Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:07

Минарӯбӣ дар Тоҷикистон мавриди муҳокимаи масъулин қарор гирифт

14 июл 2011, 03:26

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо намояндаи кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Северин Шаппаз мулоқот кард.


Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ин вазорат иттилоъ доданд, зимни нишаст  масоили ҳамкории Тоҷикистон бо кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар соҳаи таъмин намудани аҳолӣ бо дастрасии хизматҳои тиббӣ ва оби нӯшокӣ, аз ҷумла сохтмони бинои маркази КБСС дар ноҳияи Рашт, маркази тибби муосир бо таҷҳизоти ташхисии тиббӣ ва лоиҳаи бо об таъминкунии аҳолӣ, муҳокима гардиданд. Инчунин, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи минарубӣ ва таҳкими иқтидор дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла беҳсозии шарту шароит дар муассисаҳои пенититсиарӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуданд.

Маврид ба ёдоварист, намояндагии КБСС фаъолияти худро дар Тоҷикистон моҳи январи соли 1993 оғоз кардааст. Дар чорчӯби фаъолияти худ ин кумита, кӯмакҳои башарӣ ва тиббӣ мерасонад, барои интишори дониш дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалии башарӣ мусоидат карда, барномаи огоҳӣ аз хатари минаҳоро татбиқ менамояд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!