Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:06

Саволҳои Раҳматулло Зоиров ба мақомоти амниятии Тоҷикистон

30 май 2013, 16:24

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон, имрӯз, 30-юми май, бо пахши як изҳорот чанд суолро ба мақомоти амниятии кишвар ироа кардааст.

Зоиров аз ҷумла пурсидааст, ки “Сохторҳои амниятии Тоҷикистон, шумо манфиати киро ҳимоя мекунед? Дар паҳлӯи кӣ ҳастед? Шумо амният ва манфиати киро ҳимоя мекунед? Манфиат ва амнияти шаҳрвандони одии Тоҷикистон оё дар салоҳияти кории Шумо аст?”

Зоиров менависад, ки “Ба тозагӣ ба шабакаи Фейсбук ворид шуда, паёмаки Аслӣ Манзаршоеваро хондам, ки аз таҳдид ба унвонии Мавҷуда Соҳибназарова, узви гуруҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав” ва наздиконаш хабар медиҳад.”

Ба гуфтаи Раҳматилло Зоиров дар Тоҷикистон таҳдидҳо ба унвонии шахсони фаъол ба як анъана табдил ёфта, рӯзафзунанд: «Бояд ҳамаи таҳдидҳои телефонӣ ба унвонии Шокирҷон Ҳакимов, таҳдид ва латукӯби Маҳмадалӣ Ҳайит, таҳдид, латукуб то гурезондан ба унвонии Салимбой Шамсидддинов, таҳдид ва инчунин дар шаҳри Краснодар дастгир кардани Равшан Муталибов, таҳдид ва ба зиндон шинондан ва боз кардани парванда нисбати Зайд Саидов ва инчунин дигар таҳдидҳоро бояд ба ёд биёрем.”

Дар ҳамин ҳол раиси ҲСДТ суол мегузорад, ки “чаро Хадамоти амниятии Тоҷикистон алайҳи ингуна таҳдидҳои бешармона чора намеандешанд? Агар дар баробари ин амалҳои таҳдидовар мақомоти мо чора наандешанду роҳи ҳалли онро ба зудӣ пайдо накунанд, фаҳмида мешавад, ки онҳо намехоханд аз ин амалҳо ҷилавгирӣ кунанд ва боз суоле ба миён меояд, ки барои чи?»

Зоиров зикр кардааст, ки “таҳдидҳо ба унвонии Мавҷуда Соҳибназарова рӯзи 25-уми майи соли ҷорӣ, рӯзе, ки ӯ дар кори Конфронси таъсиси Иттиҳод барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ширкат намуд ва худи ҳамон рӯз Кумитаи ҷамъиятии ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов таъсис гардид, ки ба ҳайати он Мавҷуда низ дохил шуд.” Зоиров изҳори боварӣ намудааст, ки ин тасодуфӣ нест.

Қаблан Зоиров бо пахши як изҳорот аз афзоиши фишор болои фаъолони ҷамъиятӣ, аз ҷумла аъзои Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки чанде қабл таъсис ёфта буд, изҳори нигаронӣ намуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!