Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:38

Чаро Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба 'Тоҷикистони нав' пайваст?

27 май 2013, 15:04

Халил ҚАЮМЗОД

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони шинохтаи тоҷик, ки ахиран ба ҳизби тозатаъсиси Тоҷикистони нав пайваст, ба се суоли “Озодагон” посух дод.


Озодагон: Чӣ Шуморо ба Тоҷикистони нав овард?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Ман ба он хотир ба Тоҷикистон нав омадам, ки ин ҳизб пеш аз ҳама ҳизби иқтисодист. Барномаҳои асосии он барномаҳои рушди иқтисоди кишваранд. Ман аслан гумон намекардам, ки ҳукумат бо Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ин ҳизб чунин бархӯрд мекунад. Зайд Саидов вазири саноат буд, раиси Шӯрои ҳамонҳангсози Ассотсиатсияи соҳибкорони Тоҷикистон буд. Ҳизби Тоҷикистони нав ҷонибдори ҳамкорӣ бо ҳукумат буд. Зайд Саидов худаш иқрор кард, ки дар интихоботи президентӣ иштирок намекунад. Ҳайронам, ки ба кадом хотир ҳукумат дар симои Зайд Саидов рақиби сиёсиро дид.”

Озодагон: Устод, қабл аз он ки Шумо ба Тоҷикистони нав оед, узвияти Ҳизби демократи Тоҷикистонро доштед. Оё аз узвият дар ин ҳизб даст кашидед?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Ман аз аввали таъсисёбии ин ҳизб узвияташро доштам. Замоне ки Искандаров (Маҳмадрӯзӣ Искандаров) раиси ҳизб интихоб мешуд, мо ҷонибдоронаш будем. Искандаров хислатҳои хуби демократӣ дошт. Ӯ як инсони демократ буд. Ман як сол пеш аз узвият дар ин ҳизб даст кашидам. Вақте дидам, ки бозиҳои ифлос ҳизбро пахш кардааанд, аз он берун рафтам. Ҳоло намехоҳам дар бораи ин бозиҳо ҳарфе занам, то ки забонам ифлос нашавад. Искандаров қурбонии бозиҳои сиёсӣ шуд. Вақте ӯ эълон кард, ки омодааст номзадии худашро дар интихоботи президентӣ гузорад, ӯро ба маҳбас кашиданд.”

Озодагон: Вазъи сиёсӣ дар ин чанд моҳи ахир дар Тоҷикистонро чигуна арзёбӣ мекунед?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Ҳаводиси охирро бемантиқ арзёбӣ мекунам. Ҳукуматдорон мехоҳанд, ки садсолаҳо сари қудрат бимонанд. Ин тавр, ки намешавад. Ҳамчун иқтисодчӣ боз як чизро бигӯям, ки имрӯз омори расмии Тоҷикистон як саҳифааш бо саҳифаи дигари он ихтилоф дорад. Оморнависон мехоҳанд, бо зиёд овардани арқом мушкилиро ҳал кунанд. Баъзан чунин як фикре ҳам ба сарам мерасад, ки наздикони ҳукумат, мисле ки дидаву дониста мехоҳанд ҳукуматро ба дасти худ нобуд кунанд. Роҳбарияти давлат бошад, дар навбати худ кадрҳои нотавонро аз як минтақа ҷамъ мекунад, ки ин сиёсати дуруст нест. Ин кор метавонад боиси пайдо шудани низоъҳо миёни аҳолии кишвар бигардад.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • чхонгир

  • 27 май 2013 17:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хак чониби хакдор аст!!!!
Посух додан
  • Озодандеш

  • 4 июн 2013 14:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Хочимухаммадаш бо чи мехоста бошад, хамин барин одамхо низоъро мебардоранду баъд ба сари камбагалу бечорахо мушкили эчод мешавад. Як бор ба хотири хамин мансабу кудрат чанг шуда буд бас нест, ки... ? Агар вазъият бадтар шудан гирифт гурехта мераведу хамин мушкили дар сари бечорахою камбагалхо мерасад. Чи фикр мекунед, ки агар сари кудрат ягон каси дигар ояд Точикистон "Гулистон" мешавад? Эй мардум акло кор фармонед, боз ба хотири хусумати шахсии нафаре Ватан вайрон нашавад!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!