Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:57

Тасмими парлумон хашми Зоиров ва ноумедии Ҳусайниро ба бор овард

27 май 2013, 14:02

Барои ҳамеша рад шудани тарҳи ислоҳҳо ба қонуни интихоботи президентӣ аз сӯи Маҷлиси намояндагон аҳзоби мухолифро барои баргузории як интихоботи шаффоф дар моҳи ноябри соли ҷорӣ ноумед кардааст.

Ин тарҳ аз ҷониби кумитаи тадорукот оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон" таҳия шудааст. Ба ҳайати кумтаи тадорукот намояндагони аҳзоби мухолифи кишвар, аз ҷумла ҲНИТ, шомил шуда, пешниҳоди аслии онҳо ин аст, ки меъёри ҷамъи имзо аз 5 дарсад ба 2 фисад поён рафта, қитъаҳои овоздиҳӣ аз ҳудуди макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ берун ҷойгир карда шаванд.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, рад шудани тарҳи ислоҳҳо ба қонуни интихоботи президентӣ аз сӯи Маҷлиси намояндагонро "туф кардан ба рӯи демократия" хондааст. Зоиров бо пахши як изҳорот гуфтааст, “далелҳои Усмон Охунов, мудири Шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси Намояндагон дар мавриди ради ин пешниҳод аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ натавонист далели боасос ва бомантиқ гӯяд, ба ҷуз аз шарҳи бемантиқ, ки сафсатаи ҳуқуқӣ номида мешавад.”

“Охунов бори дигар исбот мекунад, ки дигар чора надошт ва ҳуқуқшиносӣ низ дар ин ҷо рабте надорад. Муҳим манфиатҳост. Дар ин бора мо баъдан боз гап мезанем ва на як бор!”,-таъкид кардааст Раҳматилло Зоиров.

Дар ҳамин ҳол, Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҲНИТ ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон, гуфт, комилан рад гардидани тарҳи мазкур маънои онро дорад, ки ҳоло Тоҷикистон барои баргузории интихоботи озод ва демократӣ омода нест. “Аз ин бармеояд, ки мо бо ин низоми баргузории интихобот ҳоло ҳатто бо Афғонистон баробар шуда наметавонем”,-афзуд ӯ.

Маврид ба ёдоварист, ки қонун "Дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон" соли 1994 қабул шуда, то имрӯз тағйир наёфтааст. Соли 2004 бо ширкати ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва вакилони парлумон бо сарпарастии САҲА нусхаи тағйирхурдаи қонун таҳия гашта, аз ҷониби ҲХДТ дастгирӣ наёфт. Соли 2007 таҳти сарпарастии IFES - Бунёди байналмилалии сохторҳои интихоботӣ низ талошҳо барои тағйири ин қонун бенатиҷа анҷом ёфта буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хайронам. Чаро баъди ба чунин карор омадани Охунов вакилони мардуми аз ХНИТ толорро тарк накарданд ва ваколатхои худро насупориданд. Ба фикри ман дигар на танхо зарурияти иштирок дар интихобот, балки зарурияти будан дар парулмон хам нест. Зеро ин палумон бо инкор кардани тархи ин конун бори дигар исбот кард, ки вокеан мардуми нест
Посух додан
  • Номдор

  • 27 май 2013 23:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй касоне, ки аз ин хукумат химоят ва рахбаронаш химоят мекунед, аз хамаатон як савол дорам. Агар хукумат ва президент ва ХХДТ аз худашон бовар дошта бошанд чаро аз тагйири конуни интихобот метарсанд?
Агар президент мехохад интихобот озод бигзарад, барои чи худаш ба намояндагони хизбаш намегуяд, ки конуни интихоботро тагйир диханд?
Агар интихоботи озоду демократияро барои миллату ватан бихоханд, барои чи коре намекунанд, ки мардм ба онхо бовар кунад?
Агар онхо рост мегуянд барои чи суханашон бо амалашон яке нест?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!