Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:48

САВОЛИ ШУМО БА САОДАТ АМИРШОЕВА

28 май 2013, 17:19

Саодат Амиршоева, вакили парлумони Тоҷикистон ва муаллифи пешниҳоди манъи издивоҷҳои хешутаборӣ, омодааст, ба саволҳои хонандагони “Озодагон” посух гӯяд.

Пешниҳоди Амиршоева дар бораи манъи издивоҷҳои хешутаборӣ моҳи марти соли ҷорӣ дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагон садо дода, мавриди истиқболи аксари депутатҳо қарор гирифт. Ӯ дар шарҳи пешниҳодаш гуфта буд, “ин масъала бояд 15 сол пеш дар Кодекси оила ворид ва бояд мавриди амал қарор мегирифт.”

Зеро ба бовари ӯ, издивоҷҳои хешутаборӣ бештар боиси бо нуқсон ба дунё омадани тифлон шуда, мояи азияти рӯҳии худи ин кӯдакон ва ҳам хонаводаи онҳо мегарданд. “Ҳадаф аз ин пешниҳод танҳо наҷоти миллат ва ба дунё овардани атфоли солиму бардам аст”,-таъкид дошта буд Саодат Амиршоева.

Ҳоло ин вакили Маҷлиси Намояндагон омодааст, дар робита ба ин масъала ва кораш дар парлумон ба саволҳои хонандагон посух бигӯяд. Вале бояд гуфт, саволҳо ва пешниҳодҳое нашр ва ба он посух гуфта мешаванд, ки таҳқири якдигар набошад.

Саодат Амиршоева соли 1953 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омада, факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Узви фраксияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси Намояндагон ва узви Кумитаи ин маҷлис оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният аст.

Дорандаи ордени “Нишони фахрӣ”, ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 ва медали ҷашнии “20 -солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон”. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.


Шарҳи худро бинависед:

  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом Саодат Амиршоева ман табиби чавон ва номзади илми тиб мебошам дар шахри пскови федерацияи россия кор ва фаъолият дорам ба шумо гуфтаниям ки ман бисери тадкикотхои тиббиро медонам ки то хол исбот на кардаанд ки никохи хешу табори ба нукси модарзоди оварда расонад хаст теорияхое асоси дакик надорад балки дигар омилхое аст ки дакик шудаанд ва нихоят хавфнокхам мебошанд мисол майнуши сигоркаши истеъмоли нодурусти гизо камбизоати омили рухию писихологи ва нашъаманди ки инхо хама дакик шудаанд ва омили хатар ба хисоб мераванд вале никохи хешу табори то хол пурра муайян нашудааст таткикотхои дакик то хол вучуд надорад шуморо чи водор сохт ин гуна конунро ба кодиекси оила чори намоед ва тадкикотхоро аз кучо гирифтед хол он ки шумо саводи тибби таткикоти надоред? Саволи дуюм инаст ки дар точикистон геноинженерия яъне ташхисгохи тадкикотии генетики вучуд надорад ва мутахасис дар ин соха надрем ки муаян созан то ирсияту таъгирпазирии хромасомахои шахсро ва пешгири созанд аз беморихои ирси е бо нукс тавалуд шаванда намешуд инро ба рох монед? Ое комисияхо е тадкикотхои тибби гузарондаанд дар точикистон ва чи гуна ва бо кадом донишмандон ва тахлили аникро бигуед? Бо эхтиром интизори чавоби шумо Ильесиддин аз шахри Псков...
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муаллмаи мухтарам! Бемории саратонро(рак) на факат дар давлати Русия, балки дар бисьёр давлатхои дигар ба мисли Узбекистон ба таври ройгон табобат мекунанд. Вакте,ки ман худам ба ин бемори дучор шудам, духтурхо барои гузаронидани факат чаррохи аз ман 600дол.амрекоиро талаб кардан, анестезиолог-100долл, барои гузаштани ташхис, анализхо , кушодани карточка-100долл, дорухо-боз 100долл. сарф шуд, Аз дигархо аз ин хам зиёд маблаг гирифтаанд.Боз терапияхои физио ва кимъёвии чанкаратаро намегуед? Хамаи ин маблагхоро карз карда бо дасти худ ба духтурон оварда медихем. Мо хам мефахмем маоши духтурон ночиз аст, барои касби духтуриро азхуд намудан онхо 7соли умри худашона сарф мекунанд. Аммо айби мо-мардуми оддии андозсупорандагони хакики(честные налогоплательщики) дар чист? Инро бояд хукуматамон ба души худ мегирифт. Муаллимаи азиз, пешниходи Шумо ба хукумат: табобати ройгони ба беморони саратон бошад(дар инчода Шуморо 100дарсади мардум дастгири мекунад), Шахсан ман илова ба пешниходи Шумо: 1-ум -Маоши духтуронро аз санаи 1июли соли чори ба 2(ду)баробар баланд бардоштан, 2-ум-Бинохои кухнаи Бемористони "Карияи боло"и ш.Душанберо чаппа карда ,аз сари нав сохтан ва бо тачъхизотхои нави замонави таъмин кардан-ро пешниход мекардам. Ташаккури зиед.
  • Содик

  • 28 май 2013 20:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муаллимаи мухтарам! Намешвад,ки ба чои ин масъала масъалаи ислохоти пураи хизматрасонии тибби пеш гузошта шавад?
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо шавхар доред? Баъдан барои чи зидди бисёрзани хастед? Магар шароити имрузаро дарк мекунед,ки занои точик дар тамоми чахон пахн шудаанд,дар Дубай,давлатхои араби ва гайра барои чи ба худатон маълум.
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом Муаллима Саодат Амиршоева, мехостам хизмати Шумо арз намоям, ки ман бо духтари аммаи худ оила барпо намудам. Шукронаи Аллох худуди 12 сол аст, ки бо чор фарзанди зебову солим зиндаги хубе дорем. Ва чандин мисолхое оварда метавонам, ки дустони ман бо хешу таборхояшон оила барпо намудаанду зиндаги хубе ва фарзандони басо зебо хам доранд. Муаллимаи азиз чидар чомеаи имрузаи мо мушкилот кам аст, ки шумо водор ба кабули чунин конун шудед? рости аз нукта назари ман ин конуни кабулкардаи шумо ягон арзише надорад. Ташаккур
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Амиршоева
1. Чаро махз ба ин мавзуъ даст задед? Кадом мисолхои мушаххас Шуморо водор ба ин пешниход кард?
2. Пешниходи шумо агар чанбаи конуни касб кунад хилофи ошкори насси сарехи Куръон ва амри Худованд дар ин маврид аст, оё ба Куръон итминон доред?
3. Бар асоси кадом ва бо такя ба кадом тадкикоти маркази омузишии муътабар ба ин бовар расидед, ки издивочи хешутабори ин хама беморихоро ба вучуд меорад?
4. Дар мо марказхои тадкикии муътабар дар ин соха вучуд надорад, Шумо чи мегуед?
5. Фикр намекунед, ки танхо таблиг дар ин замина кофист, аммо интихоби хамсар барои инсонхо ихтиёрист ва шумо бо пешниходи ин тарх озодихои Шахсро зери суол мебаред ва ин амали Шумо идома хамон карорхои каблии накзкунандаи хукукхо дар мавриди ичборан тарошидани риши мардон, манъи масчидравии то 16 солахо ва амсоли инхост?
6. Дар сурате, ки шахс мехохад духтари хола, амма, тагои ва амакашро ё наберахои ин афродро ба зани бигирад Шумо чи хак доред, ки онхоро конунан манъ кунед?
7. Фикр намекунед, ки баъди кабули ин тархи шумо роххои дигар вучуд доранд, масалан шахс духтари хешовандашро дар Русия ба зани мегирад ё кишвари дигар?
8. Шумо бо конуният бахшидани ин тарх кадом чазоро дар конунгузори ба шикандаи тархатон пешниход менамоед: хабс, чарима, чудо кардани навхонадорон...?
Сипосгузорам
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом мухтарама Вакил! Банда ба Шумо суол надорам, танхо фикри худро оиди пешниходи маньи никохи хешутабори, ки аз чониби Шумо ба парлумон буд, иброз медорам то сари он андешаи худро баён намоед: ``Агар никохи хешутабори бар зарари инсоният мебуд, пас аз чониби Паёмабарамон Мухаммад (с) ичро намешуд (никохи Хазрати Али ва Фотима рози бод аз онхо Худованд). Дигар инки амале ки аз чониби Худованд мань нашудааст, пас дар он хеч зараре вучуд нахохад дошт.`` Боки сарбаланд бошед мухтарама Вакил!

Салом мухтарама Вакил! Банда ба Шумо суол надорам, танхо фикри худро оиди пешниходи маньи никохи хешутабори, ки аз чониби Шумо ба парлумон буд, иброз медорам то сари он андешаи худро баён намоед: ``Агар никохи хешутабори бар зарари инсоният мебуд, пас аз чониби Паёмабарамон Мухаммад (с) ичро намешуд (никохи Хазрати Али ва Фотима рози бод аз онхо Худованд). Дигар инки амале ки аз чониби Худованд мань нашудааст, пас дар он хеч зараре вучуд нахохад дошт.`` Боки сарбаланд бошед мухтарама Вакил!
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ассалому алейкум!
Ба фикри ман ин конун зидди лозунгхои демократи аст ба мисоли "озоди" "доштани интихоб" ва дигар калимахои демократи ки ба Точикистони имруза дахл надорад.
Ба кори оилавии халк чи кор доред..? агар макул набошад духтару набераатонро ба хеш неву ба бегона дихед.
Ба тую маъракохо дахолат кардетон, ба дин дахолат мекунетон, акнун ба корхои оилави хам даст заданиед...?
Танхо байни зану шавхар монд халос...ПАС ДЕМОКРАТИЯ КУЧО ШУД...???
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман аз шумо хохиш дорам ба кори шахсии мо дахолат накунед, агар мушкили хал кардани бошед равед духтарони танфуруш ро нигох доред, ин конуни Шумо мушкил ро хал не балки,мушкилтар мекунад.
Харкоре, ки ба хубинашавад ба зури намешавад!!!

Савол! Шумо чи хизмат кардед ба ватану миллати мо??? номбар кунед!!!
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом баро чи шумо хамин масаларо пешниход кардед дигар масалахо дар точикистон нестми ин масаларо аллох ва расулаш 1400-сол пеш ба мо фахмондабуд агар зарар медошт мухаммад с а в духтарашон бехтарини зани ин дунё ва охиратро ба писари амакашон додан агар зарар медошт инкорро намекарданд шумо бачои ин аракхури,нашаманди,сигоркаши,носкаши,кимор
бози ин корхои зишт ва кабехки хам ба саломати ва хам ба кудаки носолим ба дунё мебиёд ин корхоро 1400-сол пеш паёмбар с а в бамо фахмонда буданд тиб имруз испод кард шумо ин масаларо пешниход кунед аз пеши худ хар чизро пешниход накунед илтимос ин номаи манро бирасонед ташаккур
  • Муаллима

  • 29 май 2013 08:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муаллимаи мухтарам барои пешниходи Шумо нисбати ройгон табобат кардани касалихои саратон ба хусус саратони сина як чахон ташакур мегуям.Хакикатан хам барои табобати касалихои саратон маблаги зиёд даркор аст, чунки банда таи се сол мешавад, ки як бародари 45 сола, ки ба ин касали гирифтор буд аз даст доданд ва айни хол бошад як апаи нозанини 52 сола низ ба касалии саратони сина гирифтор шудааст. Барои табобати ин касалихо чандин хазор маблагро сарф кардем ва холо хам сарф карда истодааем, аммо окибаташ натича хам намедихад.Барои хамин боз як бори дигар минатдориамро баён менамоям ва аз худованди мутаол умедворам, ки пешниходи Шумо кабул мегардад ва барои шахсоне, ки ба ин касали гирифторанд каме хам бошад рухияи баланд мешавад. Чигархоям барои фарзандхои падарам сухта истодааст.
  • Шарифчон

  • 29 май 2013 09:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ассалому алайкум вакили мухтарам!Дар бораи никохи хешутабори .Ман хафт амма доштам ки аз онхо панч нафарашон дар кайди хаетанд ин хафт нафар хаммаашон ба якдигар писару духтар додаанд яъне кудо хастанд баъзеашон
хатто ба ду се апаву хохараш кудо шудаанд,шукри Худо хозир то 5-6 фарзанди доранд аммо ягонтаашон маъюбу маслук нест ин гуна мисолхо зиеданд ое хамаи инхо далел шуда наметавонад? Дувум ин ки шумо хамчун зани мусалмон фикр намекунед ки агар ин никох бар зарари инсон мебуд Худованд дар курон онро манъ мефармуд.
  • Isfandiyor

  • 29 май 2013 09:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Assalomu alaykum . 3 savol doram baxshish agar saxt rasad. Ammo gumon namekunam ki boyad az in savolho ranjid. 1- lutfan medufted ki shumo ba kadom DIN qaror dored? 2- oyo medoned ki xudovand dar quron oshkoru vozeh dar bobati nikohi xeshutabori ijozat dodaast, shumo fikr mekuned ki inson az ofaridgorash oqilu foziltar ast yo fikr mekuned ki xudovand dar in bobat xato kardaast? 3- dar tjk ilmi genetika va tatqiqoti genetiki metavon guft ki qaribki vujud nadorad shumo az kujo va bo kadom dalel meguyed ki nikohi xeshutabori zararovar ast ? Ilova bar in modarkalonam va boboyam hardu amakbachcha meboshand , padaram modaramro yane duxtari ammaashonro man duxtari xolaamro da bikoh darovardam . Shukri xudo 2 farzand doram hama solim dar oila mo 5 nafar farzand hama ma'lumotash oli 2 nafar nomzadi ilm yake matematik digar fololog. Padaram va ammaam niz sihatu salomat . Bashumo boz chi dalel lozim ast? Shumo huquqe ki xudovand ba mo dodaast haqqi mahdud kardanro nadored na shumo balki xudi paygambaron niz nadoshtand!!!
  • Amin

  • 29 май 2013 10:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Muhtaram Amirshoeva Saodat, shumo ku khudaton fakultai Huquqshinosiro tamom kardaed, pas az kujo Isbot karda tavonisted vayo meguyed ki izdivojhoi kheshutabori beshtar boisi nuqson ba dunyo omadani tiflon meshavad. Oyo hamin mas'alayest ki ba fikri shumo boyad qonunu qoida baroyash barorem, digar yagon mas'alayi muhimero besh az in shumo namedoned? Аvval yagon qonun baroi poymon nakardani huquqi mardum barored pas in mas'alai isdivojhoi kheshutabori khud ba khud hal meshavad.
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салом муаллима!
Вактхои охир вакилон конунхое кабул карда истодаанд, ки хилофи дину оини мо точикони мусалмон аст. Масалан конуни "Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" комилан хилофи дини мубини ислом аст. Агар Коуни пешниходнамудаи Шумо рочеъ ба хешу табори кабул шавад ин дуввумин конуни зидди дини ва зиддиисломи хохад буд. Аз Шумо пурсидан мехохам ки чаро вакилони мова аз чумла Шумо зидди ислом овоз дода истодаед? Ё Шумо ва вакилони мо дар дини дигар карор доранд, ки чунин конунхо кабул мекунанд? Хуб нест, ки ба чои ин конуне дар бораи шаффоф гузаронидани интихоботхо кабул мекардед?
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!