Бахшҳо
28 май 2013 15:18Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Пешниҳоди Саодат Амиршоева барои табобати бепули саратон (рак)

Саодат Амиршоева, вакили парлумони Тоҷикистон, пешниҳод намудааст, ки табобати бемориҳои саратон дар кишвар ройгон ё бепул роҳандозӣ шавад.

Хонум Амиршоева рӯзи 28уми май дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин пешниҳодро дар нишасти ахири Шӯрои Маҷлиси Намояндагон ба вазири тандурустии кишвар, Нусратулло Салимов, ироа намудааст.

Вакили парлумон афзуд, ин пешниҳод мавриди истиқболи вакилон қарор гирифтааст ва айни ҳол барои таҳияи қарори дахлдор машғуланд.

Вай илова кард, дар дигар кишварҳо, масалан дар Русия, ҳамагуна касалиҳои саратон ройгон аз ҳисоби буҷаи давлат табобат карда мешавад: “Дар мо ақаллан табобати саратони ғадудҳои сина ба хонаводагони ниёзманд аз ҳисоби буҷаи давлат ройгон карда шавад. Чунки шумораи духтарони мубтало касалии ғадудҳои сина майли афзоиш дорад. Оилаҳои бой худро табобат менамоянд, вале оилаҳои камбизоат, ки имконияти табобат карданро надоранд мурда рафта истоданд.»

Дар ҳамин ҳол Амиршоева таъкид намуд, ки ин раванд бояд ҳар чӣ зудтар дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ шавад.
Мӯҳр
гамгин
Муаллимаи мухтарам агар хамин пешниходи Шумо кабул гардад аз чандин занхое, ки кабизоат мебошанд ва худро аз сабаби набудани маблаг табобат карда нметавонанд савобашро мегиред. Пешаки ба Шумо минатдориамро байён менамоям, чунки апаи ман касалии саратони сина мебошанд.

Бемории саратонро(рак) на факат дар давлати Русия, балки дар бисьёр давлатхои дигар ба мисли Узбекистон ба таври ройгон табобат мекунанд. Вакте,ки ман худам ба ин бемори дучор шудам, духтурхо барои гузаронидани факат чаррохи аз ман 600дол.амрекоиро талаб кардан, анестезиолог-100долл, барои гузаштани ташхис, анализхо , кушодани карточка-100долл, дорухо-боз 100долл. сарф шуд, Аз дигархо аз ин хам зиёд маблаг гирифтаанд.Боз терапияхои физио ва кимъёвии чанкаратаро намегуед? Хамаи ин маблагхоро карз карда бо дасти худ ба духтурон оварда медихем. Мо хам мефахмем маоши духтурон ночиз аст, барои касби духтуриро азхуд намудан онхо 7соли умри худашона сарф мекунанд. Аммо айби мо-мардуми оддии андозсупорандагони хакики(честные налогоплательщики) дар чист? Инро бояд хукуматамон ба души худ мегирифт. Муаллимаи азиз, пешниходи Шумо ба хукумат: табобати ройгони ба беморони саратон бошад(дар инчода Шуморо 100фоизи мардум дастгири мекунад), Шахсан ман илова ба пешниходи Шумо: 1-ум -Маоши духтуронро аз санаи 1июли соли чори ба 2(ду)баробар баланд бардоштан, 2-ум-Бемористони "Карияи боло"и ш.Душанберо аз сари нав сохтан ва бо тачъхизотхои нави замонави таъмин кардан-ро пешниход мекардам.Маблаг? Хохиш бошад маблаг ёфт мешавад. Ташаккури зиед.

Салим
пешниходе ки ба нафъи мардум бошад кай дар мо кабул мешавад?

Ташакури зиёд мухтарама Саодат Амиршоева, барои гамхори нисбати беморони гирифтори саратон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)