Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:47

Мунтахаби наврасони тоҷик аз дастаи Уругвай шикаст хӯрд

30 май 2013, 10:58

Мунтахаби наврасони тоҷик аз футболбозони наврасони Уругвай шикаст хӯрд

Ин аввалин дидори футболбозони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Каспий” буда, рӯзи 29-уми май, дар яке аз варзишгоҳҳои шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор гардида, бо ҳисоби 3:0 ба нафъи футболбозони Уругвай анҷом ёфт.

Ҳар се гол дар нимаи аввали бозӣ ба ҳадаф расонида шуданд. Футболбозони навраси Уругвай дар дақиқаи 4-уми дидор тӯбро ба дарвозаи мунтахаби наврасони тоҷик ворид намуда ҳисобро боз карданд. Инчунин дар дақиқаҳои 24-ум ва 39-уми дидор ба дарвозаи футболбозони наврасони тоҷик ду тӯби дигар ворид карданд.

Мунтахаби наврасони тоҷик рӯзи 30-уми май дар бозии дуюми мусобиқаи мазкур бо футболбозони навраси Ҷопон ба сабқат мебароянд. Ин бозӣ соати 20.00 бо вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо мақоми аввалро касб мекунанд, барои ба даст овардани “Ҷоми Каспий” рақобатро идома медиҳанд.

Тақвими бозиҳои гурӯҳии “Ҷоми Каспий”
Гуруҳи А: Озорбойҷон, ИМА, Қирғизистон.
Гуруҳи B: Булғористон, Грузия, Қазоқистон.
Гуруҳи C: Туркия, Узбакистон, Урдун.
Гуруҳи D: Уругвай, Япония, Тоҷикистон.

Ҳайати наврасони Тоҷикистан оид ба футбол (U-16):
Дарвозабонон: Шаҳром Исмоилов (“Вахш”), Беҳрӯз Хайриев (“Норак”);

Муҳофизатгарон: Муҳаммади Ҳасан, Абубакр Азимов (“Равшан”), Эраҷ Сафаров (“Истиқлол”), Алишер Сафаров (РШВСМ), Фирӯз Ризомов (“Вахш”);

Ниммуҳофизатгарон: Искандар Мамадқулов, Сомон Мавлонов (“Саройкамар”), Сироҷ Гулмамадов (“Нурек”), Худойдод Узуков (“Вахш”), Муҳаммад Шарипов, Сухроб Муминов (РШВСМ);

Ҳамлагарон: Рустам Толибов, Собир Гуляков, Ҳасан Ҳакимов (РШВСМ), Ҳикмат Муллодустов (“Саройкамар”), Кароматилло Саидов (“Вахш”).


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!