Бахшҳо

Беларус муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро қабул мекунад

Боздиди ҳайати Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон таҳти сарварии сардори ин ниҳоди тозатаъсис, Сафиалло Девонаев аз Беларус ба поён расид.


Тибқи иттилои расида, дар шаҳри Минск ҳайати мазкур бо  бо муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурии Беларус – Е.Полуден, сардори департаменти шаҳрвандӣ ва муҳоҷирати ин вазорат А.Бегун  ва дигар шахсони масъул мулоқот кард.  Дар вохӯрӣ масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва такмили заминаи шартномавию ҳуқуқии он, ба роҳ мондани муносибатҳо бо кордиҳандагони кишвари иқомат ва ҷалби мақсадноки муҳоҷирон, тайёр кардани мутахассисон, ҷалби муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ ба барномаҳои бахши кишоварзӣ бо истиқомат дар агрошаҳракҳои Беларус ва дигар масъалаҳо муҳокима шуданд. Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ, аз ҷумла зарурати таҳияи ду лоиҳаи созишномаро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ қайд намуда қарор карданд, ки онҳоро дар мӯҳлати кӯтоҳ таҳия ва мувофиқа намоянд. Дар назар аст, ки ҳуҷҷатҳои зикршуда масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии муҳоҷирон, тамдиди мӯҳлати бақайдгирии онҳо, содда кардани тартиби гирифтани ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва дигар масъалаҳои муҳимро ба танзим медароранд.

Рӯзи 12 июл дар сафорати Тоҷикистон дар ҷумҳурии Беларус  бо кордиҳандаи кишвари иқомат, муовини директори генералии ширкати сохтмонии “Версо-Монолит”   К.Каримов   мулоқот доир  гардид. Тарафҳо ба хулоса омаданд,ки ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби коргарон ба иншооти сохтмонӣ (то 300 нафар) кор мебарад. Худи ҳамон рӯз дар сафорат вохӯрии ҳайати Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамватанон ва муҳоҷирони меҳнатии кишвари иқомат доир гардид. Дар рафти вохӯрӣ сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов доир ба сиёсати сарвари давлат оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, иқдоми ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъсис додани Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумат ва аҳамияту вазифаҳои сохтори нав, инчунин дар бораи ҳамкории сафорат бо ҳамватанон ва шаҳрвандони тоҷикистонии муқими кишвари иқомат сухан гуфт. Сардори хадамоти муҳоҷирати  Тоҷикистон Сафиалло Девонаев  оид ба ҳадафҳои дар назди хадамот гузоштаи ҳукумат, мақсади ташрифи худ ба Ҷумҳурии Беларус, инчунин натиҷаи гуфтушунид маълумот дод.Иштирокчиёни вохӯрӣ  фаъол гардидани кори ташкилоти ҷамъиятӣ ва аз ҷониби сафорат дастгирӣ шудани фаъолияти онро  таъкид карда, ҳамзамон зарурати касбомӯзӣ ва таҳсили фарзандонашонро дар мактабҳои олии Тоҷикистон ва мактабҳои кишвари иқомат иброз доштанд.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)