Бахшҳо

Ҷопон ба демократияи тоҷикон дахолат намекунад

Суҳбати ихтисосии хабарнигори «Озодагон» Ҷамила Мирбозхонова, бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Хироюки Имахаши


Озодагон: Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Ҷопон чӣ ҷойгоҳе дорад?

Имахаши: Баъд аз касби истиқлолият, Ҷопон яке аз аввалинҳо шуда истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва ба ҳайси кишвари кумакгар ҳамкориҳои худро дар сатҳи созишномаҳои байналмиллалӣ ва ташкилоти байналхалқӣ бо Тоҷикистон ҳамвора идома медод. Ин ҳамкориҳо инчунин тавассути барномаи Ҷопон «Дар бораи кумаки бебозгашт» амалӣ мегарданд. Муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистон ва Ҷопон дар асоси созишнома ва қарордодҳои дуҷониба ва дигар санадҳои меъёрии байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи СММ, ки истиқлоли баробари кишварҳо, нигаҳ доштани сулҳ дар ҷаҳон ва мусоидат намудан ба дӯстии байни миллатҳоро эълон мекунад, поягузорӣ гардидаанд. Ин муносибатҳо соли гузашта 20-сола шуда, ҳоло низ бо муваффақият идома доранд.

Озодагон: Тавре маълум аст, ҳукумати Ҷопон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам аз тариқи муносибати дуҷониба кумакҳои зиёдеро мерсонад. Ҳадафи аслии ҳамкорӣ ва дастгириҳои Ҷопонро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Имахаши: Тоҷикистон дар мавқеи бениҳоят муҳими географии Осиёи Марказӣ қарор дошта, сарҳади муштарак бо Афғонистон барои нигаҳдории сулҳ ва оромӣ дар минтақа метавонад нақши басо муҳимеро бозӣ кунад. Бо мақсади рушд ва оромӣ дар Осиёи Марказӣ ва барои равнақи бештар додан ба ҳамкориҳои худ Ҷопон соли 2004 ташкилоти наверо бо номи Гуфтугӯ (Диалог) «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» таъсис дода буд, Тоҷикистон яке аз ширкаткунандагони муҳими ин ташкилот маҳсуб меёбад. Моҳи ноябри соли гузашта дар пойтахти Ҷопон -- Токио нишасти чоруми вазирони кишварҳои шомили «Диалог» баргузор гардид. Дар ин нишаст тарафҳо қарор доданд ҳамкориҳои худро дар панҷ қисмат идома диҳанд. Ин қисматҳо аз: а)рушди савдо ва сармоягузорӣ, б)муҳофизати муҳити зист ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, в)расидан ба Нақшаи «Ҳадафҳо»- и рушди хазорсола», г)таъмини сулҳу суббот дар Афғонистон ва мубориза бо натоиҷи зарарҳои табии, иборат аст.

Озодагон: Аз гардиши молии миёни Ҷопону Тоҷикистон, ки бояд бештар нигарон бошад, Токио ё Душанбе?


Имахаши:
Дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки Тоҷикистон низ ҷузъи ҷудонашавандаи онҳост, бозор ҳамеша нақши муҳимеро мебозад. Рушди савдо қонуну меъёрҳои ба худ хосеро дорад ва дар амал татбиқ гардидани ин меъёрҳои иқтисодӣ шарти зарурии рушди савдо байни кишварҳои мо мебошад. Умуман кори савдо пеш аз ҳама розигии тарафайнро, ки бо санадҳои расмӣ мустаҳкам гардидааст, талаб мекунад.

Озодагон: Сармоягузориҳои Ҷопон дар кишвари мо чандон бузург нест. Мо танҳо як корхонаи муштараки дорусозиро дар ин замина медонему халос. Сабаби камтаваҷҷуҳии Ҷопонро дар чӣ мебинед?

Имахаши: Мехоҳам қайд кунам, ки ба ғайр аз корхонае, ки Шумо гуфтед, Ҷопон инчунин таъмири роҳи мошинггарди «Қӯрғонтеппа -Дӯстӣ» ва «Дустӣ –Панҷи Поён»- ро ба уҳда дорад. Маблағи умумии ин лоиҳа 75 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳамчунин кишвари мо бо оби ошомиданӣ таъмин кардани ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадониро ба маблағи 3,5 миллион доллари амрикоӣ ба зимма дорад. Мо инчунин тавассути ташкилоти «Таджикагролизинг» фермерҳои тоҷикро бо техникаи ҳозиразамон таъмин мекунем ва ба деҳқонони тоҷик барои тоза кардани каналҳо ва сохтмони стансияҳои насосиву гармхонаҳо кӯмак мерасонем. Дар посухи суоли шумо зикр карданиям, ки барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дутарафа зарур аст, мардуми ҳар ду кишвар бештар бо ҳам ошно шаванд. Инчунин, бо сабабҳои бӯҳрони иқтисодӣ, Ҷопон дар шароити мураккаб қарор дошт ва ин бӯҳрон ба сармоягузории Ҷопон ба иқтисодӣ Тоҷикистон таъсири манфии худро расонд. Ба иловаи ин, сармоядорони ҷопониро бештар бозорҳои Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ, ки фоидаи зиёду кӯтоҳмуддатро кафолат медиҳанд, ба худ ҷалб намудааст.

Озодагон: Бисёрии кишварҳо дар Тоҷикистон марказҳои фарҳангии худро ифтитоҳ бахшидаанд. Ҷопон марказҳои фарҳангии худро дар Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистон боз намудааст, аммо то ҳол дар Тоҷикистон чунин марказ надорад, чаро?

Имахаши: Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиии хунинеро пушти сар намуд, ки дигар кишварҳои минтақа чунин бадбахтиро надоштанд. Паёмадҳои ин ҷанг то ба ҳол пурра бартараф нашудаанд ва воқеаҳои начандони дури шаҳри Хоруғ гувоҳи ин матлабанд. Ҷопон дар такмили сулҳи тоҷикон нақши муҳимеро ифшо кард, кишвари мо ҳатто ҷони яке аз шаҳрвандони худ, профессор Ютака Акиноро дар Тоҷикистон аз даст дод. Номи Ютака Акино имрӯз дар бинои СММ ва маркази ноҳияи Рашт ба ёдбуд гузошта шудааст. Чор геологи ҷопониро дар марзи қирғизу тоҷик гаравгон гирифта буданд ва онҳо азобу шиканҷаи зиёде кашиданд. Дуввум Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамсарҳад аст ва дар ин кишвар ҷанг то ҳануз идома дорад. Бароварда шудани неруҳои НАТО аз ин кишвар дар соли 2014 вазъиятро дар кишварҳои ҳамсояи он аз ҷумла Тоҷикистон метавонад дигаргун намояд ва ин қазия низ сармоягузорони ҷопониро ба ташвиш овардааст. Аммо новобаста ба ин Ҷопон, яке аз аввалинҳо шуда, сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ бахшид ва ин сафорат 10- сол боз фаъолият дорад. Дар тӯли фаъолияташ сафорат беш аз 300 лоиҳаҳои гуногунро дар Тоҷикистон амалӣ гардонд. Мо зиёда аз 100 мактаб ва 60 беморхонаро пурра бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин намуда ба истифода додем.

Озодагон: Ба касе пӯшида нест, ки ҷопониҳо саёҳатро дӯст медоранд. Кишвари мо аз ин нигоҳ имконияҳои фаровоне дорад. Оё имкон дорад, ки зебоиҳои табиати мо дастраси шаҳрвандони шумо гарданд?

Имахаши: Шумо дуруст қайд кардед, ки миллати мо миллати сайёҳон аст. Ва Тоҷикистон ҳам воқеан табиати нотакроре дорад. Сайёҳони ҷопонӣ дар қатори дигар қишварҳо ба Тоҷикистон низ меоянд, вале хеле кам. Яке аз мушкилотро ба ақидаи мо набудани хатсайрҳои ҳавоии интернетӣ ташкил медиҳад. Мо ҷопониҳо истифода аз технологияро дӯст медорем. Набудани чунин хатсайрҳо дар рушди сайёҳат монеа мешавад ва рафту омадро дучанд мушкил мегардонад ва инчунин соҳаи сайёҳиии Тоҷикистон низ бояд корҳои зиёдеро анҷом диҳад. Ин соҳа дар кишвари шумо ҳоло ба ҳадди зарурӣ нарасидааст. Ҷопониҳоро дар кишварҳои шумо фақат манзараҳои нотакрони Кӯҳистони Бадахшон ба худ ҷалб мекунад.

Озодагон: Соли 2014 барои Осиёи Марказӣ соли махсус, яъне хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ба ҳисоб меравад. Ҷопон ҳам дар ин замина изҳор доштааст, ки ба Афғонистон ба ҳачми 5-миллиард доллар кӯмак мерасонад. Аммо чаро ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон, ки сарҳади он қадар тӯълониро бо Афғонистон дорад, кӯмак дар назар гирифта нашудааст. Зеро коршиносони масоили сиёсӣ дар пайи хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ташаннуъ ёфтани вазъи кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад. Ё Шумо, ҷаноби Сафир, ба ин чиз розӣ шуда наметавонед?

Имахаши: Ман қисман аллакай ба саволи шумо ҷавоб додам. Танҳо қайд карданиям, Ҷопон ба Тоҷикистон, ки дар ҳамсоягиии Афғонистон қарор дорад, кӯмаки худро дар якҷоягӣ бо ОБСЕ ва ПРООН мерасонад. Моҳи марти соли гузашта дар Душанбе дар якҷоягӣ бо намондагони Афғонистон, форум дар бораи идоракуниии сарҳадҳо баргузор гардид. Дар ин форум инчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо ширкат варзиданд. Ҷопон инчунин рушди роҳҳои автомобилиро яке аз самтҳои асосии тараққиёти ояндаи иқтисодиёти Тоҷикистон медонад ва саҳми худро дар он хоҳад гузошт.

Озодагон: Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон барои рушди демократия ва озодии баён чӣ барномаҳои махсус ва муҳиме дорад?

Имахаши:
Ба қавли яке аз президентҳои маъруфи ИМА Линколн : «Ҳукумати мардумӣ, тавассути мардум ва барои мардум бино гардидааст». Ба ақидаи ман демократия вақте мардум ва ҷомеа шакли давлатдорӣ ва ҳукумати худро худашон интихоб мекунанд. Ва лоиҳаи мо «Кумаки бебозгашт ва бехатарии гуманитарӣ» дар ин самт фаъолият дорад. Ин кӯмак дар аксар маврид, ба ҳукуматҳои маҳаллӣ, ташкилотҳои омӯзгорӣ ва тиббӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои бењтар гардонидани шароити зиндагии мардум расонида мешавд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он бовар аст, ки дар Тоҷикистон ҳамаи элементҳои демократия, парлумон, ВАО, ҳизбҳои сиёсӣ мавҷуданд. Аммо чӣ тавр кор фармудани онҳоро худи мардуми Тоҷикистн бояд муайян кунанд.

Озодагон: Чаро аксари дипломатҳои хориҷӣ эҳтиёткоранд ва дипломатияро аз ҳад мегузаронанд. Ҳол он, ки онҳо хостори демократия ва озодии баён дар ин кишварҳоянд, аммо ҷаҳду талоши ҷиддии онҳо дида намешавад. Фирк намекунам, ки ман нодуруст мегӯям.

Имахаши: Демократия вақте амалӣ мегардад, ки хости мардум дар сохтори давлатдорӣ пиёда гардад. Муболиға нест агар бигӯем, ки ҳатто ИМА ва Ҷопон дар сохтани ҷомеаи демократӣ ба муваффақиятҳои зиёде ноил гардидаанд, ҳоло низ дар такмили ин сохти давлатдорӣ мушкилоти фаровоне эҳсос мешавад. Ҳатто дар ИМА, ки декларасияи соҳибистиқлолиашро 230- сол пеш ба имзо расонида буд, аввалини раисиҷумҳури сиёҳпуст танҳо соли 2008 интихоб гардид. Чӣ гуна давлати худро ташкил диҳанд, ин кори худи мардуми тоҷик аст ва демократия низ ҳамин маъниро дорад. Дар сохтмони ҷомеаи шарҳвандӣ дар низоми демократӣ ВАО нақши муҳимеро мебозад.

Озодагон: Русия мегӯяд, ки эҳтимоли рух додани инқилобҳои ранга дар Тоҷикистону Қирғuзистон ва Украина ҳанӯз мавҷуд аст. Аз нигоҳи сафир, ҳамчун як дипломатии Осиёи Марказӣ, оё дар Тоҷикистон заминаҳои инқилоб вуҷуд доранд?

Имахаши: Ман ба ин савол ҷавоб додан наметавонам. Ин савол аз зумраи саволҳоест, ки бояд аз мардуми тоҷик онро пурсид.

Озодагон: Дар расонаҳо сафорати Шумо як вақт хабар дода буд, ки нуқтаҳои махсуси фуруши мошини «Тойота» ва ҳамчунин нуқтаҳои махсуси таъмири мошинҳо дар Тоҷикистон мекушояд, вале то ҳол ягон хабаре аз ин нест. Мушкил дар чист?

Имахаши: Сафорати мо чунин хабареро пахш накардааст. Чуноне ки ба иттилои ман ҳам расид, чунин хабарро хабаргузории интернеттии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 9 январи соли ҷорӣ интишор намудааст. Ман рости ягон огоҳӣ надорам.

Озодагон: Сафорати Ҷопон як вақт ваъда дода буд, ки соҳибкорони тоҷикро барои омӯзиш ба давлати Ҷопон мефиристад. То имрӯз чанд соҳибкори тоҷик ба Ҷопон рафт ва бештар бо кадом мавзуъҳо омӯзиш гирифтанд. Оё мутахассисони Ҷопон ҳам ба Точикистон ташриф оварданд ва ба соҳибкорони тоҷик дарси соҳибкориро омӯхтаанд?

Имахаши: Агентии байналмиллаии Ҷопонии ( JICA) оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар доираи ҳамкориҳои технологии байниҳамдигарӣ зиёда аз 1500 нафар мутахассисони гуногуни тоҷикистониро ба Ҷопон барои омӯзиш ва такмили ихтисос даъват намуд. Аз Ҷопон низ ба Тоҷикистон барои расонидани кӯмак ба мутахассисони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар ташриф оварда буданд. Қайд карданиям, ки корхонаи ҷопоние, ки ба сохтмони роҳи автомобилгард дар вилояти Хатлон машғул аст, бештари кормандони худро аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ таъмин мекунад.
Мӯҳр
Jamila ba fikram Japan raftanii chi???? Az qafoi saforati Japan shudanat begap nest))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)