Бахшҳо
29 май 2013 15:27Тоҷикистон / Сиёсат

HRW: Ҳукумати Тоҷикистон дар дасти намояндагони як минтақа аст

Ҳюман Райтс Вотч (Human Rights Watch) дар гузориши тозаи худ Тоҷикистонро “кишвари худкома” номида, мегӯяд, ҳукумат зери идораи намояндагони як минтақа ва наздикони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, қарор дорад.

Ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон менависад, ҳукумати Тоҷикистон гуногунандешии сиёсиро маҳдуд кардааст, агарчӣ Қонуни асосии он низоми бисёрҳизбиро тазмин мекунад. Ба унвони далел, гузоришгарони Ҳюман Райтс Вотч аз тақаллубкориҳои ҳизби ҳоким (ҲХДТ) дар интихоботи парлумонии соли 2010 мисол овардаанд.

Human Rights Watch дар хулосаи гузориши худ муносибати ба гуфтаи онҳо “бераҳмонаи мақомот нисбат ба боздоштшудагон, хушунат алайҳи занон, маҳдудияти дастрасӣ ба иттилоот, озодии баён, масдудкунии шабакаҳои иттилоотии мустақил ва иҷтимоиву маҳдудияти озодии виҷдонро” аз намунаи намоёни нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хондааст.

Гузоришгарони ин созмон ҳамчунин аз фасоди густарда, қочоқи инсон, беадолатии додгоҳӣ, имконнопазир будани боздиди нозирони байналмиллалӣ аз маҳбасхонаҳо, вазъи нигаронкунандаи зиндонҳо, эҷоди маҳдудият барои дониши динӣ гирифтани кӯдакон ва ҳамчунин маҷбур намудани гурӯҳе аз шаҳрвандон ба танфурӯшиву кори иҷборӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Бино ба таҳлили Human Rights Watch дар Тоҷикистон мансабдоронро барои нақзи ҳуқуқи инсон хеле кам ба ҷавобгарӣ мекашанд.
Мӯҳр
Рустам
Ин ташкилотхо танхо ба хотири игво ин тавр мекунанд. аз онхо ягон фоида нест

Чавон
Рустам,
Инаш игвогар вайя хоини миллат савумаш душмани хал ва бокимонда гусфанд факат як гурух одаму олиму хушбахт дар Точикистон ачабо хеле ачиб.Ман намефахмам ки вакте чизи хакро гуянд у хатман игвогар ё душман мешаванд.Хамонхе ки бештари вакт танкид мекунанд то як андоза зиндагии хуб доранд онхо аз дилсузиашон барои миллату ояндаи давлат мегуянд.Ин фабрикаи чавоб хатман хамин калимаи игвогарро харида гирифтааст ки хатман ба хаама мечаспонад.Ачабо наход дар Точикистон ягон камбуди набошад Амрико камбуди дорад русия дорад шветсария дорад акунун бовар накарданист ки хамин кишвари кафомонда камбуди надошта бошад бародар Рустам

355
бар фабрикаи чавоб, косалесони номард.

Мираёз
Вокеъан миллат бисёр беобуру шудааст.Дар Аврупо точик гуфта гулому бардаи хонаи дари русро холо мефахманд.Афсуз бояд хурд!

инхо ба ки мурочиат карда истодаанд, ба фикрам ба ахолии Марс.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)