Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:39

Ҷузъиёти сӯҳбати Рамзия Мирзобекова дар Кумитаи амният (НАВШУДА)

29 май 2013, 11:36

Рамзия Мирзобекова, муовини сардабири “Азия-Плюс”, ки субҳи 29-уми май барои “як сӯҳбат” ба Кумитаи амнияти миллӣ даъват шуда буд, ҷузъиёти суҳбаташро бо масъулини Кумитаи амнияти миллӣ дар сафҳаи фейсбукии худ нашр кардааст.

Мирзобекова менависад, Муҳаммад Меликов, як корманди Кумитаи амният ӯро дар дафтари ин ниҳод дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мавриди бозпурсӣ қарор додааст.

Меликов гуфтааст, Мирзобекова дар фаъолияти кориаш ба иқдоме даст мезанад, ки метавонанд ба амнияти миллӣ таъсир расонанд. Аз ҷумла, масъули амният гуфтааст, Рамзия зимни инъикоси ҳаводиси Хоруғ, дар тобистони соли 2012, дар ҳолатҳои зиёд амнияти миллиро зери хатар гузоштааст.

Муҳаммад Меликов афзудааст, Мирзобекова барои ҳимоят аз Димон Ашӯров, як сокини шаҳри Хоруғ, ки ахиран 12 соли зиндон гирифт, ба гирдиҳамоӣ даъват кардааст. “Гӯиё дар мулоқот бо наздикони Димон гуфтаам, ки гирдиҳамоӣ кунанд”,-менависад Рамзия. Мақомот гуфтаанд, далелҳои исботкунандаи даъват ба гирдиҳамоиро баъдтар пешниҳод хоҳанд кард.

Мавзӯи дигари суҳбати мақомот бо Рамзия Мирзобекова, Эътилоф барои ҳимоят аз демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон будааст, ки чанд рӯзи қабл таъсис ёфта, Мирзобекова узви он мебошад. Аз Рамзия пурсидаанд, оё чунин эътилофу созмонҳо боиси такрори ҳаводиси солҳои 90-ум дар Тоҷикистон намегарданд? Ӯ ҷавоб додааст, ки "на" ва афзудааст, “баръакс, танҳо чунин созмонҳо метавонанд аз такрори ҳаводиси солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунанд, чун вақте ҳуқуқҳои конститутсионии ҳама риоя мешаванд, ниёзе ба бесарусмониҳо боқӣ нахоҳад монд.”

Дар ҷавоб ба суоли мақомот ки “Оё фикр намекунад, ки аз ҷониби нерӯҳои дохилию хориҷӣ барои ғаразҳои сиёсӣ истифода хоҳад шуд?”, Рамзия Мирзобеков пурсидааст, ки мақомот инро чӣ хел тасаввур мекунанд? Ӯ афзудааст, дар мавзӯъҳои рӯзмарра менависад ва ҳеч имкони сӯистифода аз фаъолияташро намебинад.

Меликов назари Рамзияро дар мавриди қазияи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик низ пурсидааст, ки сару садоҳои зиёдро ба бор овардааст. Ин масъули амният таъкид кардааст, ки бе далелҳои ҷиддӣ ҳеч имкон надорад, ки касе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад. Мирзобекова дар ҷавоб изҳор доштааст, дар шароити мавҷудаи Тоҷикистон ҳама чиз имконпазир аст.

Рамзия Мирзобековаро аз ҷумлаи хабарнигорони ҷавону боҷасорат медонанд, ки бештар мавзӯъҳои доғро ба баррасӣ гирифта, се соли қабл ҳам барои як нашри матлабаш дар бораи шиканҷаи боздоштшудаҳо бо Идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ вориди баҳси додгоҳӣ шуда, пирӯз омада буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • фира

  • 28 май 2013 19:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боз навбати рузноманигорон расид чи, аз гуфтахо бар меояд, ки мегуян дамата гир хархел сухани бечо магу..
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
В таджикистане это замечается часто хотят ей тоже род замкнут и какие меры примут они это не известно
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Марзия, илтимос ба КГБ танхо наравед! Бо худатон хатман адвокат, як чанд рузноманигор баред
Посух додан
  • Парвиз

  • 28 май 2013 20:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рамзиябону, мо бо шумоем!
Посух додан
  • Шароф

  • 28 май 2013 22:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хайр банд чи? Ачоиб гапое ин рузхо даххо даъват мешаванд лекин хамаи онхо саломат ба хонахояшон мераванд. Ин духтар чи гуноху балое дорад, ки пеш аз пода чаны андохта доду вой карда истодааст. Агар чосусу хоин бошад (чунин нафарон дар миени журналистон кам нестан) бигзор мувофики конун чазо гирад. Агар иттилое чихати таъмини амнияти кишвар дар ихтийор дорад бигзор дар хизмати макомот гузошта карзи шахрвандиашро ичро кунад. Аку сайто хам ай кампирода гузаронидан.
Посух додан
  • мардум

  • 29 май 2013 11:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
крепитесь. мы поддерживаем вас. слава вам за острые и своевременные статьи. Журналисты- мужчины берите у неё пример!
Посух додан
  • Nik

  • 29 май 2013 12:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман бо Шариф комилан розиям у як интриганкаи шовинист аст хай бурданд чи? Чаро вохима
Посух додан
  • Carabiner

  • 29 май 2013 13:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
На всех гговшников не хватить. А жаль...
Посух додан
  • Реал

  • 29 май 2013 16:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хонумаи мухтарам ба маънои томаш PR карда истодааст. Нангу номуси миллй дар чунин ашхос ба миниммум баробар аст. Инхо Ватанро бо дидани як кунчаки "сабзак" (доллар) мефурушанд.
Посух додан
  • Nik

  • 29 май 2013 16:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оре Рамзия ба пиари худ андармон аст ва у парвои ин сарзаминро надорад ва ин мардумро,гуё у якумин шахс аст ки ба амният даъват шуда бошад)) Аслан ингуна ашхос амдану касдан амнияти моро дар хатар мемонанд аз сабаби харисии хеш
Посух додан
  • Yoki

  • 29 май 2013 21:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарама Мирзобекова ва баъзе журналистони Азия -плюс(масалан Татабалина)кариб, ки пурра компанияро зидди сиёсати Хукумати Точикистон кайхо ки огоз намудаанд. Хукумат дуруст мекунад. ки ба инхо диккат медихад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дустон ахамият дихед ба ном рузноманигорони "мухолиф" аз бадахшон хастанд. Хохиш мекунам ба решаи кор нигох кунед эй бародарон, зиракиро аз даст надихед ва дариохир коре нашавад ки хамаи инжо бо пасспортхои руси гурехта раванду, мо монем, бародар бар зидди бародар.
Андешаи солимона ва бегаразона кунед эй муъминон!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!