Бахшҳо
30 май 2013 17:24Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Сигоркашии занони тоҷик: Аз ҳавою ҳавас, асабоният ё мушкилот?

Нилуфари КАРИМ

Агар даҳ сол қабл сигоркашии бархе аз занону духтарон дар Тоҷикистон одамонро ба тааҷҷуб меовард, ҳоло ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.

Мо Надежда Сиярова, як сокини пойтахтро дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе дидем, ки бепарвоёна сигор мекашид. Ӯ дар сӯҳбат бо мо гуфт, ҳудуди се сол аст, ки ба сигоркашӣ рӯ овардаву далелаш ҳам “мушкили оилавӣ ва асабоният” аст.

Надежда нақл кард, ки ҳангоме аз шавҳари худ ҷудо шуду бо як кӯдак танҳо монд, ба сигор рӯ овард ва то кунун пойбандаш аст. “Бештар вақтҳои асабоният ва ҳаяҷони зиёд сигор мекашам ва он бароям эҳсоси оромӣ мебахшад”,-афзуд ӯ. Мусоҳиби мо мегӯяд, сигорҳои ба истилоҳ занона мекашад, ки андоза ва таъми он аз сигорҳои дигар фарқ доранд. Ӯ борҳо талош кардааст, то аз ин одат даст бикашад, “аммо мушкили як зани танҳо ва асабонияту эҳсосоти зиёд маҷбур мекунад, барои оромиш боз ба сигору дуди он рӯ орам”.

Таҳмина Давлатова, мутахассиси пешбари Маркази худшиносии бонувон дар Душанбе, бештар ба дастгирии равонии занон машғул аст. Ӯ мегӯяд, ба маркази онҳо бештар занону духтароне муроҷиат мекунанд, ки мушкилоти вазнини оилавӣ ва ё баҳси молу мулкии вобаста ба он доранд.

“Бештар заноне, ки ба шароб, сигор ва маводи мухаддир рӯ меоранд, дар ҳаёт сахт шикаст хӯрдаанд ва аз ҷониби наздикон дастгирии зарурӣ намебинанд. Дар баробари мушкилоти шахсӣ мушкилоти иҷтимоӣ ҳамчун табъизи занони ҷудошуда онҳоро бештар ба мушкилоти равонӣ мувоҷеҳ менамояд”,-гуфт ӯ.

Ин масъули маркази худшиносии бонувон дар Душанбе аз таҷрубаи кории худ гуфт, сигоркашӣ як одат ё боварии шахси дармонда ба ҳалли мушкилот аст: “Ба заноне, ки ба чунин одат ба маркази мо муроҷиат мекунанд, маслиҳат медиҳам аз ин амал даст кашанд ва маблағе, ки барои ин мавод сарф мекунанд, барои беҳбуди ҳаёти худ харҷ намоянд.”

Аммо дар миёни занону духтарони тоҷик онҳое ҳам будаанд, ки натанҳо аз рӯи мушкил, балки аз рӯи ҳавою ҳавас ба кашидани сигор рӯ овардаанд. Гулчеҳра, як ҳамсӯҳбати ҷавони мо мегӯяд, атрофиёнаш ҳама сигор мекашиданд ва ӯ ҳам хостааст, ин корро таҷруба кунад. “Ин танҳо як ҳавас буд. Рӯзе хостам, фаҳмам, ки кайфияти сигор чигуна аст ва ба чӣ хотир дӯстонам сигор мекашанд. Ҳамин тариқ, сигор кашидаму дигар аз он даст кашида натавонистам”,-афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли Ҳалима Аҳмадова, мудири шӯъбаи бемориҳои шуши бемористони Қарияи Боло, зиёни сигор ба вазъи саломатии занону духтарон назар ба мардон бештар аст. Ба қавли ӯ, агар мардҳо 2-3 сол сигор кашанду партофтанашон осон шавад, занҳо ин марҳиларо хеле ба сахтӣ пушти сар хоҳанд кард. Ҳамон тавре ки бархе аз ҳамсӯҳбатони мо ба ин мушкил рӯбарӯянд.

Илова ба ин, мегӯяд Аҳмадова, “мабодо зан ҳомила бошад, таъсири он бештар ба кӯдак мерасад. Ҳамон кӯдаке, ки аз модари сигоркаш таввалуд мешавад, ба ягон норасоӣ аз ҷумла норасоии ягон узви бадан, иммунитети паст таввалуд мешавад. Бештар сигоркашӣ ба бемориҳои бронхит гирифтор мекунад. Бронхит ба илтиҳоби музмини роҳҳои нафас оварда мерасонад, ки бештар сулфа мекунанд.”

Бо ин ҳама, ҷомеаи Тоҷикистон суннатист ва кашидани сигор аз сӯи занон кори қобили қабул шуморида намешавад. Аммо ба далели ин ки Тоҷикистон аз рӯи Қонуни асосияш кишвари дунявист, сигоркашии бархе аз занону духтарони тоҷик ба мухолифатҳои шадид рӯбарӯ нашудааст.
Мӯҳр
ЗАФР КУРБОНОВ
МАСЧИДХОРО БАНДЕД. ФАТВОХОИ ГАРИАРЪИ КИ ЗАНОНРО МАНЪ МЕКУНАД А МАСЧИД РАФТАНАШРО БАРОРЕД. 10 СОЛ БАЪД ЧОЕМА ЯК МОДАРИ СОЛИМ ЗАНИ СОЛИМ ДУХТАРИ СОЛИМ Е ХОХАРИ ССОИМ ДОШТАНРО АЗ ЕД МЕБАРОРАД, ИНШОАЛЛОХ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)