Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:09

Нигаронии Путин аз коҳиши додугирифти Тоҷикистону Русия

28 май 2013, 17:30

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳри Бишкек нимаи дуюми рӯзи 28-уми май бо президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуд.

Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Владимир Путин зимни суҳбат ба масоили амнияти минтақавӣ ва ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ дахл намуда, аз коҳиш ёфтани ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар дар соли 2012 изҳори нигаронӣ кард. Ӯ, аз ҷумла изҳор дошт: “Мо бояд сабабҳои ин тамоюлро таҳлил намуда, барои бартараф намудани онҳо чораҳо андешем ва боварӣ дорам, ки ин ҳолат ислоҳшаванда аст, зеро Русия ҳамоно бузургтарин шарики тиҷоратӣ ва сармоягузор ба иқтисодиёти Тоҷикистон боқӣ мемонад”.

Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намудааст, ки тавофуқоти зимни сафари порсолаи Президенти Русия ба Тоҷикистон ҳосилшуда, ба тасвиб расида, татбиқи амалиашон оғоз меёбад.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқот доир ба дастгирии техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва умуман Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, аз ҷумла бо назардошти дурнамои авзои Афғонистон пас аз соли 2014, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ҳамчунин руасои ҷумҳур доир ба роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, илму техника, маориф, фарҳанг ва атрофи густариши робитаҳо миёни минтақаҳои ду кишвар гуфтугӯй доштаанд.

Ин дар ҳолест, ки пас аз ҷорӣ намудани боҷи содиротии маҳсулоти нафтӣ барои Тоҷикистон ҳаҷми воридоти сӯзишворӣ аз Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфт ва ин омил сабаби асосии коҳиши нишондоди додугирифт миёни кишварҳо арзёбӣ мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Рома

  • 28 май 2013 18:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Этот Паутин не рыба ни мясо..

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!