Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 08:57

АРДАШЕР ҚОДИРӢ

30 май 2013, 13:56

Ардашер Қодирӣ дар оғози моҳи майи соли 2013 сафири Тоҷикистон дар Қатар таъин шудааст.

Ӯ моҳи сентябри сол 1969 дар Тоҷикистон ба дунё омада, факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллӣ ва Академияи хоҷагии халқи назди Ҳукумати Русияро хат намудааст.

Аз соли 1992 то соли 2006 дар кишварҳои араб кор кардааст. Аз соли 2006 ба Вазорати корҳои умури хориҷӣ ба вазифаи котиби сеюми Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқо ба кор қабул карда шуд. Соли 2007 сардори Раёсати хизматрасонии дипломатии Вазорати умури хориҷӣ таъин гардид.

Худи ҳамон сол ҳамчун Директори генералии КВД “Тоҷдипсервис” кори худро идома бахшид. Аз соли 2011 чун Сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корҳои хориҷӣ ифои вазифа намудааст.

Аз 3-юми майи соли 2013 бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон сафири ин кишвар дар Қатар таъин гардидааст. Рутбаи дипломатии Мушовири дараҷаи II-ро дорад.

Ба забонҳои арабӣ, форсӣ, русӣ ва англисӣ озод ҳарф мезанад. Оиладор, соҳиби се фарзанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • hoji

  • 30 май 2013 15:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Таъиноти хуб , саривакти ва арзанда. Бурдбори ва сарбаландиатро мехохем.
Посух додан
  • Шогрд

  • 1 июн 2013 08:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо хамеша дуогуи Устод ва пайрави содики эшон хастем! Худованд сафи чунин абармардонро афзун гардонад!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо таъини Ардашер барин бародарон ба махалчи будани Хукуматиён бовар надорам,зеро онхо арзандаанд.бобои Ардашер ба Шумо ва Шумобаринхо муваффакият мехохам
Посух додан
  • Sarvar

  • 6 июн 2013 21:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин писари ки бошад е чияни ки??
Посух додан
  • дИЛ

  • 9 июн 2013 20:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ПАС АЗ ТАЪЙИН ШУДАНИ ОГОИ АРДАШЕР БА ВАЗИФАИ САФИРИ ДАВЛАТИ КАТАР УМЕДИ МО БА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ КИШВАР КАВИТАР ГАШТ,ЧУНКИ ИН МАРДИ ХИРАД АРЗАНДА АСТ.
Посух додан
  • Чиян

  • 10 июн 2013 13:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Sarvar,
Шахсест, ки бо аклу хиради худ ба ин маком расид
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Bale, meshinosem. Aqai 'Ardasher, barodari azizi mo hastand! Mo baroyashon muvafakkiyathoi bepoen orzumandem!
Посух додан
  • МУХЛИСИ ШУМО

  • 13 июн 2013 15:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МАН НИЗ БО БОВАРИИ КОМИЛ ГУФТА МЕТАВОНАМ КИ ДАР ХАКИКАТ МАХАЛЧИГИ НАКАРДААНД ИН АРЗАНДАТАРИН НОМЗАД ХАСТ МО БОВАРИ ДОРЕМ.БА ШУМО БУРДБОРИ ВА БАРОР ХОХОНАМ АРДАШЕР КОДИРИ!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!