Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:41

Қазоқистон дар рейтинги рақобатпазирӣ ду зина пойин фуромадааст

30 май 2013, 17:00

Қазоқистон дар рейтинги рақобатпазирӣ, ки Institute of Management Development (IMD)-и Швейсария ҳамасола таҳия мекунад, аз зинаи 32 ба 34-ум фуромадааст.

Аз ҳамсояҳои Қазоқистон дар ИДМ танҳо Русия ва Украина шомили рейтинганд. Русия мавқеашро дар қиёс ба соли сипаришуда шаш зина устувор намуда, ҷои 42-умро касб кардааст. Украина бошад, аз зинаи 56 ба 49-ум «куч» бастааст.

Сегонаи аввали рейтингро ИМА, Швейтсария ва Гонконг ба худ ихтисос додаанд. Амрико дар рейтинги соли 2012 дар мақоми дуюм буд.

Шветсия ва Сингапур таносубан дар ҷойҳои чор ва панҷуманд.

Дар феҳрасти имсола нишондиҳандаи Ҷопон низ мусбат будааст. Ин кишвар аз мақоми 27-уми соли сипаришуда ба зинаи 24-ум расидааст. Олмон ҷойи нуҳум ва Бритониёи Кабир ҷои 18-умро ҳифз кардаанд.

Фаронса ба як зина нишондодашро беҳтар карда, ҷои 28-умро муаррифӣ мекунад.

IMD рейтинги рақобатпазириро аз соли 1989 ба ин су ҳамасола нашр мекунад. Пажуҳишгарон вазъи 60 кишварро аз рӯи 329 нишондод, назири ҳолати иқтисодӣ, муассир будани идорасозӣ, имконияти давлат барои рақобатпазирӣ ва шароити хуб барои тиҷорат баррасӣ мекунанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!