Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:36

Афзоиши босуръати ҷинояткорӣ дар Данғара

28 май 2013, 09:22

Ҳамагӣ дар чаҳор моҳи соли 2013 дар ҳудуди вилояти Хатлон ба таври умум 1 ҳазору 327 амали гуногуни ҷиноӣ содир гардидааст, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли рафта 207 адад бештар мебошад.

Тавре аз Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон ба мо хабар доданд, аз ин шумул 149 ҷинояти вазнин, 7 куштори бадқасдона ва сӯйиқасд ба куштор, 6 қазияи расонидани зарари ҷисмонии вазнин, 5 ҳодисаи таҷовуз ба номус ва сӯйиқасд ба таҷовуз, 14 ҳодисаи рабудани моликияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, 6 қазияи тороҷи моликияти ҷамъиятӣ, 6 ҳодисаи қаллобӣ, 66 ҳодисаи дуздӣ аз ҷониби ноболиғон ва ҳоказо мебошад.

Ба иттилои ин ниҳод афзоиши нисбатан назарраси ҷиноятҳо дар ноҳияи Данғара сабт шудааст: “Ҷиноятҳо дар Данғара - 75 дарсад, Қумсангир - 42,9 дарсад, Шаҳритус - 42 дарсад, Бохтар - 36,2 дарсад, Кӯлоб - 20 дарсад, Фархор - 3,3 дарсад, Н.Хусрав - 3 дарсад ва Ҷиликӯл - 2,2 дарсад бештар шудаанд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!