Бахшҳо
28 май 2013 12:30Тоҷикистон / Сиёсат

Суоли мақомот аз модари Додоҷони Атовуллоҳ: Ӯ дар куҷост?

Хонаводаи Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва сиёсатмадори мухолифи ҳукумат, дар рустои Шӯрчаи ноҳияи Панҷакент мегӯянд, рӯзҳои охир зери фишори мақомот қарор доранд.

Ба қавли онҳо, се рӯз пеш як нафар бо наворбардор ба хонаи онҳо омада, худро дӯсти Додоҷон муаррифӣ намудаву хона ва модари 82-солаи журналистро ба навор гирифтааст. Наздикони Атовуллоҳ гуфтанд, “дертар маълум гашт, ки ин нафар корманди Телевизиони “Симо”-и шаҳри Панҷакент ва исмаш Ғайбулло будааст.”

Ғайбулло, корманди ТВ “Симо”, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ӯро касе супориш надода ва танҳо хостааст, аз модари Додоҷони Атовуллоҳ дуо бигирад. Аммо Додоҷони Атовуллоҳ мегӯяд, аз ин қазия огоҳ аст ва Ғайбулло ба ӯ гуфта, ки “супориш аз “боло” буд ва маҷбур ин корро кардааст”.

Аз сӯҳбати пайвандони Додоҷони Атовуллоҳ маълум шуд, ки рӯзи 27-уми май намояндагони мақомоти Панҷакент низ ба хонаи онҳо омада буданд ва аз модараш пурсидаанд, ки бори охир кай писарашро дидаасту бо ӯ дар тамос ҳаст ё не ва айни ҳол Додоҷон дар куҷо зиндагӣ мекунад.

Намояндагони мақомот иброз намудаанд, ки боз хоҳанд омад. Ба қавли пайвандони Атовуллоҳ, ин гуна тафтишу пурсишҳо аз соли 1992 мунтазам сурат мегиранд, вале дар ин авохир бештар шудааст.

Ин нигаронии хонаводаи Додоҷони Атовуллоҳ дар ҳолест, ки ахиран ӯ дар телевизони “К+” (Қазоқистон) навори тӯи арӯсии писари раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба намоиш гузошта, дар як навори дигар аз президент Раҳмон хост, то ба истеъфо биравад.


Дар акс: Додоҷони Атовуллоҳ, раҳбари созмони сиёсии "Ватандор" (Акс аз Фейсбук)
Мӯҳр
Хубаш ин Додочон дар фикри наздикони худ мешуд ба чои оне ки туи мардуми точикро бемаънеона танкид карда гардад.

[b]Содик[/b
хешовандони Додочон ба фикри касе ниёз надоранд. хубтараш ту баринхо фикри худро кунед.

кандша бизанад,аломати марди он аст ки хакикатро гуи

мушохидакор,
Даврон,
Ман медонам ки Шумо хам аз тарафдорони ким кадом нафаре хастед ки ба шахсияту зиндагии шахсии як нафар одам кор дор мешавад, лекин агар ман хам хеста дар ТВ тую маракахои Шуморо танкид кунам чи чавоб медиед ё мардум чи фикр мекунанд ин аз руи одоби мардигари нест.

Чавон
Содик агар тую маракахои моро нишонхам диханд хечгап намешавад аммо Додочон туйеро нишон дод ки он одди нбуд.Ма аз касе пуштибони намекуам аммо дар ин маврид бояд бигуям ки вакте мардумро мачбур мекунанд ки ба конуни танзим риоя кунанду аз туйхои серхарч даст кашанд худашонам бояд итоат кунад охир.Бад президент симои мардум аст у одобу ахлокаш бояд намуна бошад барои хашт имллион точик.Ман ун наворхоро дидам то хол боварам намеоя ки президенти мо суруд мехондааст ва онхам хеле хеле дагал!

Ин додожони таърифиатон ИFBO меандозад. Мард мебуд дар ватан истода мубориза мебурд. У аз сангак сафаров тарсида фирор карда буд ва то хол аз дур истода вохима мекунад. Тахкире ки у рохбари давлатро мекунад ман судя ё прокурор бошам ба у хукми катлро медихам! Дар гардани у тасмаи хоричиён бастаги аст

Карим
ба "Кулоб сити" Як мард омад барои мубориза дар ватан, дар кучо чояш карданд? Бо тиру туфанг наомада буд.

Чавон
Кулоб Сити бародар Карим рост мега як мард танхо омад ва онхам бечора бидуни ягон ярок ва чангчуи боз бо як даст аммо тамоми макомоти кудрати алайхаш тухмату игво кардаанд соати 3-и шаб капида бурдануш.Ба хотири он ки бечора мехост дар пешрафти Точикистон сахм дошта бошад ба хамин хотир боз ту мегуи Додочон дар хорича мубориза мебарад.Фарз кардем додочон аз хоричихо 10 ё 20 хазор долар мегираду мехурад ва касеро танкид мекунад худаш пулои г8ирифтагишда агар гирифта бошад чавоб медихад. Аммо 1 миллиард карзи Хитоя ки медихад ё ба ивазаш боз заминои Точикистона дихем!!!

Чавон,
Причем тут семья или если он это сделал то пускай найдут еще называется государство если вы не можете найти его то не че к его семье лесть где закон и правительство куда смотрит че за безделье твориться

Чавон,
пули хитой барои ободии ватан сарф шудаги. Баъдан як чизи дигар ин ки давлат турашро пахн партофтааст охиста-охиста чораи хамаша мебина. Навбати и додожонам мераса ягон руз, баъд да у вакт намепрсанш ки сабаби тахкири президент дар чи буд. Охи мард боша ба зиндагии шахсии чаноб дахолат накуна. Магар да туи худи додожон падару модараш хурсанди накарда буданд? Чаноб пеш аз хама падар аст ва хак дорад дар туи фарзандаш хурсанди кунад. И кори кардаи додожон гумрох кардани мардуми точик аст!

кулоб сити : пули хитой мода даркор нест, помира нафуруша. агар хукумат ободи мехост аз пули хами мухочиро метавонист ба хама чи расад.

Чавон-Душанбе
Кулоб сити,
Додочон дар ягон чои намоишаш нагуфт ки президент хаки хурсанди надорад дар Туйи писараш.Президент ва хонаводаш хаки хурсанди ва гузаронидани тую маракахоро дорад.Аммо онхо низ бояд конуни танзима риоя мекарданд.Ва ончо факат гап дар сари конуншикани ва дигар пахлухои сиёсиш буд на ин ки Туйи Рустам ё хурсандии Президента танкид кардан.Бад чихел пули Хитоихо дар ободии ватан сарф шуд.Масалан Хитоихо бо карз рохи Душанбе-Хучандро сохтаанд.Онро Хукумат ба ихтиёри як ширкате ки тохол аз ки асту барои ки хизмат мекунад номалум яне AIRS гузошт .Ва ин ширкат бо чам кардани пули мардуме ки ба ин рох мегузарад машгул аст.Ва он аз тамоми андозхо озод аст.Аммо карзи ин рох ба гардани мардуми Точикистон монд ку.Ва чандин мисолхои дигар аст бародар Кулоб сити агар хама грантхо ё карзхои мегирифтаи Президент ё Хукумат дар ободиву пешрафти мамалакат то ин мудат сарф мешуд корхонахо бунёд мешуд хади акал камтар мухочират кохиш меёфт аммо руз то руз мардум тарки кишвар мекунанду мансабдорони мо бо туйхои як милионаву ду милиона машгул.Аз хоби гафлат хез бародар то Кулоб мисли шахрхои пешрафта Ситти шавад.

Хаким
Афсонагуии Додочон идома дорад. Гуё, ки макомот намедонанд ки у дар кучо карор дорад ва барои ин модари уро пурсон шудаанд. Хайфи ту барин фарзанди ватанфуруш!

Пантера
Бо як зиёрат ва дуо гирифтан аз модараш ин кадар вохима мекунад, агар худашро рафта зиёрат кунанд чи кор мекарда бошад? Додочон дар гунох олуда аст, барои хамин ин кадар гумони бад мебарад. Содик,

Ёкубшох
Мухтарам журналист аввало номи маколаатон ба мазмун рост намеояд, охир ягон макомот нарафтааст ку! Ба хама маълум ки ба кампири бечора касе кор надорад ин як интригаи навбатии писараш аст, ки аз мурча фил месозад.

Додочонро садкаи хамин модари 82 сола кунад! Шарм надошта аз туйи писари Президент, аз аёдати модараш ба кавли худаш "сенсатсия" метарошад. Беномуси хам як хадду канор дошта буд охир!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)