Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:13

Зайд Саидов аз наздиконаш хостааст, умедро аз даст надиҳанд

28 май 2013, 14:00

Наздикони Зайд Саидов барои ӯ, ки ҳоло дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад, китоби Қуръону Маснавии Ҷалолиддини Балхиро бурдаанд.

Дар ин бора ба "Озодагон" Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Зайд Саидов, хабар дода ва гуфт, чунин як дархостро нафари таҳти ҳимояташ кардаву наздиконаш иҷро намудаанд.

Оқои Қудратов мегӯяд, Зайд Саидов дар мулоқот аз пайвандонаш хостааст, ки умедро аз даст надиҳанд.

Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, рӯзи 19-уми май боздошт шуда, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи анмияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад. Мақомот ӯро дар тақаллуб, чандҳамсарӣ ва сӯистифода аз мақом муттаҳам мекунанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Миллат

  • 28 май 2013 14:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар Зайд Саид мохам дар баробари хонаводаи Шумо дар хаки Шумо дуо мекунем ва хамеша аз Худо рахматашро барои Шумо хохонем.Чавонмардон фаромуш нахоханд шуд.Иншоаллох сабр куне рузи ба пирузи хохем расид!Омин
Посух додан
  • карим девона

  • 28 май 2013 15:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
иншоаллох озод мешавед Зайд шеровичи азиз миллат бо шумо барин шахсиятхои боинсофу бовичдон ниёз дорад мо мухлисон ва пайравони шумо хеч гох умедро аз даст намедихем.худованд дар панохи исматаш нигах дорад зайд шерович шусо шери точикед шахсан ман бо шумо барин сиёсатмадоре ки доим ба руи мардум табассум мекунед ифтихори беандоза дорам.
Посух додан
  • Карим

  • 28 май 2013 16:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо нигахбонатон бародар Зайд Саид! Шумо кахрамони миллатед!
Посух додан
  • NASR

  • 29 май 2013 05:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
XUDOE MARDONI BUNEDKORI MILLATI AZIZAMRO DAR PANOHU ISMATAT NIGOH DORI...

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!