Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:41

Намоишгоҳ: 20 x 20 ва дурии роҳ

14 июл 2011, 05:53

Бо ширкати тоҷикистонӣ шартнома бастем ва ҳатто 20% таҷҳизотҳои лозимаи корхонаро ворид кардем, вале мутаасифона ҷониби Тоҷикистон натавонист ўҳдадориҳояшро иҷро намояд. Молу коло ҳанӯз ҳам дар анбор хобанд.



Дар маҷмааи мавсум ба «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе  ярмарка-намоишгоҳи  «Молҳои содиротии ноҳияи Синтсзияну Ўйғури Чин-Тоҷикистон 2011» шурӯъ гардида, алъон идома дорад. Тибқи иттилои Утоқи Бозаргонии Тоҷикистон гуфтушунид миёни ҷонибҳо дар хусуси бастани созишномаҳо идома дорад. Соли гузашта дар ҳаҷми 145 миллион доллар созишнома миёни ин ду ҷониб дар яке аз намоишгоҳҳо ба имзо расида буд. Чанд тан аз коршиносон дар сўҳбат ба хабаргузории Озодагон ташкили чунин ярмарка - намоишгоҳҳо ва дар ин росто имзои созишномаҳоро бо мақсади ҳамкорӣ намудан  хуб унвон карданд, вале ҷиҳати амалӣ нагаштани иддае аз созишномаҳоро нигаронкунанда арзёбӣ намуданд.
Саид Шариф, раиси Палатаи Савдо ва саноати Тоҷикистон сабаби амалӣ нагаштани бархе аз созишномаҳоро, ки зимни баргузории намоишгоҳҳо ба имзо мерасанд, ба дурии  кишварҳои хориҷа ва таъсири бўҳрони иқтисодӣ, яъне тағйир ёфтани вазъияти иқтисодии кишвар рабт дод. Вале ҷаноби Саид Шариф дар робита ба ин ба саволи хабарнигорон дар нишасти ахираш посухи дақиқ надод,  ки то ҳол адади созишномаҳои амалӣ нашуда, ки ба имзо расидаанд ба чанд расидааст. Номбурда ташкили намоишгоҳҳро дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи иқтисодӣ номид ва қайд кард, ки дар оянда дар Тоҷикистон бояд намоишгоҳҳои соҳавӣ ба роҳ монда шавад. Ў мегўяд, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додааст, ки гузаронидани ҳар гуна намоишгоҳҳо ба рушди иқтисодиёт манфиатовар аст: « Бинобар ин мо имсол зиёда аз 10 намоишгоҳҳо дар якҷоягӣ бо ширкатҳои хориҷӣ гузаронидем ва барои 20 -солагии истиқлолият тасмим гирифтаем, ки  имсол 20- намоишгоҳ баргузор намоем».  Дар ҳамин ҳол Табаралӣ Ғаниев, доктори илмҳои иқтисодӣ иллати амалӣ нагаштани созишномаҳои баимзорасидаро дар нокифоя будани фарҳанги менеҷменти корхонаҳо ва шароит надоштани соҳибкорони Тоҷикистон унвон намуд:
- Мутаасифона имрўз сатҳи фарҳанги менеҷменти корхонаҳои мо ба корхонаҳои хориҷа баробар нест, бинобар ин дар баробари онҳо дар ин самт, яъне иҷроиши  созишномаҳо баромад карда наметавонанд. Барои ҳалли ин масъала пеш аз ҳама муносибати дурусти мудирият дар ҷараёни иҷроиши шартномаву созишномаҳо лозим. Бубинед, феълан аз ин гуна  намоишгоҳҳо он судоварие, ки  рушди босуботи иқтисодёти имрўзаи Тоҷикистонро таъмин кунад, мо надорем, ки ин нигаронкунанда аст.

Баҳонаи дурӯғ
Ясин Ниёз, мудири кулли ширкати чинии савдои беруна, «Яшин Интернешнл»  дар робита ба ин мавзўъ гуфт, ҷониби онҳо барои роҳандозии истеҳсолот таваҷҷўҳи хеле зиёд карда истодаанд, вале  Тоҷикистон аз сабаби доштани мушкили молӣ наметавонанд, ўҳдадориҳои дар доираи созишномаҳо ба ўҳда гирифтаашонро амалӣ намоянд. Ҷаноби Ясин Ниёз барои исботи гуфтаҳояш далел оварда мегӯяд,  «Мо бо як ширкати тоҷикистонӣ шартнома бастем ва ҳатто 20% таҷҳизотҳои лозимаи корхонаро ворид кардем, вале мутаасифона ҷониби Тоҷикистон натавонист ўҳдадориҳояшро иҷро намояд, ки ҳанўз ҳам таҷҳизотҳо дар анбор хобанд». Исмоил Талбаков, коршиноси масоили иқтисодӣ, роҳандозӣ нагардидани шартномаю созишномаҳоро дар дақиқ муайян накардани ўҳдадориҳои ҷонибҳо аз нигоҳи ҳуққуқӣ зимни бастани созишномаҳо арзёбӣ намуд:   «Кадом ҷонибе, ки ўҳдадорияшро баъди бастани созишномаҳо иҷро намекунад, бояд ба ҷавобгарии судӣ кашида шаванд. Зеро чанд моддае ҳаст, ки ҷиҳати бастани созишномаҳо ўҳдадориҳои ҷонибҳоро ба танзим медарорад. Набудани чунин омил боиси он мешавад, ки созишномаҳо иҷро намегарданд. Дурии кишварҳо ин як баҳонае беш чизе нест. Барои муаррифӣ намудан ва баровардани молу колои кишвар ташкили чунин намоишгоҳҳо хеле хуб аст, аммо бубинед, ки феълан мо нисбати содирот воридотамон аз дигар кишварҳо чӣ қадар зиёд аст, ки ин мутаасифона нигаронкунанда аст».
Бо вуҷуди он ки масуълини палатаи савдо ва саноати кишвар теъдоди ярмаркаву намоишгоҳҳои тиҷоратиро ба хотири рушди иқтисодиёти кишвар афзоиш дода истодаанд, вале иддае аз коршиносон мегӯянд дар баробари ин ҷиҳати татбиқи созишномаҳои ҷонибҳо бояд таваҷҷўҳи бештар дода шавад. Назорат аз болои иҷрои чунин созишномаҳоро коршиносон дар мадди аввал гузошта, қайд мекунанд, ки агар он шартномаву созишномаҳои ҳамкорӣ, ки имзо мешаванд, пурра амалӣ шаванд, бе шубҳа  ба рушди иқтисодиёти кишвар манфиати зиёдеро ба думбол хоҳанд дошт.
Алишер Зарифӣ
{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!