Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:52

Қирғизистон "пухта" мешавад?

29 май 2013, 11:50

Коршиноси рус муътақид аст, ки танҳо гом бардоштан дар ростои манофеи миллӣ ва тақвияти ҳамгароӣ бо шарикони воқеӣ дар минтақа кафили суботу пешрафти Қирғизистон хоҳад буд.

Сергей Масаев пажуҳишгари Маркази мутолиоти стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Русия ва раиси маркази мутолиоти роҳбурдӣ дар Қирғизистон бар баррасии чолишҳо ва фурсатҳои пешорӯи Қирғизистон пардохтааст.

Дар пеш аз ду даҳаи истиқлол, мақомоти олии Қирғизистон дар заминаи сиёсати хориҷӣ дучори иштибоҳоте шуданд, ки муҳимтарини онҳо инҳоянд:

Иштибоҳи нахуст, барои як кишвари кучак лозим аст то ҳар гомеро, ки дар арсаи сиёсати байналмилалӣ бармедорад, битавонад онро ба таври дақиқ таъриф кунад. Агар чунин коре сурат нагирад ва гузашта аз он иқдомоти кишвар бидуни пойбандӣ ба мавозеи мушаххас арзёбӣ шавад, пас марҳилаи ҳарҷу марҷи дидгоҳҳо фаро мерасад. Чун ба раҳбарии кишвар метавон дидгоҳҳои бисёр мухталиферо арза кард. Бинобарин иштибоҳи раҳбарии Қирғизистон адами вуҷуди мавқеи собит будаву мебошад.

Иштибоҳи дувум, аз иштибоҳи аввал сарчашма мегирад: имкони доштани ҳимоят аз сӯи шарикони аслии кишвар муяссар нест, зеро онҳо дар вазъияти сардаргумӣ қарор гирифта ва ҳатто то ҳудуде эътимоди худро аз даст додаанд.

Иштибоҳи севвум, баъд аз онки дар сатҳи олӣ ва расмӣ тавофуқ ҳосил шуд, набояд иқдом ба тағйиру бознигарии асосии он кард.

Гоҳо чунин ба назар мерасад, ки намояндагони расмии Қирғизистон ҳангоми музокироти расмӣ дар ин фикр мебошанд, ки чи тавр метавон дар масире комилан муғоир бо ончи баҳс мешавад, гом ниҳод. Ин дигар як масъалаи дур аз чашм набуда балки воқеияти маҳз аст.

Нармиши сиёсати хориҷии чанд тарафаи Қирғизистон дар ҳақиқат корест, ки иҷрои он барои ин кишвар бисёр сахту сангин мебошад. Зеро иқтисоди заъиф, нерӯи мусаллаҳи кам теъдод ва ҷамъияти маҳдуди кишвар, майдони намоиш барои доштани сиёсати дар воқеъ мустақили хориҷиву иқтисодиро танг мекунад.

Аммо ин ба он маъно нест, ки ҳатман бояд аз ин мантиқи расмӣ пайравӣ кард, ки ё сиёсати чанд тараф ва ё вобастагӣ.Метавон гузинаҳои таҳаққуқи сиёсатеро дар назар гирифт, ки битавонад ба манофеъ ва аҳдофи миллӣ посух диҳад.

Бояд гуфт, ки сиёсати казоии чандтарафа дар амалкарди мақомоти олии ин кишвар ҳаргиз вуҷуд надошта аст, зеро ҳечгоҳ таърифи дақиқе аз манофеъ ва аҳдофи миллӣ арза нашудааст. Бале ҷомеаи коршиносии Қирғизистон мавзуъҳоеро мавриди баҳс қарор медиҳад, вале дар кулл беназмиҳои ин арса аз тариқи расонаҳои гуруҳӣ беҳтар бозгӯ мешаванд.
Дар ҳар сурат ончи аз сӯи коршиносон гуфта мешавад, амалан ҳеч таъсире бар рӯи тасмимоти мақомот надорад. Далоили мақомот бо далоили коршиносон мутафовит аст. аз ин рӯ, аз бархе аз коршиносони ҳамсу ҳимоят мекунанд то муддаӣ бошанд, ки танҳо тасмими дуруст ҳамонест, ки мақомот мегиранд.

Мушқил инҷост, ки ба қавли Виктор Черномердин нахуствазири пешини Русия "мехостем беҳтар аз гузашта бишавад, вале мисли ҳамеша шуд".

Агар дар мавриди ҷиҳатгириҳои сиёсати хориҷии Қирғизистон сӯҳбат кунем, пас ҷиҳатгирии аввал ба мавзуъи зарурати ёфтани ҷойгоҳи худ дар Осиёи марказӣ (ОМ) бармегардад. Дар ин росто лозим аст то кишвар масоили мавҷуд бо Қазоқистону Узбакистонро бар асоси суди дутарафа ва мушорикат ба натиҷа бирасонад.

Мавриди баъдӣ, густариши равобит бо шарикони суннатӣ ва кишварҳоест (қабл аз ҳама бо Русия), ки замоне онҳоро дар арсаи сиёсатҳои калон озмоиш кардааст. Бахусус инки танҳо бо такя бар шарикони стратегӣ метавон мушкили Афғонистонро барои ҳамаи кишварҳои ОМ ҳал кард.

Ҷиҳатгирии севвум ба баҳси мушорикати ҳисобшуда дар тарҳҳои ҳамгароӣ дар фазои шӯравии собиқ иртибот дорад, ки ба нафъи мардуми Қирғизистон будани ин тарҳҳо ба равшанӣ эҳсос мешавад.

Ва ҷиҳатгирии чорум, бояд дар ростои тасмимгириҳои марбут ба тавсеъаи иқтисодии кишвар ва тарҳҳои ин арса бошад. Бинобарин бояд вазни воқеии иқтисоди Қирғизистон дар назар гирифта шавад.

Ба назар мерасад, ки танҳо бо ҷиҳатгирӣ дар заминаҳои мавриди ишора метавон дастёбӣ ба манофеи миллиро амалӣ намуд. Агар чунин коре сурат нагирад, пас маълум аст, ки хатароти зер метавонад амалӣ гардад. Адами ҳифзи ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии Қирғизистон аслитарин хатар аст.

Аз Қирғизистон маъмулан ба унвони як кишвари хурд ном бурда мешавад. Кишвари кучак кишварест, ки на дар сатҳи ҷаҳонӣ ва на дар сатҳи минтақаӣ наметавонад иродаи сиёсии худро пиёда кунад. Ҳар кишваре, ки ба таври асосӣ аз умури ҷаҳонӣ канор бимонад, кишвари кучак аст. бархилофи микрокишварҳо, кившарҳои кучак имконоти кофӣ барои ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзии худ дар ихтиёр доранд. Аз вижагиҳои аслии кишварҳои кучак маҳдудияти манобеъ ва ниёз ба ҳимояҳои хориҷӣ ҷиҳати таъмини амният мебошад.

Бинобарин чунончи Қирғизистон як бори дигар аз кумаки шарикони имтиҳоншудаи худ маҳрум бимонад, метавонад бо хатари табдил шудан аз ҷойгоҳи як кишвари кучак ба микро кишвар мувоҷеҳ шавад. Фоидаҳои чунин сиёсате маълум аст. чунончи дар мавриди Қирғизистон чандин тарҳи хориҷӣ вуҷуд дорад, пас мақомоти ин кишвар бояд дар робита бо кумакҳои хориҷӣ таъини ҷиҳатгирӣ кунанд ва сиёсати хориҷии худро тавре пиёда кунанд, ки битавонад кафили таҳаққуқи манофеи миллии Қирғизистон бошад.

Дар вазъияти мавҷуд Қирғизистон мавзуъу ҳадафи таъсиргузорӣ барои бозигарони мухталиф башумор меояд. Замина барои пиёда кардани ин тарҳҳо дар Қирғизистон бисёр фарқ мекунад ва бо наздик шудани замони гирифтани тасмимоти асосӣ, таъсиргузории хориҷӣ низ шадидтар мешавад.

Шарикони воқеии Қирғизистон дар минтақа тамоюл ба устувории вазъияти ин кишвар доранд то аз ин тариқ битавонанд таҳдидоти бесуботии минтақаро бигиранд. Дар маҷмуъ равшан аст, ки тарҳҳои бузурги хориҷӣ метавонанд бо истифода аз вазъияти Қирғизистон ба дунболи даст ёфтан ба тағирот дар ОМ бошанд.

Бо ин ҳол марҳилаеро, ки Қирғизистон дар он қарор гирифтааст, метавон чолиш барои бақои он арзёбӣ кард. Оё ин кишвар пухта хоҳад шуд то масъулияти аъмоли худро бар ӯҳда гирад ва аз ин ҳолати ба истилоҳ "хобидани бо чашмони боз" берун омада ва манофеи миллии худро бишиносад? Ин пурсишест бидуни посухи қотеъ.

Таҳияи Сиёвуш Қосимзода


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!