Бахшҳо
30 май 2013 11:08Иҷтимоӣ

Ташкилоти ҷамъиятӣ аз пойбандии донорҳои хориҷӣ раҳо мешаванд?

«Чӣ бояд кард? Аввал тифлро ба дунё овард ва баъдан кӣ будани модару сифатҳои ӯро донист ё баракс? Аввал дар худ хусусиятҳои лидер - шахсияти комилро тарбия кард ва баъдан ташкилоти ҷаъмиятии худро созмон дод ё баракс? Ин мисолҳо ба ҳамдигар шабоҳати зиёд доранд. Дар акси ҳол тифли ба дунёомада ё ташкилоти созмондодашуда умри дароз намебинад». Ин нуктаро тренер Фирӯза Султонова зимни нишасти хабарие бахшида ба ҷамъбасти лоиҳаи «Баланд бардоштани иқтидори ташкилотҳои ҷаъмиятии вилояти Хатлон тавассути таҷрибаи Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон» баён дошт.

«Дар деҳоти Тоҷикистон 85%-и тиҷорат бизнеси ҳоҷагидорӣ ба шумор меравад»

Давоми 15-20 соли охир иттиҳодияҳои ҷаъмиятӣ дар асоси дастгирии ташкилотҳои хориҷӣ тариқи пешниҳоди грантҳо таъсис ва фаъолият мекарданд. Грантҳои пешниҳодшуда сабаб шуд, ки роҳбарони қисми зиёди корхонаҳои ҷаъмиятӣ дар андешаи дурнамои рушди худ набошанд. Аммо таҷрибаи се-чор соли охир нишон медиҳад, ки бо далели буҳрони молиявӣ ва коҳиш ёфтани ҳаҷми грантҳо бештари раҳбарони ташкилотҳои ҷаъмиятиро фикри фаъолият кардан ё накардан ранҷ медод. Аз ин рӯ амалӣ шудани лоиҳаи «Баланд бардоштани иқтидори ташкилотҳои ҷаъмиятии вилояти Хатлон тавассути таҷрибаи Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон» айни муддаост. Зеро ба дигарон омӯзондани донишу малакаҳои нав дар самти маълумоти молӣ, фандрайзинг, идора намудани ҳайати ҳамкорон, ҷустуҷӯи шарик ва донорҳои пуриқтидор, масъалаҳои андозсупорӣ ва баҳисобгирӣ, ислоҳоти низоми андоз ва ба монанди инҳо ба рушди созандаи ташкилотҳои ҷаъмиятӣ сабаб мешавад.

Ин паҳлӯи масъаларо ба назар гирифта, дар чорчуби лоиҳа аз моҳи март то моҳи майи соли ҷорӣ 60 роҳбару намояндаҳои ташкилотҳои ғайридавлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз қабили Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Шаҳритуз, Восеъ, Бохтар, Муъминобод ва Ховалинг дар тренингҳои серӯза ширкат карда, донишҳои худро дар самтҳои мухталиф такмил доданд. Матлуба Улҷабоева, раиси Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд лоиҳа кӯтоҳмуддат буда, танҳо се моҳ идома дошт, вале натиҷаи хубе самар овард, «чунки талабот ва хоҳиши нафаронеро ифода мекард, ки лоиҳаи мазкур ба онҳо равона шуда буд».

Дар ҷараёни тренинг ва мастер-классҳо тренерҳои ботаҷриба аз Тоҷикистон ва коршиноси қазоқистонӣ Гулмира Бекетова, сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Ирис» бештар ба рушди сифатҳои шахсии роҳбарони иттиҳояҳо таваҷҷӯҳ намуданд.

Насибахон Аминова, роҳбари лоиҳаи мазкур мегӯяд: «Ҳангоми гузаронидани тренинг таҷрибаи истиқоматкунандаҳои деҳаи Гулизори ноҳияи Восеъ намунаи хуб буд. Онҳо бо воситаи ҳашар ба деҳа об овардаанд, ки аз масъулияти баланди шахсии сокинони деҳа дарак медиҳад. Мисоли мазкур нишон медиҳад, ки ташаббускорӣ дар одамони деҳотнишин зиёд аст. Ин паҳлуро ба назар гирифта, мо дар тренингҳои оянда бештар ба рушди шахсӣ, яъне хусусиятҳои лидерии намояндаҳои ташкилотҳои хусусӣ таваҷҷӯҳ намудем».

Фирӯза Султонова, тренери лоиҳаи мазкур бошад мегӯяд, масъалаи рушди иттиҳоди ҷаъмиятӣ тавассути рушди сифатҳои шахсии роҳбари он иттиҳодия то ин дам дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор нагирифта буд ва ин кори онҳоро ноу –хау гуфтан мумкин аст.

Рӯзноманигор Сурайёи Шуҷоат сектори хусусии минтақаҳоро аз ҷиҳати маълумотнокӣ ва фаъолият қафомонда медонад ва сабабашро дар набудани робита миёни воситаҳои ахбори умум ва минтақаҳо арзёбӣ мекунад. «ВАУ аз бепулӣ намояндаҳояшонро ба минтақаҳо фиристода наметавонанд. Агар тамоми рӯзномаву маҷалла, радиову телевизионҳоро аз назар гузаронед, тақрибан 80%-и ахбори онҳоро Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ фаро гирифтааст», -мегӯяд ӯ.

Мавриди тазаккур аст, ки лоиҳаи «Баланд бардоштани иқтидори ташкилотҳои ҷаъмиятии вилояти Хатлон тавассути таҷрибаи Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон» аз ҷониби ташкилоти ғайридавлативу хайриявии OXFAM маблағгузорӣ шудааст. Гази Ал Келони, директори OXFAM дар Тоҷикистон мегӯяд, барои рушди ташкилотҳои ҷаъмиятӣ фазои хуби маблағгузориро ба миён овардан лозим аст, хусусан барои сектори хусусие, ки дар минтақаҳо амал мекунад. «Дар деҳоти Тоҷикистон 85%-и тиҷорат танҳо бизнеси ҳоҷагидорӣ ба шумор меравад. 15%-и боқимондаро дигар намуди тиҷорат ташкил медиҳад, ки ба бизнеси ҳоҷагидорӣ кӯмак мерасонад. Барои ҳамин бояд ҷиҳати мукаммал кардани донишҳои роҳбарон ва намояндаҳои иттиҳодияҳои ҷаъмиятии минтақаҳо ва ба сатҳи устувори мустақили рушд баромадани онҳо саҳм гузорем»,- мегӯяд ҷаноби Келони.

Матлуба Улҷабоева: Бисёр ташкилотҳои ҷаъмиятӣ аз грант то грант фаъолият мекунанд

Ташкилотҳои ҷаъмиятӣ аз маблағгузорӣ вобастаанд, ки аз ҳеҷ кас пӯшида нест. Вале айни замон баробари ба майдони рақобат баромадан фаъолони онҳо маҷбуранд, то иқдидори ботинии худро тариқи омӯзонидани ҳайати коргарон, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо, ҷалб сохтани манбаҳои нави маблағгузорӣ такмил диҳанд. Роҳбарони ин гуна ташкилотҳои ғайридавлатӣ бар иловаи ҷалби донорҳо дигар манбаҳои молиро ҳам сарфи назар намекунанд ва барои рушд талош меварзанд. Дар баробари ин табиати донорҳоро дониста, аллакай тавонистаанд ба роҳи нави ташаккул гузаранд ва дар асоси базаи ташкилоти худ расонидани хизматрасониҳо (маслиҳатӣ - машваратӣ, техникӣ)-ро оғоз намудаанд.

Матлуба Улҷабоева, райиси Ассосиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон дар ин маврид чунин мегӯяд: «Бисёр ташкилотҳои ҷаъмиятӣ аз грант то грант фаъолият мекунанд. Ин айб аст. Вале ташкилотҳое мавҷуданд, ки дар назди худ созмонҳои хурдеро ташкил карданд ва аз он кӯмак мегиранд. Аз ҳисоби аъзои ташкилоташон мисли ассотсиатсияи мо ва ё ташкилотҳои ғайридавлатие, ки фаъолияти қарздиҳиро амалӣ мекарданду баъди баромадани қонун онҳо ҷудо шуданд, як миқдори муайяни маблағро ба ташкилоте, ки онро ба миён овардааст, ҷудо менамояд».

Намунаи дигари баромадан аз ин кӯчаи сарбастаи молӣ бинобар кам шудани шумораи донорҳои байналмилалӣ ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо давлат шуда метавонад. Махфӣ нест, ки мақомоти давлатӣ баъзан ба пуррагӣ аз уҳдаи иҷрои барномаҳои иҷтимоии аҳмияташон умумиҷумурӣ дар самти тандурустӣ ва маориф, ки ҳукумат бар души онҳо гузоштааст, намебароянд. Сифати амалӣ шудани барномаҳои давлатӣ заиф мегардад, дар натиҷа самтҳои ҷомеа дар ҳолати таассуфовар боқӣ мемонанд.

Дар анҷоми нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки барои пайдо кардани роҳҳои алтернативии рушди ташкилотҳои ҷаъмиятӣ мешавад аз таҷрибаи Қазоқистон кор гирифт, гарчанде дар он ҳам камбудиҳо мавҷуд аст. Ҷумҳурии Қазоқистон соли 2005 қонун «Дар бораи супориши давлатӣ барои иттиҳодияҳои ҷаъмиятӣ»-ро қабул кард. Дар асоси ин қонун ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар доираи тендери давлатӣ вазифаеро амалӣ месозанд, ки давлат иҷро карда наметавонад. Ин ҳамон ҳамкории давлату сохтори хусусие мебошад, ки кишвари мо кӯшиши ворид кардан дорад. Барои Тоҷикистон ин идеяи хуб аст. Бо истифода аз маблағҳои буҷаи давлатӣ ба маблағҳои донорҳои хориҷӣ алтернатива ба миён меояд. Масалан мактабҳо нақшаи омӯзиш доранд, ки на ҳама иҷро карда метавонанд.

Ташкилотҳои ғайридавлатӣ давоми 20 соли охир тавонистаанд, дар бахши маориф таҷрибаи ғание андӯзанд ва метавонанд ба мактабҳо ва боғчаҳои кӯдакона барои тарбияи насли оянда саҳми худро гузоранд. Инчунин Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон барои амалӣ намудани барномаҳои самтҳояшон гуногун грантҳои хурдеро ҷудо менамояд ва ташкилотҳои ҷаъмиятӣ метавонанд бо ин мақомоти давлатӣ дар пиёда кардани лоиҳаҳои хурд ҳамкорӣ намоянд.

Марҷонаи АБДУЛЛО

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)