба ин мавзеъ омадем, раиси ҷамоати деҳоти Зиракӣ Саъбагул Валиева
миёнаи обпартови селгузар бо чанд тани дигар супориш медод. Ин ҷо ду адад нақлиёти боркаши тамғаи Камаз ва 1-адад эксковатор машғули сангкашонӣ буданд. Ҷараёни об аз ҷониби чапи обпартов ҷорӣ буду аз тарафи рости он ҳамин 2-нақлиёт, ки яке аз санги сангову дигарӣ аз санги калон пур гашта буданд, роҳи баромад аз даруни обпартов меҷустанд. Агарчӣ ба он даромада буданд, аммо баъди пурбор гаштан, дигар аз роҳи омадаашон бо иллати вазнинӣ, баромада наметавонистанд. Хонуми Саъбагул гуфт, ин нақлиёти шахсии сокинони чамоат будааст, ки бо илтимосу зории раиси ҷамоат барои кашондани санг баҳри мустаҳкам намудани соҳили обпартов, ба кор фарогир гаштаанд. «Аз ҷониби идораи хоҷагии об бароямон як эксковатор чудо намудаанд. Баъзан аскарони ситоди ҳолатҳои фавқуллода ҳам кумак мерасонанд. Дигар ташкили нақлиёти боркашу корҳои сохтмониро ба таври ҳашар, бо чалби сокинони рустоҳо ба анҷом мерасонем. Шояд дар ҳолати зарурӣ бароямон нақлиёти боркашу ягон техникаи дигар ёрдам намоянд», мегӯяд Валиева.

Дар ҳамин мавзеъ, наздик ба рустои Ҷерқалъа ва Камар, сохтмончиён корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида будаанд. Вале чӣ гуна соҳилро «мустаҳкам» кардаанд, саволи дигар аст. Аз як чониби соҳил то соҳили рӯ ба рӯ ба дарозии тамоми руд, паҳнои беш аз 10-метр ва баландии зиёда аз 3-метр ба истилоҳ «дамба» задаанду дигар оби дарё мачрояш ба пуррагӣ маҳкам гаштаву… танҳо роҳи аз соҳил берун гаштану заминҳои кишоварзиро хароб кардан мемонаду бас. Вақте аз хонуми раис пурсидем, ки ба кадом хотир аз чунин саддгузорӣ кор гирифтаанд, гуфт, «ман сохтмончӣ нестам ва ба чӣ хотир ин гуна дамба задаанд, гуфта наметавонам. Инро аз сохтмончиён пурсед. Вазифаи ман ташкили кор аст, ки аз ӯҳдааш мебароям. Нақлиёти боркаш таъмин мекунем, мардумро ба ҳашар мебарорем, сетка мезанем ва ғайра. Ин дамбаро сохтмончиён бардоштаанд, шояд зарур будааст. Боз лозим шавад, онро барканор мекунанд».

Аммо гумон меравад, инчунин саддгузории обпартов ба хотири берун рафтани оби руд аз соҳилу харобу вайрон намудани заминҳои кишт ва дар ин бастагӣ, дарёфти ба истилоҳ «кумак аз селзанӣ» мебошад, ки дигар чизе наметавон онро унвон кард. Вагарна, пеши роҳи рудро ба пуррагӣ бастан, маънои дигаре надорад.

Дар ҳукумати шаҳр гуфтанд, ки аз чунин саддгузорӣ хабар надоранд. Дар идораи хоҷагии оби шаҳр бошад гуфтанд, ки ин саддро хоҷагидорон ба хотири об мондан ба заминҳои кишт муваққатан бунёд кардаанд.

Маҳмадрасул Назаров, сардори идораи хоҷагии об мегӯяд, «соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин мавзеъ дар ихтиёри идораи мо нест. Аз рӯи овозаҳо, кишоварзони хоҷагии ба номи Ҳамадонӣ садди миёни обпартовро ба хотири об мондан ба заминҳои корамашон бардоштаанд, ки комилан нодуруст аст».

Аммо ба андешаи хонуми Валиева, дар ин бора навиштан зарур нест.
«Ман як занам ва корҳои зиёде ӯҳда мекунам. Хайр, чӣ даркор дар бораи корҳои манфӣ гуфтану навиштан. Бе ин ҳам касе кумак наменамояд. Чизе ки мекунем, танҳо аз давутозу зораву илтимоси ман аст. Ҳамин қадар зӯрам мерасад».

Шояд ҳақиқат ҳам чунин бошад, ки зӯри як бонуи рустоӣ барои идораи як ҷамоати калон нарасад. Аммо агар чунин бошад, пас чӣ зарур аст нафареро, ки «зӯраш» ба сарварӣ нарасад, зӯран дар вазифа нигаҳ доштан?

Дар ситоди аввали 1-уми декабр Оқил Оқилов гуфт, ки аз корҳои бо тарзи ҳашар ба роҳ монда розӣ будааст. Зеро, масъулин тавонистаанд аҳолиро ба ин амалиёт сафарбар намоянд. Вале дар сохтмони корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷониби ҳукуматҳо ва ташкилоту корхонаву хоҷагиҳо чӣ гуна фаолиятро ба роҳ мемонанд ва маблағу кумакҳои сӯзишворӣ бо кадом роҳ аз худ мешаванд, ҳанӯз ҳам таҳти контрол нест.

Ба ибораи дигар, шояд вақти он расидааст, ки ҷаноби Оқилов «барои чӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ хеле ва хеле суст ба роҳ монда шудаву ситодҳои протоколӣ доир намегарданд гуфта, мушт бар стол задаву» масъулинро таъкид намояд то супориши сарвазирро иҷро намоянд?

Мӯҳр
кулоби
Э, офарин эшон. Проблемаи асосиро гуфтаи. вале хакикат он аст, ки Окилов дар вокеъ робот хам хаст чунки хамаи супоришхояш дар хаво мемонад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)