Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 01:17

Дархости ҳузури Соҷидаи Мирзо ва намояндаи ВКХ дар баҳси додгоҳии Қаюмзод

27 май 2013, 12:00

Имрӯз, 27-уми май, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аризаи даъвоии Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори шинохтаи тоҷик алайҳи Радиои Озодиро баррасӣ намуда, мурофиаи навбатиро рӯзи 4-уми июн таъйин кард.

Тавре хабарнигори “Озодагон” аз толори додгоҳ хабар дод, Ёқуб Маъруфов, вакили мудофеи Радиои Озодӣ, аз додрас хостааст, ба мурофиа намояндаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон даъват шавад ва далели аккредитатсия нашудани Абдуқаюми Қаюмзодро шарҳ диҳад. Чун ба гуфтаи вакили мудофеи Радиои Озодӣ, маҳз мушкили аккредитатсия сабаби қатъ шудани шартномаи ҳамкорӣ бо Абдуқаюми Қаюмзод гардидааст.

Ҳисайнов Қутбиддин, раисикунандаи мурофиа, ин пешниҳоди “Озодӣ”-ро қабул карда, зарур донистааст, барои шарҳи қазия намояндаи Вазорати умури хориҷӣ ба додгоҳ ҳозир шавад.

Хуршед Андамов (Хуршеди Ҳамдам), раҳбари дафтари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе, дар назди додрас қазияи қатъи қарордоди ҳамкорӣ бо Қаюмзодро шарҳ додаву гуфт, ки роҳбарияти "Озодӣ" аз ночорӣ ба ин роҳ рафтааст, чун ВКХ ба Қаюмзод акредитатсия надодааст.

Дар ҳамин ҳол, Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Абдуқаюми Қаюмзод, гуфтааст, мушкили аккредитатсия ин ба корфармо дахл дорад ва бояд далели қатъи шартнома бо Абдуқаюми Қаюмзод нагардад. Ӯ гуфтааст, “Озодӣ” уҳдадор аст, аккредитатсияи Қаюмзодро таъмин кунад. Воҳидова зимни мурофиа аз Хуршеди Ҳамдам аз ҷумла пурсид, ки "Оё роҳбарияти Радио расман Қаюмзодро қаблан аз қатъи ҳамкорӣ огоҳ карда буд? Оё Иттифоқи касабаи кормандони радио қазияи қатъи ҳамкорӣ бо Қаюмзодро баррасӣ кардааст?" ва ниҳоят суол кард, ки "чаро Радиои Озодӣ аз болои Вазорати умури хориҷӣ, ки ба Қаюмзод акредитатсия надод, ба додгоҳ муроҷиат накардааст?"

Вакили мудофеи Қаюмзод аз посухҳои Хуршеди Ҳамдам қаноатманд нашуда, аз додгоҳ хостааст, Соҷидаи Мирзо, раҳбари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз Прага ба мурофиа даъват шавад.

Раисикунандаи мурофиа гуфтааст, баъд аз шунидани шарҳи намояндаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар мурофиаи оянда, ки 4-уми июн баргузор хоҳад шуд, дар мавриди даъвати Соҷидаи Мирзо қарор қабул хоҳад кард.

Воҳидова қаблан ба “Озодагон” гуфта буд, аз додгоҳ рӯёндани маоши Қаюмзодро тайи моҳҳое, ки ба кор нарафтааст ва барқарор намудани ӯ ба ҷои кораш талаб хоҳанд кард. Ӯ қатъи яктарафаи шартнома аз ҷониби Радиои Озодиро мухолифи Кодекси меҳнати Тоҷикистон донист ва гуфт, талош хоҳанд кард, дар додгоҳ аз ҳаққи Қаюмзод ҳимоя кунанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Хуршед Андамов (Хуршеди Ҳамдам), дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, “ҳам роҳбарияти "Озодӣ" дар Душанбе ва ҳам дар Прага аз қатъи ҳамкорӣ бо Абдуқаюми Қаюмзод хеле мутаассиф аст. Сабаби аслии қатъи қарордод аккредитатсия нашудани Қаюмзод дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мебошад. Бо вуҷуди баҳсу баррасиҳои роҳбарияти Радиои Озодӣ ба Вазорати умури хориҷӣ ин ниҳод ба Қаюмзод аккредитатсия надод ва дигар мо маҷбур шудем, қарордодро қатъ кунем, чун тибқи қонунгузориҳои Тоҷикистон хабарнигор бе сабти Вазорати умури хориҷӣ ҳақ надорад, дар “Озодӣ” кор кунад.”

Андамов таъкид кард, қатъи қарордод бо Қаюмзод дар доираи қонунгузории Тоҷикистон сурат гирифтааст: “Дар Кодекси меҳнат ҳолатҳое пешбинӣ шудаанд, ки қатъи қарордоди меҳнатӣ бидуни хоҳиши тарафҳо сурат мегирад.”



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин бисёр як бонуи хушру будастку ! Ин кадар уро паст назанед ....)))
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аспирант, ин бону дар назари аввал хушруча метова. Ту як бор дар таги дасти вай кор кун, хар карда саворут мешавад. Ин хамин аст вазъи кунунии радиои Озоди. Бону виртуални харсарвори карда гаштааст. feel

Озодагон, оё ту медони, ки баъди анчоми мурофиаи додгохи чаноби Абдукаюм Каюмзод адвокати Озодиро харидани шудааст? Каюмзод ба Ёқуб Маъруфов пули хангуфте пешниход кардааст, то ки адвокат аз химояи манфиатхои Озоди даст бикашад. Чаро инашро намегуи? Ин пешниход хам дар видео ва хам дар диктафон сабт шудааст, ки баъдтар дар Ютуб нашр хохад шуд. Интизор бошетон, мо метавонем!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
барои хамаи коментхоро нашр намекунед, махсусан агар сухан дар бораи сомонаи шумо (хабар, тарзи навишти он равад).

Нашр кунед, то хама бубинанд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!