Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:14

Губернатори вилояти Маскав: Русия бе муҳоҷирони корӣ ҳеч аст

28 май 2013, 15:11

Андрей Воробёв, губернатори вилояти Маскав, мегӯяд, кишвараш бидуни нерӯи муҳоҷирони кории хориҷӣ аз рушд ва пешрафт боз хоҳад монд.

Воробёв, ки чанде қабл аз сӯи раисиҷумҳури Русия ба ин симат таъин гардид, дар ин бора зимни суҳбат бо шабакаи телевизионии НТВ-и Русия ибрози назар кардааст.

Ӯ дар робита ба дархости бархе аз аҳзоб ва гурӯҳҳои миллатгарои рус гуфтааст: “Мо ҳамасола бар асоси ниёзҳои худ ба беш аз 102 ҳазор нерӯи кории хориҷӣ дар вилояти Маскав иҷоза медиҳем. Аз ин рӯ, ҷонибдори беҳтар шудани шароити зисту ҷойҳои кории ин афрод мебошем ва умедворем, ки корфармоёни рус амнияти иҷтимоии онҳоро таъмин хоҳанд кард.”

Ба қавли Андрей Воробёв, ҳоло 30 дарсади нерӯи кории вилояти Маскавро дар бахшҳои гуногун, ба хусус саноат ва сохтмон, шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон ташкил медиҳанд.

Бино ба иттилои расмӣ ҳудуди як миллион ва аммо бар пояи иттилои ғайрирасмӣ ҳудуди ду миллион сокини Тоҷикистон барои кору зиндагӣ дар Русия қарор доранд. Соли гузашта ин гуруҳи муҳоҷирон тавассути бонкҳо ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон чаҳор миллиард доллар пул фиристода буданд, ки бештар аз буҷаи давлатии ин кишвар аст.

Вале ин изҳороти Воробев дар ҳоле садо медиҳанд, ки бархе аз мақомдорони рус борҳо барои маҳдуд кардани ҳузури муҳоҷирон, бахусус, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия овоз баланд кардаанд. Онҳо пешниҳод доранд, ки миёни Душанбеву Маскав виза ё раводид ҷорӣ шавад, то аз ин тариқ тавонанд муҳоҷирати тоҷикон ба Русияро контрол кунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Огромная спасибо господин Губернатор. Вас не толко русскый народ, а все народи бившый Советский Союз будет любить и уважать. Все любят того чедовека которые всегда будеть боротся за правду
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи магар аз суханони Андрей Воробёв фахр мекунед, ки дар сахифаи ОЗОДАГОН чопаш кардаанд ва давоми се руз аст, ки нобуташ намекунед. Ва фахр мекунед, ки ана боз борои давлати Русия гулом (канизак) даркор будаст (БЕНОМУСХО) раветон дар Русия саг барин кор кунед ва карз карда пул рои кунедтон, ки ВВП-и Точикистон аз худишумо вобаста аст.....
"Шаъми кач охир бисузад шишаи фонусро,
МАРДИ БЕНОМУС чи донад кимати номусро". Чалолиддин,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Rustam Rustamov
На мантики гап задан дориву на одоби сухан гуфтан. Ман сад афсус мехурам, ки Ватанам ба мисли ту аз доираи илму маърифат берун шахсонро дорад. волидайнат атуро тарбия карда натавонистаанд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ноза,
Ассалому алайкум аслан рости гап хеч маълумам нашуд, ки шуморо хохари азиз гуям ё бародари азиз.
Аввалан ман бо гуфтахои ту рози нестам барои оне, ки агар чанде бо балогату фасохат ва бо забони ахли илм сухан гуи инро фаромуш хеч гох накун , ки туро хеч гох хеч кас намешунавад барои оне, ки ман намегуям хама бесаводанд балки хеч кас аз кафои ободии хамин ватани кучакамон нест фаромуш кардаан.
Ва сониян мо бояд таввакал ба федератсияи Русия накунем. Мебахшед як соат аз вакти азизат чудо созу дар кунче нишаста фикри онеро кун, ки ахолии Точикистони азизамон такрибан дар чор сол кариб сесад хазор зиёд мешавад хама сола бале ин фахри мост лекин онхо таввалуд мешаванду ба воя мерасанд, ки дар ватани худашон кору фаъолият кунанд ё дар Русия..... Мебахши худат чавоб дех инро....
"Агар бо забони худашон мурочиат накуни онхо намешунаванд".

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!